Режими саҳюнистӣ танҳо ба думболи эҳёи «боздорандагӣ» дар баробари меҳвари муқовимат нест ва қасд дорад то мувозинаи қудрат дар минтақаи шарқи арабиро тағйир дода ва назми амниятии минтақаи ғарби Осиёро бозтаъриф кунад. Ин он чизе аст, ки дар пушти пардаи вазъияти имрӯзаи Ҳалаб мегузарад.
Танҳо чанд соат пас аз барқарории оташбас миёни Ҳизбуллоҳ ва режими саҳюнистӣ, террористҳои мустақар дар Сурия, бо ҳидояти Таҳрир-уш-шом (ҷабҳат-ун-усраи собиқ), таҳти унвони иътилофи «Фатҳ-ул-мубин» пешравӣ аз Идлиб ба мақсади устони Ҳалабро оғоз карданд. Пешравии сареи ин гурӯҳ ба самти шимол ва шимоли ғарби Ҳалаб ноши аз ин нукта аст, ки ба далели ҷанги ҷорӣ дар Лубнон, бахше аз тамаркузи амалиётии нируҳои Ҳизбуллоҳ дар навори ҷанубии Идлиб камранг шудааст. Илова бар ин, артиши Русия ба далели ҷанги Украина маҷбур ба тахлияи бисёре аз имконоти низомии худ аз пойгоҳи Ҳамимем, воқеъ дар ҷануби шарқи Лозиқия ё ақибнишинӣ аз бархе ҳавзаҳои низомӣ дар наздикии Идлиб- Ҳалаб шудааст; иттифоқе, ки аз чашмони ғарб ба дур намонд.
Ҳамчунин маҷмуаи таҳаввулоти ҷорӣ дар ҷабҳаи Лубнон сабаб шуд, то Исроил низ бо ҳадафи ташдиди фишор бар Димишқ барои хуруҷ аз меҳвари муқовимат ва қатъи шараёни интиқоли силоҳ ба Ҳизбуллоҳ, чароғи сабзи ҳамла ба Идлибро ба Туркия ва мухолифони сурӣ нишон диҳад. Дар миёнаи ин корзор саволи аслӣ он аст, ки оё гурӯҳҳои террористӣ ва мухолифони сурӣ қасд доранд бо таваҷҷуҳ ба шароити ҳоким бар минтақа аз вазъият су истифода карда ва бори дигар оташи ҷанги дохилиро равшан кунанд ё онки қудратҳои хориҷӣ сирфан мехоҳанд аз картаи мухолифони сурӣ барои касби имтиёз аз Димишқ истифода намоянд?
Дар Ҳалаб чӣ хабар аст?
Барои афкори умумӣ «Ҳалаб» намоди пирӯзии ниҳоии артиши Сурия бар мухолифони мусаллаҳ дар ҷараёни ҷанги дохилӣ аст. Ин қутби иқтисодӣ бо 2 миллион нафар ҷамъият илова бар мизбонӣ аз муҷтамаъҳои санъатӣ, дорои мавқеияти иртиботии роҳбурдӣ барои иттисоли шарқи арабӣ ба дарёи Медитарона аст. Дастандози мухолифони мусаллаҳ бар ҷодаи T-5 нишондиҳандаи барномарезии бархе бозигарони минтақаӣ барои қатъи иртибот миёни Ҳалаб- Димишқ аст. Ҳамакнун мухолифони мусаллаҳ муддаии тасарруфи 20 маҳалла дар Ҳалаб ва манотиқе ҳамчун Ан-Набал, Аз-Заҳро ва ишғоли маконҳои дигаре ҳамчун устондорӣ, посгоҳи марказӣ ва фурудгоҳи низомии Абузҳур ҳастанд. Шабакаи Ал-Маёдин масоҳати таҳти ишғоли террористҳоро 60 дарсади ҷуғрофиёи устони Ҳалаб эълон кардааст.
Дар ин миён, артиши Сурия бо пуштибонии нируи ҳавоӣ, зидди ҳамлаҳои қобили таваҷҷуҳе ба душмани такфирӣ зада, ки сабаби бозпасгирии бархе манотиқи ишғолӣ шудааст. Бар асоси ахбори мунташиршуда аз сӯи артиши Сурия токунун беш аз 500 террорист ба ҳалокат расида ва даҳҳо нафар аз онҳо асир шудаанд.
Бо вуҷуди идомаи пешравии террористҳои Таҳрир-уш-шом ба самти нуқтаҳои марказии устони Ҳалаб, ба назар мерасад ин раванд кунд шуда ва ба монанди ду рӯзи гузашта наметавонанд ба пешравӣ идома диҳанд. Албатта пешбинӣ мешавад то замоне, ки нируҳои пуштибонӣ ва таслиҳоти мавриди ниёзи такфириҳо вориди ин минтақа шаванд, пешравии террористҳо идома дошта бошад, аммо нуктаи калидӣ он аст, ки оё мухолифони мусаллаҳ метавонанд бидуни пуштибонии низомӣ-иттилоотии Исроил манотиқи ишғолиро ҳифз намоянд ё не? Пас аз шикасти мухолифони мусаллаҳ дар соли 2018, кам-кам гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ҳошия рафта ва дар манотиқе ҳамчун Идлиб дар вазъияти табъид қарор гирифтанд. Имрӯз аммо бахши васее аз мухолифони мусаллаҳ тасмим гирифтанд то аз даргирӣ миён Исроил ва режими саҳюнистӣ суи истифода карда ва бозии бохта дар Сурияро табдил ба пирӯзӣ кунанд!
Ҳамсуии бархе бозигарони минтақаӣ бо режими саҳюнистӣ
Бархе бозигарони минтақаии ҳимоятҳои молӣ ва таслиҳотии мухолифони сурӣ ҳастанд, ки дар садри муттаҳамони вақоеи Ҳалаб қарор доранд. Бархе ҳамсоягони Сурия дар шароити кунунӣ ҳатто утоқи амалиётӣ барои мудирияти Набари феълӣ эҷод кардаанд. Дар ин миён нозирони сиёсӣ мӯътақиданд Туркия амалан бо боз гузоштани марзҳои худ муқаддимаҳои вуруди аносири узбак ва туркистонӣ ба майдони набардро боз гузошта ва заминаи шӯълавар шудани ҷанг дар Сурияро падид овардааст. Бо онки мухолифони мусаллаҳ ва террористҳои ҳампаймони онҳо ҳадафи ибтидоии ин ҷангро тасарруфи Ҳалаб, Ҳамо, Идлиб в ғайра эълон карданд, аммо ба назар мерасад ҳадафи аслии ин таҷовузи мусаллаҳона ақиб рондани меҳвари муқовимат аз хоки Сурия ва қатъи иртибот миёни меҳвари муқовимат ва Ҳизбуллоҳ бошад.
Баҳраи сухан
Режими саҳюнистӣ танҳо ба думболи эҳёи «боздорандагӣ» дар баробари меҳвари муқовимат нест ва қасд дорад то мувозинаи қудрат дар минтақаи шарқи арабиро тағйир дода ва назми амниятии минтақаи ғарби Осиёро бозтаъриф кунад. Асосан наметавон таҳаввулоти ҷорӣ дар Ғазза, Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман, шимоли Уқёнуси Ҳинд ва ҳатто шарқи МЕдитаронаро бидуни таваҷҷуҳ ба барномаи Исроил барои тағйири назми минтақа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.
https://tajikpress.com/2024/12/01/