IQNA

Волии Хуросони Разавӣ:

Машҳад барои мизбонии 10 миллион зоир дар маросими ташйеи раҳбари шаҳид омода аст

10:08 - June 15, 2026
рақами хабар: 4727
Ғуломҳусайн Музаффарӣ бо ишора ба оғози барномарезиҳои густурда барои баргузории маросими ташйеъ ва тадфини раҳбари шаҳид дар Машҳад, аз омодагии комили вилоят барои мизбонии ҷамъияти миллионнафарии зоирон хабар дод ва гуфт: ҳамаи имкониятҳои иҷроӣ, хизматрасонӣ, амниятӣ ва мардумии Хуросони Разавӣ барои баргузории бошукӯҳи ин маросим ба кор гирифта хоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории «икно» аз Хуросони Разавӣ, Ғуломҳусайн Музаффарӣ, волии Хуросони Разавӣ, дар нишасти хабарӣ бо намояндагони расонаҳо, ки рӯзи, 22-юми хурдод, дар маҷмааи фарҳангии Тӯс ва оромгоҳи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ баргузор шуд, бо ишора ба тадбирҳои пешбинишуда барои баргузории маросими ташйеъ ва тадфини раҳбари шаҳид изҳор дошт: Аз замони эълони маҳалли тадфин, ҷаласаҳои сершумори ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи вилоят оғоз гардида, ниҳодҳои гуногуни иҷроӣ, хизматрасонӣ, имдодӣ, интизомӣ ва амниятӣ барои фароҳам овардани шароити лозим ҷиҳати мизбонии зоирон ва иштироккунандагони ин маросим дар ҳоли омодагӣ ҳастанд.

Вай бо баёни он ки пешбинӣ мешавад аз 8 то 10 миллион нафар дар ин маросим ҳузур пайдо кунанд, афзуд: Идоракунии чунин ҳаҷми бузурги ҷамъият ниёзманди барномарезии дақиқ дар бахшҳои нақлиёт, ҷойгиркунӣ, хизматрасониҳои шаҳрӣ, беҳдошт, табобат, имдод ва амният мебошад ва ба ҳамин хотир ҷаласаҳои тахассусии сершуморе дар сатҳи вилоят ва кишвар баргузор шудаанд.

Волии Хуросони Разавӣ бо таъкид бар таҷрибаи вилоят дар мизбонии ҷамъомадҳои бузурги миллӣ ва мазҳабӣ гуфт: Машҳад дар даҳсолаҳои гузашта борҳо мизбони рӯйдодҳои густурдаи миллӣ будааст ва дорои имкониятҳои назарраси мардумӣ ва иҷроӣ барои идоракунии чунин маросимҳо мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамоҳангиҳои зарурӣ бо ниҳодҳои миллӣ низ дар ҳоли анҷом аст, то хизматрасонӣ ба зоирон бо камтарин мушкил сурат гирад.

Музаффарӣ бо ишора ба ҷойгоҳи фарҳангии Хуросони Разавӣ таъкид кард: Ин вилоят танҳо як макони зиёратӣ нест, балки яке аз муҳимтарин марказҳои тамаддунӣ ва фарҳангии Эрон ба шумор меравад. Хуросон сарзамини Фирдавсӣ, Аттор, Хайём ва даҳҳо чеҳраи таъсиргузор дар арсаҳои фарҳанг, адаб, ҳикмат ва ирфон аст ва ҳамин пешинаи таърихӣ масъулияти мудиронро дар ҳифз ва таҳкими ҷойгоҳи фарҳангии вилоят дучанд мекунад.

Музаффарӣ дар поён гуфт: Баргузории маросими ташйеи раҳбари шаҳид фурсате барои намоиши ҳамбастагии миллӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва тавони иҷроии Хуросони Разавӣ хоҳад буд ва ҳамаи ниҳодҳо талош мекунанд, ки ин маросим дар шаъни мардуми Эрон ва зоирони боргоҳи мунаввари Разавӣ баргузор гардад. Ин рӯйдод дар канори ҷанбаҳои маънавии худ метавонад ҷилвае аз имкониятҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва мудириятии вилоятро низ ба намоиш гузорад.

4357785

captcha