IQNA

Кӯшиши донишманди Голландия барои интиқоли муносиб ва дақиқи мафоҳими қуръонӣ ба насли нав

19:51 - December 18, 2024
рақами хабар: 2595
ИКНА - Абдулвоҳид Ван Бумел, нависанда ва донишманди голландӣ, ки ба Ислом гаравидааст, талош дорад мафоҳоми қуръониро бо забони муосир ба насли нави ин кишвар омӯзонад.

Ба гузориши ИКНА, таърихи воридшавии Ислом ба Голландия ба асри XVI мелодӣ бармегардад, вақте ки теъдоди ками тоҷирони турк ва эронӣ дар шаҳрҳои бандарии ин кишвар иқомат мекарданд. Баъд аз иқомати тадриҷии мусалмонон, масҷидҳо аввалин бор дар ибтидои асри XVII дар Амстердам сохта шуданд. Дар асрҳои баъдӣ, Голландия шоҳиди муҳоҷирати парокандаи мусалмонон аз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шуд.

Имрӯз, аксарияти ҷамъияти мусалмонони ин кишварро муҳоҷирони марокашӣ ва турктабор ташкил медиҳанд. Ислом дини дувумин ва бузурги Голландия баъд аз масеҳият аст ва мувофиқи таҳқиқоти соли 2018, 5 фоизи ҷамъияти кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд. Аксарияти мусалмонони Голландия суннӣ буда, асосан дар чор шаҳри бузурги кишвар — Амстердам, Роттердам, Ҳага ва Утрехт зиндагӣ мекунанд.

Дар Голландия беш аз 400 масҷиди фаъол вуҷуд дорад. Ҳудуди 200 масҷид ба туркҳо, 140 масҷид ба марокашиҳо ва 50 масҷидро сомалӣҳо идора мекунанд. Инчунин, 10 масҷид дар ихтиёри дигар ақвоми мусалмони Голландия аст. Мазҳаби шиа низ дар ним асри охир дар Голландия афзоиши қобили таваҷҷуҳ дошта, пайравони он асосан муҳоҷирони эронӣ, ироқӣ ва афғонӣ мебошанд.

Бо афзоиши теъдоди мусалмонон, эҳтиёҷ ба тарҷумаи Қуръон ба забони голландӣ эҳсос шуд. Аввалин тарҷумаи чопшуда ба забони голландӣ бо унвони "Қуръони арабӣ" аз тарафи Саломон Швайгер дар соли 1641 мелодӣ дар шаҳри Ҳамбург ба хатти лотинӣ чоп шуд.

Яке аз фаъолони мусалмони муосири голландӣ, ки дар тарҷумаи осори исломӣ фаъолият дорад, Абдулвоҳид Ван Бумел мебошад. Номи аслии ӯ Воутер Ван Бумел аст, ки баъд аз гаравидан ба Ислом номи худро ба Абдулвоҳид иваз кард. Ӯ, ки аз солҳои 1970 яке аз шахсиятҳои маъруфи мусалмон дар Голландия шудааст, дар соли 1944 дар Амстердам аз падари католик ва модари протестант ба дунё омадааст.

Дар байни солҳои 1967 то 1971, тасмими ӯ барои пайравӣ ба дини Ислом ӯро ба ҷустуҷӯи маънои ин дин ва омӯзиши Қуръон, илоҳиёт, тафсир ва усулҳои герменевтика дар Истанбул бурд. Ӯ ҳамчунин барои дарки Қуръон дар он ҷо сарфу наҳви арабӣ, фиқҳ, ақида, калом ва усули фиқҳ омӯхт.

Сафари маънавии ӯ як саёҳати ғайримуқаррарӣ буд. Ӯ дар яке аз навиштаҳояш қайд мекунад, ки мусиқӣ яке аз унсурҳое буд, ки ӯро ба Ислом ҷалб намуд. Ин сафар ӯро бо таълимоти тасаввуфӣ ва осори бузургон, аз ҷумла Ҷалолуддини Румӣ, ошно кард ва дар соли 2013 тарҷумаи Маснавии Мавлавиро ба забони голландӣ нашр намуд.

Баъд аз бозгашт ба Голландия, Ван Бумел бо як зани индонезӣ бо номи Фарида издивоҷ кард ва дар масҷиди Байтурраҳмони Ридеркирк дар ғарби Голландия фаъол шуд. Аз соли 1992, ӯ имоми маркази иттилоотии мусалмонон Beklaan дар Ҳага ва мудири Радио ва Телевизиони мусалмонони Голландия мебошад.

Ӯ ба ғайр аз вазифаи имомӣ ва мавъиза, устоди Донишгоҳи Исломии Роттердам аст, ки дар он дарсҳои марбут ба маънавиёти исломиро таълим медиҳад. Абдулвоҳид Ван Бумел ба мутолиаи китобҳо дар мавзӯъҳои мухталиф шавқи зиёд дорад ва инчунин аз сафар ба ҷойҳои нав ва мулоқот бо шахсиятҳои гуногун лаззат мебарад.

Ӯ дар соли 2017 китоберо бо унвони "De Koran: uitleg voor kinderen" ("Тафсири Қуръон барои кӯдакон") нашр кард. Ҷилди дувуми ин маҷмӯъ дар соли 2020 ва ҷилди севуми он дар соли 2024 ба табъ расид. Ин лоиҳа, бо таваҷҷуҳ ба достонҳои паёмбарони аввалулазм, дар ҳар ҷилд ба нақли достони як паёмбар аз оятҳои Қуръон мепардозад.

Дар маросими рӯнамоии ҷилди севуми ин китоб, ки дар масҷиди Улу Ҷомеъ дар Утрехт баргузор шуд, Ван Бумел изҳор дошт, ки ин китоб барои наврасони 10 то 14-сола муносиб аст, зеро ин давраи тиллоии рушди тафаккури интиқодӣ ва дарки дониш аст.

Ван Бумел бар ин аст, ки Қуръон ғайри қобили тарҷума аст ва тарҷумаи лафз ба лафзи он ҳаргиз наметавонад таҷрибаи аслии тиловатро ба хонанда интиқол диҳад.

Дар китобҳои нашршудаи ӯ, барои кӯмак ба фаҳмиши кӯдакон, тарҷума бо тасвирҳои ҷолиб анҷом дода шудааст. Ӯ усули муосиреро пешниҳод мекунад, ки тавонанд кӯдаконро ба фаҳмиши дуруст ва назари интиқодӣ ташвиқ кунанд.

Хулоса, Ван Бумел талош дорад, ки тавассути тарҷумаи муосири мафҳумҳои қуръонӣ ва баёни муносиб бо назари кӯдакон, роҳеро барои тарбияти насли нави мусалмонон дар ҷомеаи ғарбӣ фароҳам оварад.

https://iqna.ir/fa/news/4253403

captcha