IQNA

Як устоди амрикоӣ ташреҳ кард:

Бархӯрдҳои мухталифи Қуръон ва матнҳои масеҳӣ нистбат ба масъалаи маслуб кардани Исо (а)

7:51 - February 25, 2025
рақами хабар: 2945
ИКНА - Як Қуръонпажӯҳи амрикоӣ бар он аст, ки байни Қуръон ва илоҳиёти иасеҳиёни давраи асрҳои бостонӣ як иртиботи байниматнӣ ва амиқ вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад ишораи Қуръон ба маслуб шудани Масеҳ як қисми як гуфтугӯи динӣ ва густарда дар он замон аст.

Ба гузориши ИКНА, чаҳорумин мактаби тобистонаи «Инъикос» бо мавзӯи «Қуръон ва Аҳдайн: суннатҳо, контекстҳо ва байниматнҳо» баргузор шуд.
Ин барнома бо ҳамкории Донишгоҳи Экзетер баргузор гашт ва дар он пажӯҳишгарони кишварҳои мухталиф ҷамъ омаданд, ки пеш аз ин дастовардҳои илмии худро дар маҷаллаҳо ё мачамъҳои илмии байналмилалӣ ба намоиш гузошта буданд.

Дар чаҳорумин мактаби тобистонаи Инъикос, 40 соат пешниҳоди илмӣ бо суол ва ҷавоб дар 6 рӯз пешниҳод шуд ва 19 пажӯҳишгар аз 14 кишвари мухталиф, 5 суханрониро ба забони форсӣ ва 14 суханрониро ба забони англисӣ пешниҳод намуданд.
Райан Элизабет Криг, пажӯҳишгар дар робитаи Масеҳ ва мусалмонҳо ва мутолиоти қуръонӣ, яке аз суханронони ин мактаби тобистона буд. Криг мудири барномаҳои донишҷӯии Маркази Сулҳ ва Умури Ҷаҳонии Беркли ва устодиёри Маркази тавофуқи мусалмонҳо ва масеҳиён "Алвалид" (Alwaleed Center for Muslim-Christian Understanding) дар Донишгоҳи Ҷорҷ Таун мебошад.

Баррасии муқоисавии руйкардҳои матнҳои масеҳӣ ва Қуръон дар мавзуи таслиб
Мавзӯи суханронии ӯ бо номи « улгӯҳои эътиқод ва таслиб дар Қуръон» қисми як лоиҳаи бузургтаре аст, ки ба баррасии улгӯҳои гуфтугӯи таслиб байни масеҳиён ва мусалмонон аз миёнаи асри 7 то миёнаи асри 17 мелодӣ мепардозад ва қасд дорад, ки чӣ гуна муошират ва таъсири мутақобил байни матнҳои динии масеҳӣ ва исломӣ дар мавзӯи маслуб шудани ҳазрати Исо (а) ба роҳ монда шудааст ва фарқҳои асосӣ дар тафсирҳои таърихӣ ва муосирро таҳлил мекунад. Вожагони марбут ба маслуб шуданро шарҳ дода, гуфт: Дар матнҳои масеҳӣ, одатан аз феъли "صَلَب" (ба салиб кашидан) истифода мешавад, вале дар Қуръон ибора "ما صَلَبوه" (ӯро ба салиб накешиданд) омада, ки боз ҳам манфӣ аст. Вай дар бораи важаҳои марбут ба эҳё гуфт: Дар матнҳои масеҳӣ, одатан аз феъли "قامَ" (бархостан) истифода мешавад, ки ба таври мустақим ба эҳё ишора мекунад. Аммо дар Қуръон, аз феъли "رَفَعَ" (баланд кардан) истифода шудааст, ки маънои гуногуне дорад ва лозиман ба эҳё ишора намекунад. Криг дар пешниҳоди худ бар улгӯҳои эъломияҳои имон ва эътиқодномаҳои масеҳӣ дар робита бо маслуб шудани Исо дар Қуръон ва матнҳои масеҳиёни Сурия тамаркуз мекунад. Ӯ мехоҳад, ки бо баррасии улгӯҳои эъломияҳои имон дар Инҷил ва эътиқодномаҳои масеҳӣ, ба таҳлил кардани тарзи баён кардани масеҳиён дар бораи марг ва эҳёи Исо пардозад ва таъсироти онро бар тафсирҳои Қуръон баррасӣ кунад. Эътиқодномаҳое, ки асосан ба марг, дафн ва эҳёи Исо мепардозанд, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтаанд ва ба фарқиятҳои мавҷуд дар тафсирҳои масеҳӣ ва исломӣ ишора хоҳад кард. Ӯ дар ин роҳ ба фаҳмиши манзари тафсирҳо дар бораи оятҳои 157 ва 158 Сураи Нисо, ки ба маслуб шудан ишора дорад, мепардозад ва истидолол мекунад, ки бисёре аз пажӯҳишҳои ғарбӣ бо замонпуришӣ, тафсирҳои муосирро ба матнҳои аввали фарофаканӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ӯ ба таҳқиқоти ғарбӣ назари интиқодӣ дорад. Криг дар пажӯҳиши худ мехоҳад, ки улгӯҳои истидод ба ин оятҳо дар табодулҳои масеҳӣ-мусалмонӣ баррасӣ шавад ва кӯшиш мекунад ба гуфтугӯҳои илоҳӣ чандҷониба дар атрофи маслуб шудан пардозад.

