Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ раҳбари Олии Инқилоби Исломӣ дар паёме ба муносибати оғоз ба кори шашумин давраи маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ, ин маҷлисро мазҳари мардумсолории исломӣ хонданд ва бо ишора ба тадбири ҳушмандонаи маърифати қуръонӣ ва исломӣ дар ҳамҷиҳат сохтани «шариат ва ақлоният» ва «ғайб ва шуҳуд», аз виҷдонҳои бедори саросари ҷаҳон даъват карданд зимни таваҷҷуҳ ба воқеиятҳои талхи низомоти динситез ё дингурез, дар тарҳи ҷомеъ ва устувор ва гиреҳгушо ва ҳамчунин ҷаззоб ва шигифтовари ҳукмронии исломӣ тааммул кунанд.
Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, дар ин паём ҳамчунин ёди раисҷумҳури фақид ва азиз ва ҳамчунин имоми ҷумъаи муаззази Табрезро гиромӣ доштанд.
Матни паёми Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон ба ин шарҳ аст:
بسم الله الرحمن الرحیم
والحمدلله رب العالمین والصلاة والسلام علی سیّدنا محمدٍ المصطفی و آله الطیبین و صحبه المنتجبین و مَن تبعهم باحسانٍ الی
Худованди азиз ва ҳакимро сипос, ки тавфиқи ташкили шашумин давраи маҷлиси Хубрагони раҳбариро ба миллати бузурги Эрон арзонӣ дошт. Ин маҷлис яке аз пояҳои аслиии низоми исломии мардумсолор аст, ки дар фосилаҳои замонии муайян ба дасти тавонои миллат, истеҳком меёбад, ва саломат ва истимрори низомро тазмин мекунад. Аъзои мӯҳтарам ва мунтахаби ин маҷлис, бо машияти илоҳӣ ва бо ҳиммати мардум, ин фурсатро ёфтаанд, ки яке аз бартарин нақшҳоро дар истеҳкоми занҷираи пӯлодини раҳбарии низом бар ӯҳда бигиранд, ва сазовор аст ба хотири ин неъмат, сипосгузори Худованд ва қадрдони мардум бошанд.
Маҷлиси Хубрагон мазҳари мардумсолории исломӣ аст. Гузиниши раҳбар бар тибқи меъёрҳои исломӣ бар ӯҳдаи ин маҷлис аст, ки худ, мунтахаб ва баргузидаи мардум аст. Меъёрҳои исломӣ аст ва гузиниш, мардумӣ. Ин равшантарин нишона ва муаррифии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Дар низоми исломӣ, ҳукмронӣ, башарӣ ва ҳадафҳои илоҳӣ аст.
Ҳадафҳо, адолат ва каромати инсон ва ободии замин ва пурбор кардани замон, ва дар ниҳоят, зиндагии тавҳидӣ ва уруҷи одамӣ ба мартабати қурби Худо аст; Ва шеваҳои баҳрагирӣ аз хирад ва таҷрибаи ҷамъӣ ва ба кор гирифтани фикрҳо ва забонҳо ва бозӯҳои коромад ва гомҳои устувори оҳоди мардум аст.
Ин, тадбире аст ҳушмандона, ки маърифати қуръонӣ ва исломӣ ба пайравони худ ҳадия дода ва дар он, шариат ва ақлоният, ва ғайб ва шуҳудро дар ҳам танида ва ҳамҷиҳат сохтааст.
Ин падидаи шигифтовар ва ҷаззоб дар арсаи сиёсатҳои калон аст, ва тааммул дар воқеиятҳои талхи низомоти динситез ё дингурез, рӯз ба рӯз бар ҷаззобияти он хоҳад афзуд.
Даъвати омми мо аз виҷдонҳои бедор дар саросари ҷаҳон он аст, ки ба таҷрибаи шикаст хӯрдаи низомҳои муддаии адолат ё озодӣ, вале бегона аз маънавияти дин бингаранд; Зулм ва табъиз ва фасоди физояндаро; Ва нобудии амнияти ахлоқиро, ва сустии бунёни хонавода ва фурӯкостан аз шарофати зан ва аз ҷойгоҳи ҳамсарӣ ва модариро; Ва ғалабаи ҷиҳатгирии муғризона бар огоҳсозии содиқона дар расонаҳоро; Ва бисёре аз гиреҳҳои кӯри дигар дар густараи нуфузи ин низомҳои мунофиқ ва риёкор ва ситамгарро бубинанд ва онгоҳ дар тарҳи ҷомеъ ва устувор ва гиреҳгушоии ҳукмронии исломӣ тааммул кунанд.
Имрӯз фоҷиаи Ғазза ва наслкушии бераҳмонаи режими ғосиби саҳюнистӣ ва куштори ҳазорон кӯдак ва зан ва марди бедфоъ ва ғайримусаллаҳ, ва онгоҳ пуштибонӣ ва ҳимояти ҳукуматҳои ба истилоҳ: либерали ғарбӣ аз ин гурги хунхор, маънии озодӣ ва ҳуқуқи башари ғарбиро барои виҷдонҳои бедор ошкор месозад.
Имрӯз фурсати тозае аст, ки коргузорони низоми Ҷумҳурии исломӣ ва ҳамаи дилбастагони он, ҳақиқати ин падидаи бузургро дар гуфтор ва амал, ба муштоқони ҳақиқат дар саросари ҷаҳон нишон диҳанд.
Бори дигар тавфиқоти ин маҷлиси мӯҳтарамро аз Худованди Мутаол масъалат мекунам.
Лозим медонам ёди раисҷумҳури фақид ва азиз ва ҳамчунин имоми ҷумъаи муаззази Табрезро, ки узви ин маҷлис буданд гиромӣ бидорам ва улувви дарҷоти ононро аз Худованди раҳим масъалат кунам.
Вассалому Алайкум ва раҳматуллоҳ
Сайид Алии Хоманаӣ
1403/02/31