Номи нуздаҳумин сураи Қуръон, “Марям” аст, ки 98 оят дорад ва дар ҷузъи шонздаҳум қарор гирифтааст. Ин сура, ки макӣ аст дар тартиби нузул, чиҳилу чаҳорумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.
Пардохтан ба достони зиндагии ҳазрати Марям(с) дар оёти 16 то 27 ва 34 далели номгузории ин сура ба номи “Марям” аст.
Сураи Марям дорои ду вижагӣ аст: нахуст инки ба ҳангоми баёни достони Паёмбарони бузург ва достони Марям аз вожаи “اُذْکُر” ба маънои фармон ба ёдоварӣ ва ёдкарди истифода кардааст ва дувум инки вожаи “Раҳмон” аз сифоти Худованд 16 бор дар ин сура ба кор рафта то ба гуфтаи бархе раҳмат ва меҳри густурдаи Худовандро нисбат ба ҳамаи падидаҳо ва мавҷудот ба вижа Паёмбарон ва мӯъминон нишон диҳад.
Аллома Таботабоӣ дар тафсири Алмизон, паёми аслии ин сураро башорат ва инзор дониста, ки дар қолаби достонҳои Паёмбарон баён шудааст. Ҳамчунин ин сура мардумро ба се гурӯҳ тақсим кардааст: гурӯҳе, ки машмули неъмати илоҳиянд, ки шомили Паёмбарон ва баргузидагон ва ҳидоят ёфтагон ҳастанд; Тавба кунандагон ва мӯъминоне, ки аҳли амали солеҳанд, ки инон ба гурӯҳи аввал изофа мешаванд ва гурӯҳи севум гумроҳон ва ҳамнишинони шаётин.
Муҳиммтарин бахши сура пардохтан ба саргузашти Закариё, Марям, Масеҳ, Яҳё, Иброҳим ва фарзандаш Исмоил, Идрис ва баъзе дигар аз Паёмбарони илоҳӣ аст.
Бахши нахусти ин сура ишора ба достони Закариё дорад, ки бо ривояти Инҷили масеҳии Луқо мунтабиқ аст. Дар ин сура ҳамчунин ба мавзӯъи бордор шудани ҳазрати Марям(р) ва ба дунё омадани Исо ва сухан гуфтани эшон дар гаҳвора ишора мекунад ва сидқ ва ихлоси эшонро ба унвони Анбиёи илоҳӣ меситояд.
Марям модари Исо(а) яке аз бонувони хушном ва мавриди эҳтиром дар миёни мусулмонон аст. Худованд Марямро пок қарор дод ва ӯро бар тамоми занони олам баргузид. Дурустӣ ва покизагии Марям(с)-ро Исо (а) дар гаҳвора таъйид кард: قَالَ إِنِّي عَبْدُ اللَّهِ آتَانِيَ الْكِتَابَ وَجَعَلَنِي نَبِيًّا؛ وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيْنَ مَا كُنْتُ وَأَوْصَانِي بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ مَا دُمْتُ حَيًّا؛ وَبَرًّا بِوَالِدَتِي وَلَمْ يَجْعَلْنِي جَبَّارًا شَقِيًّا؛ وَالسَّلَامُ عَلَيَّ يَوْمَ وُلِدْتُ وَيَوْمَ أَمُوتُ وَيَوْمَ أُبْعَثُ حَيًّا: “Куфт манам бандаи Худо ба ман китоб дода ва маро Паёмбар қарор додааст; Ва ҳар ҷо, ки бошам маро бо баракат сохта ва то зиндаам ба намоз ва закот сифориш кардааст; Ва маро нисбат ба модарам некӯкор карда ва зӯргӯ ва нофармонам нагардондааст; Ва дуруд бар ман рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавам” (Марям/ 30 то 33).
Калидвожаҳо: 114, сураҳои Қуръон, сураи Марям, Марям дар Қуръон, Марям дар Ислом, Паёмбарони илоҳӣ, мӯъҷизоти Исо.