IQNA

Интихоби «Усмон Тоҳо» ба унвони чеҳраи қуръонии сол дар Карбало + акс

16:15 - February 26, 2024
рақами хабар: 1134
Остони муқаддаси Ҳусайнӣ «Усмон Тоҳо», хушнависи машҳурро ба унвони чеҳраи қуръонии имсол интихоб ва ба ӯ нишони ифтихор эҳдо кард. 

Ба гузориши пойгоҳ иттилоърсонии остони муқаддаси Ҳусайнӣ, ройзании умури қуръонии остони муқаддаси Ҳусайнӣ (а) дар ростои барномаҳои рӯзи ҷаҳони Қуръони Карим, хушнависи машҳури Қуръони Карим, Усмон Тоҳоро ба унвони чеҳраи қуръонии имсол баргузид.

Шайх Ҳасан Ал-Мансурӣ, мушовири дабири кулли остони Ҳусайни дар умури қуръонӣ гуфт: дар идомаи рӯйкарди таҷлил аз соҳибони таҷриба ва тахассус дар арсаи хидмат ба Қуръони Карим, ройзании умури қуръонии остони муқаддаси Ҳусайнӣ (а) барои севумин соли мутаволӣ дар барномаи интихоби шахсияти соли қуръонӣ, доктор Усмон Тоҳои (90 сола), хушнависи маъруфро, ки дар тӯли чанд даҳа талошҳои бисёре дар заминаи китобати Қуръони Карим анҷом дода ва нусхаи хаттии Қуръони ӯ дар миёни садҳо миллион мусулмон дар саросари ҷаҳон даст ба даст мешавад, ба унвони чеҳраи қуръонии имсол муаррифӣ кардааст. 

Ал-Мансурӣ афзуд: хабари интихоби ин шахсият ба ҳангоми дидор бо ин хушнавис дар иқоматгоҳи ишон дар Мадинаи Мунаввара ба вай эълом шуд ва бо эҳдои нишони ифтихоре, ки остони Ҳусайнӣ (а) дар маросими бузургдошти рӯиз ҷаҳонии Қуръони Карим ба Қуръонпажӯҳони барҷаста тақдим мекунад аз ишон таҷлил шуд.

Усмон Тоҳо, хушнавис низ бо ташаккур аз дастандаркороне, ки дар интихоби вай ба унвони чеҳраи қуръонии сол, нақш доштанд, ибрози тамоюл кард, ки дар сурати беҳбуди вазъияти саломатии худ ба Ироқ сафар кунад. Вай ҳамчунин таъсири мусбати хушнависии Ҳошим Ал-Бағдодӣ, устоди хушнависи фақиди ироқиро сутуд. 

Гуфтнӣ аст остони муқаддаси Ҳусайнӣ (а) соли гузашта доктор «Фозил Ас-Сомроӣ»-ро ба поси заҳамоти донишгоҳӣ дар ҳавзаи пажӯҳиши илмии Қуръони Карим ба унвони чеҳраи сол баргузид.

https://iqna.ir/fa/news/4201708

captcha