Криг дар идома ба оятҳои 157 то 158 Сураи Нисо ишора кард:
"وَقَوْلِهِمْ إِنَّا قَتَلْنَا الْمَسِيحَ عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ رَسُولَ اللَّهِ وَمَا قَتَلُوهُ وَمَا صَلَبُوهُ وَلَكِنْ شُبِّهَ لَهُمْ وَإِنَّ الَّذِينَ اخْتَلَفُوا فِيهِ لَفِي شَكٍّ مِنْهُ مَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ إِلَّا اتِّبَاعَ الظَّنِّ وَمَا قَتَلُوهُ يَقِينًا بَلْ رَفَعَهُ اللَّهُ إِلَيْهِ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا (Ва гуфтани онҳо, ки мо масеҳ, Исо ибни Марям, Паёмбари Худоро куштем, ва ҳол он ки онҳо ӯро накуштанд ва на салибаш карданд, балки кор бар онҳо муштабаҳ шуд, ва касоне ки дар бораи ӯ ихтилоф карданд, ба шубҳа афтоданд, ва онҳо дар бораи он илме намедоранд, магар пайравии гумон, ва шубҳае, ки онҳо ӯро накуштанд, балки Худо ӯро ба сӯи худ баланд кард, ва Худо тавоно ва хирадманд аст.)"

Ин пажӯҳишгар таъкид кард: Ин оятҳои Қуръон назарияи маслуб шудани Исо ро ба чолиш мекашад ва нишон медиҳад, ки аз нуқта назар ё нуқта назарҳои Қуръон, дахолати илоҳӣ ин воқеъаро тағйир дода аст.

  • Қуръон маънои "شُبِّهَ لَهُم" (барояшон муштабаҳ шуд)-ро муаррифӣ мекунад, ки дар матнҳои масеҳӣ вуҷуд надорад. Ҳамчунин аз калимаи "تَوَفّی" истифода мекунад, ки метавонад ба маънои "гирфтани пурра" ё "мирондан" бошад ва тафсирҳои мухталифи худро эҷод мекунад. Аз ин рӯ, тартиби воқеаҳо дар матнҳои масеҳӣ одатан улгӯҳои «маслуб шудан, марг, дафн ва эҳёи»-ро пайравӣ мекунад, дар ҳоле ки дар Қуръон улгӯҳои «кушта нашудан, маслуб нашудан, муштабаҳ кардан, ихтилоф ва баланд кардан тавассути Худо» пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, матнҳои масеҳӣ бар умумияти марги Масеҳ ва маҳдудияти зуҳури пас аз эҳёи ӯ таъкид мекунанд, вале Қуръон бар надоштани итминон дар бораи сарнавишти Исо ва ихтилофи назар байни мардум таъкид мекунад.

https://iqna.ir/fa/news/4263925

captcha