IQNA

Ишороти Қуръони Карим ба қиёми имом Ҳусайн (Алайҳиссалом)

10:51 - July 08, 2024
рақами хабар: 1789
ИКНА - Мазлумияти имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) метавонад мисдоқе барои бархе аз оёти Қуръони Карим бошад, ки ба дифоъ аз ҳаққи мазлум бархостаанд.

Имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) онгоҳ, ки дар муқобили ҳукумати золим ва номашруъи Язид қиём кард, ибтидо мазлум воқеъ шуд ва касе ӯро ёрӣ накард. Дар идома ҳама ӯро муҳосира карда ва пас аз набарди хунин, ба шаҳодат расонданд. Аз ин ҷиҳат, мазлумияти имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) чунон барҷастааст, ки мисдоқи боризи бархе оёти Қуръони Карим дар ин замина мебошад.

Дар ояте аз Қуръон, бар ин нукта таъкид шуда, ки агар касе мазлумона кушта шавад, валӣ ва сарпарасти ӯ ҳаққи мутолибаи хунашро хоҳад дошт: «و لا تَقْتُلُوا النَّفْسَ الَّتي‏ حَرَّمَ اللَّهُ إِلاَّ بِالْحَقِّ وَ مَنْ قُتِلَ مَظْلُوماً فَقَدْ جَعَلْنا لِوَلِيِّهِ سُلْطاناً», "Ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда [ва ба ҷонаш ҳурмат ниҳода] ҷуз ба ҳақ накӯшед, ва ҳар кас мазлум [ва ба ноҳақ‏] кушта шавад, барои ворисаш тасаллуте бар қотил [ҷиҳати хунхоҳӣ, дия ва афв] қарор додаем‏» (Асроъ /33). Эҳтиром ба хуни инсонҳо дар ҳамаи адён ва фарҳангҳо дида мешавад. Аммо ривояоте вуҷуд дорад, ки намунаи боризи қатли мазлумонаро хуни имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) ва ёрони ишон медонад. Ҳамчунин манзур аз валӣ, ки ҳаққи хунхоҳии Ҳусайнро дорад, Маҳдии Мавъуд ва қоими Оли Муҳаммад (Алайҳиссалом) аст. 

Ҳамчунин дар ояти дигаре баён шуда, ки агар касе мазлум воқеъ шавад, ҳақ дорад барои дифоъ аз хеш вориди ҷанг гардад: «أُذِنَ لِلَّذينَ يُقاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَ إِنَّ اللَّهَ عَلى‏ نَصْرِهِمْ لَقَديرٌ» "Ба касоне, ки [ситамкорона] мавриди ҷанг ва ҳуҷум қарор мегиранд, ба сабаби он ки ба онон ситам шуда изни ҷанг дода шуда, мусалламан Худо бар ёрӣ додани онон тавоност" (Ҳаҷ/39). Ин оят низ бар тибқи бархе ривоёт ишора ба мазлумияти имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) дорад. 

Дар достон Иброҳим ва зибҳи Исмоил (Алайҳиссалом), ки дар Қуръон омадааст, Худованд ба Иброҳим (Алайҳиссалом) амр кард, ки ба ҷои фарзандаш Исмоил, гӯсфандиро, ки Худо барояш фиристода буд қурбонӣ кунад. Дар Қуръон аз ин қурбонии ҷойгузин ба «зибҳи азим» (қурбонии бузург) ёд шудааст: «وَ فَدَيْناهُ بِذِبْحٍ عَظيمٍ» (Софот/107). Бархе аз муфассирони қуръонӣ бар тибқи ривоёте, ки дар ин замина ҳаст, ин қурбонии бузургро як шахс медонанд; Шахсе, ки аз насли ҳазрати Иброҳим (Алайҳиссалом) аст ва дар роҳи Худои Мутаол хунаш рехта шудааст. Ин шахс ҳамон имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) аст. Дар ривояте омада, ки Худованд достони шаҳодати имом Ҳусайн (Алайҳиссалом)-ро барои Иброҳим таъриф кард ва ӯ бисёр гиря намуд.

captcha