Ба гузориши ИКНА, торнамои остони муқаддаси Аббосӣ дар мақолае бо унвон «Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ва рӯйкарди раҳбарӣ ва ислоҳи ҷомеаи исломӣ» ба қалами Иброҳим Алӣ Ал-Хоқонӣ ба баррасии мафҳуми ислоҳ дар Қуръон ва амалкарди ислоҳгаронаи имом Ҳасани Муҷтабо (а) дар ҷомеаи исломӣ пардохтааст.
Даврони зиндагии имом Ҳасани Муҷтабо (а) илова бар таҳаввулоти иҷтимоӣ ва мазҳабӣ, пур аз ҳаводиси мухталиф буд, ба вижа тафриқа ва ихтилофоте, ки уммати исломӣ пас аз шаҳодати Амиралмуъминин Алӣ (а) аз он ранҷ мебарад. Лизо имом Ҳасан (а) дар садади пайдо кардани роҳиҳале барои ислоҳи ҷомеа ва бартараф кардани ин мушкилот ба равиши содда буд.
Ӯ бо хутбаҳо ва суханрониҳои худ шурӯъ ба оштӣ додани мардум кард, то инки вижагиҳои ислоҳи ҳасанӣ дар ҷомеа ошкор шуд ва бадин тартиб насли ҷадидеро бо пойбандӣ ба усули дини Ислом ва ахлоқиёти он ба вуҷуд овард, ки баёнгари сираи Расули Худо (с) ва Аҳли байт (а) ба вижа имом Ҳасани Муҷтабо (а) буд.
Мафҳуми луғавии ислоҳ
Вожаи ислоҳ яке аз истилоҳоте аст, ки дар бисёре аз ҷавониби зиндагӣ корбурд дорад. Ибни Манзур дар китоби Лисонул-Араб навиштааст: «Сулҳ ба маънои салоҳ ва зидди фасод аст.»
Мафҳуми истилоҳии ислоҳ
Ҷамъе аз соҳибназрон ва андешамандон аз манзари истилоҳӣ ба вожаи ислоҳ пардохта ва онро яке аз мафоҳими муҳимме донистаанд, ки дар шаклгирии сифоти ҳасана дар ҷомеа ба сурати фардӣ ва ҷамъӣ нақш дорад.
Вожаи ислоҳ ҳамчунин ба маънои таҳзиби афрод ва гурӯҳҳо ва тарғиби онҳо бар анҷоми амали солеҳ ва дӯрӣ аз буғз, кина, нафрат ва худпурстӣ аст, ки яке аз муҳиммтарин бемориҳои иҷтимоӣ дар миёни мардум аст. Чаро, ки мӯҷиби тафриқа ва аз ҳам гусастагии ҷавомеи мутамаддин ва монеъи пешрафт ва рушди ҷавомеъ мешавад.
Лизо ислоҳ дар асл мутазодди фасод ва зулм ва мутазодди худписандӣ ва дархости моликият ва инҳисорталабӣ аст ва инсонро ба сӯи имон ва тақво ҳидоят мекунад.
Ислоҳи нафс низ ба бартараф кардани тамоми сифоти нописанд дар фард мунҷар мешавад ва ӯро аз аҳли хайр ва салоҳ ва афроди амин ва мунсифи ҷомеаъа қарор медиҳад. Чунонки имоми Содиқ (а) мефармояд: Эҷоди ваҳдат ҳангоми пайдоиши ихтилоф дар миёни мардум, ва наздик кардани онҳо дар ҳангоми ҷудоӣ, садақае аст, ки Худованд онро дӯст дорад. (Кофӣ, ҷ2, саҳ 209)
Ислоҳ дар рӯйкарди қуръонӣ
Ислоҳ дар Қуръони Карим дарбаргирандаи тамоми арсаҳое аст, ки аз бӯъди динӣ, тарбиятӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ба сохти ҷомеаъаи башарӣ кумак мекунад.
Истилоҳи ислоҳ дар Қуръони Карим ба ашколи мухталифе омадааст; Аз ҷумла даъват ба истиқомат аз тариқи насиҳат ва иршод. Монанди ояти 17 сураи Луқмон; Ҳамчунин ба сиғаи амр (аслиҳ) омада ба маънои даъват ба ислоҳ ва дӯрӣ аз афроди муфсиде, ки таъсири манфӣ дар ҷомеъа мегузоранд; Монанди ояти 142 сураи Аъроф.
