Ави Ашкеназӣ таъкид мекунад, ки: «Хунбаҳое, ки мо дар шимоли Навори Ғазза мепардозем, комилан ғайриқобили таҳаммул аст.» Ин изҳорот нишон медиҳад, ки талафоти инсонӣ дар сафи нерӯҳои саҳюнистӣ ба ҳадде расидааст, ки на танҳо машруияти амалҳои низомии ин режим зери суол рафтааст, балки рӯҳия ва ҳолати равонии ҷомеаи саҳюнистиро низ заиф кардааст. Аз тарафи дигар, ин ҳазинаҳо шомили паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии густардае ҳастанд, ки метавонанд сабаби эътирозоти дохилӣ ва буҳрони машруият барои ҳукумати Исроил шаванд.
Ашкеназӣ тасреҳ мекунад, ки Исроил «дигар ҳеч коре наметавонад дар ҳеч қисми Ғазза анҷом диҳад». Ин ҷумла умқи шикасти стратегияи низомии ин режимро нишон медиҳад. Ҳамлаҳои ҳавоии густарда ва амалиёти заминӣ на танҳо боиси таслими муқовимати Фаластин нашудааст, балки вокунишҳои қавитар ва густурдатар аз сӯи гурӯҳҳои муқовиматро ба ҳамроҳ доштааст. Ин бунбасти низомӣ ба таври возеҳ нотавонии Исроилро дар расидан ба аҳдофи худ дар Ғазза нишон медиҳад ва баёнгар аст, ки қудрати низомӣ роҳи ҳалле барои буҳрони Фаластин нахоҳад буд.
Ашкеназӣ бо таъкиди зарурати поёни ҷанг ва расидан ба тавофуқи табодули асирон, амалан ба нокоромадии идомаи даргирӣ эътироф мекунад. Ин мавқеъгирӣ аз сӯи таҳлилгарони низомии саҳюнистӣ, нишондиҳандаи шикофҳои амиқ дар сиёсатҳои ҷангии ин режим аст. Аз тарафи дигар, ин изҳорот ба қудрати муқовимати Фаластин низ таъкид мекунад, зеро ин муқовимат тавонистааст Исроилро ба сари мизи музокирот биншонад.
Ғарқ шудани Исроил дар «ботлоқи Ғазза» на танҳо барои ин режим паёмадҳои дохилӣ дорад, балки мавқеи минтақавӣ ва байналмилалии онро низ таҳти таъсир қарор додааст. Афкори умумии ҷаҳонӣ, махсусан дар кишварҳои ғарбӣ, беш аз пеш аз ҷиноятҳои ин режим дар Ғазза огоҳ шуда ва ҳимоятҳои сиёсӣ ва низомии Ғарб аз Исроилро ба чолиш кашидааст. Эътирозоти ҷаҳонӣ ва талошҳои дипломатӣ барои таваққуфи ҷанг фишор бар Исроилро дучандон кардааст.
Эътирофи Ашкеназӣ ба шикаст дар Ғазза метавонад нишонаи заъфи дохилии режими саҳюнистӣ дониста шавад. Ин режим бо буҳронҳое чун коҳиши эътимоди умумӣ, ихтилофоти дохилӣ ва фишорҳои байналмилалӣ рӯбарӯст, ки маҷмӯи ин омилҳо метавонад боиси суръат бахшидан ба фурӯпошии он гардад. Муқовимати исломии Фаластин нишон додааст, ки бо истифода аз тактикҳои ҷангии партизанӣ ва ҳимоятҳои мардумӣ қодир аст муъодилоти қудрат дар минтақаро тағйир диҳад.
Натиҷа ин аст, ки изҳороти Ави Ашкеназӣ дар бораи ғарқ шудани Исроил дар ботлоқи Ғазза, бозтоби ҳақиқати талхе барои режими саҳюнистӣ аст. Ин ҷанг на танҳо аҳдофи низомии Исроилро таҳаққуқ набахшидааст, балки ҷойгоҳи дохилӣ ва байналмилалии онро низ заъиф кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба бунбасти низомӣ ва афзоиши фишорҳои ҷаҳонӣ, режими саҳюнистӣ дар остонаи тасмими ҳаётӣ қарор дорад: поёни ҷанг ва қабули шикаст ё идомаи масири нобудӣ.
https://tajikpress.com/2025/01/12/