Ба гузориши Ал-Масри Ал-Явм, Ёсамин Ал-Ҳусарӣ (Ёсамин Ал-Хиём), духтари шайх Маҳмуд Халил Ал-Ҳусарӣ, қории фақиди мисрӣ дар гуфтугӯ бо барномаи «Занҳо дурӯғ гуфтан балад нестанд» шабакаи моҳвораӣ «CBC» Миср ба муносибати 24 ноябр; чиҳилу чаҳорумин солрӯзи даргузашти ин қории номдори ҷаҳони Ислом изҳор кард: падарам замоне ки дар қолаби ҳайате аз маркази Ал-Азҳар ба Амрико сафар карда буд, дар Конгресси Амрико Қуръон тиловат кард ва дар ин сафар ҳамаи дидорҳоро бо таловати Қуръон оғоз мекард.
Вай афзуд: «Падарбузургам пеш аз вилодати падарам шайх Ҳусарӣ, хоб дида буд, ки хӯшаи ангур аз пушташ овезон аст ва мардум аз он мехуранд, бидуни ин ки кам шавад, замоне ки тафсирашро ҷӯё шуд, ба ӯ гуфтанд писарат ҳофизи Қуръон мешавад ва мардум аз илмаш баҳраманд хоҳанд шуд».
Ёсамин Ал-Ҳусарӣ тасреҳ кард: падарам нахустин касе буд, ки Қуръони муратталро ба дархости гуруҳе аз ҳофизони Қуръон бо савти худ забт кард, ин амр замоне анҷом шуд, ки шахсе дар яке аз кишварҳои арабӣ ба чопи Қуръони таҳриф шуда иқдом карда буд. Падарам аз дарёфт подоши молӣ барои савти қуръонӣ, ки забт карда буд, худдорӣ кард.
Вай ҳамчунин гуфт: «Ал-Ҳусарӣ» лақаби падарам буд на номи хонаводагии ӯ ва ин лақаб ба ин далел ба падарам дода шуд, ки падар ӯ маърӯф ба фарш кардани масоҷид бо «ҳасир» буд.
Ёсамини Ал-Ҳусарӣ идома дод: падарам дар тасаллут бар Қуръон ва ишқ ба китоби Худо, шохис буд ва ҳамеша мегуфт, ки ходими Қуръон аст ва аз ҳамон ибтидо ихлос, сабр, каромат, иззату фидокориро пеша кард.
Вай ёдовар шуд: Вақте бача буд харҷашро аз модарбузургам мегирифт ва 7 километр пиёдаравӣ мекард то ба маркази Ал-Азҳар биравад ва дар роҳ ба қироати Қуръони Карим мепардохт.
Духтари шайх Ал-Ҳусарӣ ҳамчунин гуфт: ӯ дар ҳини ҳифзи Қуръон ҳамеша зери дарахте дар рӯсто менишаст ва дар сояи он Қуръон ҳифз мекард, вақте бузург шуд ба эҳтироми Худо ва он нуқтаи некӯ ки боис шуда буд ӯ ба чизе ки мехоҳад бирасад, аз мошинаш пиёда мешуд ва ба самти дарахт мерафт.
Гуфтанӣ аст; шайх Халил Ал-Ҳусарӣ, қории мумтози мисрӣ дар аввали зилҳиҷаи соли 1335 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 17 сентябри 1917 милодӣ дар рӯстоӣ «Шабро» дар шаҳри «Тнто»-и устони «Ғариба»-и Миср дида ба ҷаҳон гушӯд ва 44 соли пеш дар чунин рӯзе (24 ноябри 1980) дори фониро видоъ гуфт.
Фарозе аз таловати ин қории номдори мисрӣ аз сӯраи Ҳуд (оёти 1 то 3)
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ، الر كِتَابٌ أُحْكِمَتْ آيَاتُهُ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِنْ لَدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ، أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا اللَّهَ إِنَّنِي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ، وَأَنِ اسْتَغْفِرُوا رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوا إِلَيْهِ يُمَتِّعْكُمْ مَتَاعًا حَسَنًا إِلَى أَجَلٍ مُسَمًّى وَيُؤْتِ كُلَّ ذِي فَضْلٍ فَضْلَهُ