Бо таваҷҷуҳ ба сираи имом Ҳасани Муҷтабо (а) мебинем, ки рӯйкарди ислоҳталабонаи ишон бо рӯйкарди қуръонӣ мунтабиқ аст. Зеро имом (а) ба ҳадафи аслии дини мубини Ислом, ки ташкили низоми тарбиятӣ ва ислоҳӣ барграфта аз оёти Қуръон буд таваҷҷуҳ дошт. Имом (а) аз ин тариқ мехост чорчуби одилона барои хилофати исломӣ эҷод кунад ва инро пас аз шаҳодати падараш ҳазрати Алӣ (а) дар хутбае баён фармуд.
Рӯйкарди ислоҳӣ дар сираи имом Ҳасани Муҷтабо (а)
Рӯйкарди ислоҳии имом Ҳасани Муҷтабо (а) рӯйкарди ҳамаҷониба барои ислоҳи ҷомеъа ва ҳукумат аз ҷиҳати ахлоқӣ ва сиёсӣ бар асоси қавонини осмонӣ ва дар имтидоди омӯзаҳои ҷаддашон, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) буд.
Он ҳазрат дар тасмимгириҳои марбут ба умури уммат, мафоҳими ислоҳро аз тариқи мусовот, насиҳат, ҳикмат ва тадаббур ба иҷро дар меоварад; Тибқи ончи, ки бар Паёмбар (с) нозил шуда ва бар асоси адолате, ки падараш, ҳазрати Амиралмуъминин Алӣ (а) иҷро карданд.
Имом Ҳасан (а) аз раҳбарии тарҳи ислоҳталабонаи худ чанд ҳадафро думбол мекард: Аввалин ҳадафи ишон аз раҳбарии ҷомеа эҷоди як инқилоби ислоҳӣ буд, ки бо поксозии ниҳодҳои олии ҳукумат оғоз мешуд ва ба афроди ҷомеъа мерасид.
Дувумин ҳадафи имом (а) низ ифшои дурӯғи муддаиёни ислоҳ талабӣ ва мизони зулм ва ситами онҳо буд ва дар ин роҳ бисёре аз мушкилотро мутаҳаммил мешуд.
Иқдомоти ислоҳӣ дар даврони зиндагии имом Ҳасан (а)
Имом Ҳасан (а) дорои равиши ислоҳгаронаи воқеӣ ва андешаи саҳеҳ буд ва масири ислоҳии худро аз даврони кӯдакӣ оғоз кард. Ин ислоҳ ба чанд шакл буруз карда буд:
Ислоҳи дин ва ахлоқ: Ривоят шудааст, ки имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (Алайҳимассалом) аз канори пирамарде мегузаштанд, ки иштибоҳ вузӯ мегирифт. Он ду имом бо баҳс байни худ дар бораи наҳваи саҳеҳи вузӯгирифтан ба он пирамард вузӯи саҳеҳро ёд доданд.
Ислоҳи ҳукумат ва муқаддимасозӣ барои барпоии адли илоҳӣ: Имом Ҳасан (а) пас аз шаҳодати падараш, ҳазрати Алӣ (а) имомати шиъёнро бар уҳда гирифт ва мардум бо ишон байъат карданд. Ҳадафи имом ислоҳи уммати ҷаддаш ҳазрати Расули Акрам (с) ва эҷоди ҳукумати адолатмеҳвар буд, ки ҳофизи зиндагӣ, каромат ва хуни мусулмонон бошад. Ишон ҳамчунин хостори ислоҳоти мустақими аамӣ аз ислоҳоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ буд. Ин масъала Муовияро бар он дошт, ки аз тарси хилофати худ дар камин ва муроқиби имом бошад.
Натиҷа
Имом Ҳасани Муҷтабо (а) шахсиятҳои бисёр комиле буд ва дар огоҳ кардани ҷомеаи исломӣ, ки муддатҳо аз тафриқа ранҷ мебурд нақши басазое дошт. Ишон комилтарин дурусро дар заминаи ислоҳгарии бидуни кумакгирифтан аз қудрат ва танҳо бо роҳнимоӣ ва иршод ба ҷаҳониён омӯхт. Аз ин рӯ тайи қарнҳо мустақиман дар рӯҳи мусулмонон таъсир гузошт ва ислоҳоти ишон дар эҷоди шахсияти фикрӣ, динӣ ва ахлоқии инсонҳои мусулмон бисёр муассир воқеъ шуд.