IQNA

Маҷлиси Шӯрои Исломӣ бояд оромишбахш ва умедофарин бошад

10:20 - May 28, 2024
рақами хабар: 1571
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғоз ба кори Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар давраи дувоздаҳум, шаклгирии як маҷлиси тарозро дар гарави таомули мунзабит ва ҳамдилона бо қувои дигар ва рафтори ҷамъии дурусту сабурона дар дохили қувваи қонунгузор дониста ва таъкид кард: Маҷлис бояд ҳамеша оромишбахш ва умедофарин ва барангезонандаи ҳимматҳо ва даъваткунанда ба ҳамдилӣ ва бародарӣ дар муҳити умумии кишвар бошад.

Ишон ҳамчунин ҷазби дилҳои мардум ва сипоси бедареғи онҳо ба воситаи хизмат ба мардум ва амали солеҳро машмули подоши илоҳӣ дониста ва хотирнишон кард: Ҳузури чандмиллионии мардум барои худоҳофизӣ бо раисҷумҳури фақиду ҳамроҳони азизаш намунае аз ин подоши илоҳист.

Матни паёми оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи рӯзи 26 майи 2024 аз сӯи раиси дафтари ишон дар маросими кушодашавии давраи дувоздаҳуми Маҷлиси Шӯрои Исломӣ хонда шуд, чунин аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Валҳамду лиллаҳи раббилоламин ва саллаллоҳу ало сайидино Муҳаммадин ал-Мустафо ва ало олиҳи ат-тоҳирина сиямо Бақияталлоҳи фил-аразин

Акнун ки дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ монанди ҳамеша дар мавъиди муқаррар ва бетаъхир оғоз мешавад, ҷабҳаи хушӯъ ба даргоҳи Худованди азизу ҳаким месоям ва истимрору истеҳкоми мардумсолории диниро, ки ҳадяи бузурги илоҳӣ ба миллати Эрон аст, сипос мегӯям.

Ҳар маҷлиси ҷадид метавонад дурахшиши тоза дар уфуқи равшани кишвар падид оварад ва бар умеду ангезаи миллат бияфзояд. Таркиби намояндагони тозанафас бо мунтахабони корозмуда ва муҷарраб, ин паёмро мерасонад, ки хонаи миллат, бо баҳрагирӣ аз ихтиёроташ дар қонуни асосӣ ва бо илтизом ба масъулияти сангинаш дар ҷамъи аркони кишвар, хоҳад тавонист рӯзомадӣ ва навовариро бо пухтагӣ ва санҷидагӣ ҳамроҳ кунад ва қонунгзорӣ ва назоратро аз талотуму ошуфтагӣ ва низ аз рукуду сукунӣ дур нигаҳ дорад.

Бешак, таомули мунзабиту ҳамдилона бо қувои дигар ва низ рафтори ҷамъии саҳеҳу сабурона дар дохили қувваи муқаннана, ба таҳаққуқи ҳамаи вижагиҳои як маҷлиси тароз кумак хоҳад кард ва ёди неки намояндагонро мондагор хоҳад сохт.

Нуктае, ки ҳамвора бар он таъкид мекунам он аст, ки маҷлис бояд оромишбахш ва умедофарин ва барангезонандаи ҳимматҳо ва даъваткунанда ба ҳамдилӣ ва бародарӣ дар муҳити умумии кишвар бошад. Дар худи маҷлис низ мусобиқоти бефоидаи  расонаӣ ва муҷодилоти музирри сиёсӣ, вақт ва умри кӯтоҳи даврони масъулиятро ба худ масруф насозад, вагарна зарфияти арзишманди ҳузури намояндагон дар ин ҷойгоҳи воло зойеъ хоҳад шуд ва ин хасорати бузургест.

Нуктаи дигар дар бораи савганди намояндагист. Ин савганд, намоишӣ ва ташрифотӣ нест; савганди ҳақиқӣ ва масъулиятзо аст, ки дар дунё ва охират гиребонгир хоҳад буд. Намояндагони муҳтарам, ногузир бояд дар ҳамаи муддати намояндагӣ, банд-банди ин савганди шаръиро дар пеши чашм дошта бошанд ва пойбандӣ ба онро меъёри қазоват дар бораи амалкарди хеш бидонанд.

Нуктаи баъдӣ марбут ба илтизомоти ахлоқист. Сабки зиндагии исломӣ, ки бахши муҳимме аз онро фазоили ахлоқӣ ташкил медиҳад, дар арсаи чолишҳои сиёсӣ ва рақобатҳои машрӯъ, аҳамияти бештар меёбад. Дар инҷост, ки кимиёи тақво ва гузашту инсофу садоқат ва масъулиятпазирӣ ва кори беминнат, қимати аслии худро ошкор месозад. Шаҳидони парвози урдибиҳишт (1), ки акнун саросари кишвар доғдори онҳост, яке аз хусусиёташон риояти фазилатҳои ахлоқӣ буд. Муроқибат аз хеш дар ин заминаро бояд ҷиддӣ гирифт.

Нуктаи охир ёдоварии ин ҳақиқат аст, ки ҳар як аз намояндагони маҷлис, намояндаи ҳамаи миллати Эрон аст; ин бадон маънист, ки кори аслии намоянда таъмини манофеи миллист. Пайгирии масоили ҳавзаи интихобия бояд дар чорчӯби нигоҳи калон ба масоили кишвар анҷом гирад ва аз тасвиби тарҳҳои ободонӣ ба сурати ифротӣ ва берун аз ҳади тоқати буҷети умронӣ парҳез шавад.

Бародарону хоҳарони гиромӣ, кор бо нияти хизмат ба мардум, амали солеҳ ва ҳасана маъҷури илоҳӣ аст ва Худои шокири алим, дар дунё ва охират ба он подош хоҳад дод. Ҷазби дилҳои мардуму сипоси бедареғи онон яке аз подошҳои илоҳӣ дар дунёст ва ташйиъи чандинмиллионии раисҷумҳӯри фақид ва ҳамроҳони азизаш намунае аз ин подоши илоҳист. Мардуми вафодору ҳӯшёр дар шаҳрҳои мухталиф, бо гулборону ашкборони ин пайкарҳои пок, ёди шаҳидони даҳаи 60-ро барои насли ҷадиди кишвар зинда карданд ва дар амал, ба ҳазорон дурӯғу тӯҳмату шоеа посух доданд. Раҳмату дуруди Худо бар онон!

Дар поён лозим медонам аз намояндагони муҳтарами давраи ёздаҳум, ба вижа раиси пурталош (2) ва ҳайатраисаи фаъоли он, ташаккур кунам.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Сайид Алии Хоманаӣ
۱۴۰۳/۳/۶

1) Ишора ба ҳодисаи суқути болгарди ҳомили ҳуҷҷатул-исломи вал-муслимин сайид Иброҳими Раисӣ (раисҷумҳӯр) ва ҳамроҳони вай, ки дар таърихи ۱۴۰۳/۲/۳۰ дар наздикии Варзақони устони Озарбойҷони шарқӣ рух дод ва мунҷар ба шаҳодати онҳо шуд.
2 ) Оқои Муҳаммадбоқири Қолибоф

https://tajikpress.com/2024/05/28/

captcha