ИКНА - Дар ҳоле ки ҳамлаҳои Амрико ва Англис аз чанд соат пеш ба Яман оғоз ёфт ва ҳоло ҳам идома дорад, Ансоруллоҳи Яман эълон кард, ки бешак ба ин ҳамлаҳо посух хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории манобеи яманӣ, як мақоми дифоии амрикоӣ аз суқути як паҳподи амрикоӣ хабар дод ва эълон кард, ки Ансоруллоҳи Яман таҳдид кардааст, ки барои муқобила бо амалиётҳои низомии Амрико ҳамлаҳои нав анҷом хоҳанд дод.
Ҳамлаи Амрико ба Маъриб ва минтақаҳои дигар аз Саъда дар шимоли Яман Расонаҳои вабаста ба ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, аз идомаи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ба шаҳри Саъда дар шимоли Яман хабар доданд.
Бар асоси гузориши ин расонаҳо, ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоӣ дар се навбат шаҳристони Маҷзар дар вилояти Маъриб дар шимоли шарқи Яманро ҳадаф қарор доданд.
Ҳамчунин, дар ҳамлаҳои ҳавоии мутаҷовизонаи Амрико, минтақаи Ал-Сабаъ дар вилояти Саъда низ се навбат ҳадафи ҳамалоти амрикоӣ қарор гирифта, ки дар ҷараёни он шаҳрвандони яманӣ осеб дидаанд. Шӯрои олии сиёсӣ дар Яман: Муҷозоти таҷовузгарон дарднок хоҳад буд Шӯрои олии сиёсӣ дар Яман низ ба таҷовузи Амрико ва Англис ба минтақаҳои мухталифи он кишвар вокуниш нишон дод.
Ин ниҳоди сиёсӣ афзуд: “Ҳадаф қарор додани ғайринизомиён нишондиҳандаи нотавонии Амрико аст ва ин амал моро аз дастгирии Ғаза бознамедорад, балки вазъиятро ба марҳалаи сахту шиддатноке мекашад.” Шӯрои олии сиёсӣ дар Яман таъкид кард: “Ба мардуми муқовиматкунандаи Яман боварӣ медиҳем ва таъкид мекунем, ки муҷозоти таҷовузгарон ба шакли муфассал ва дарднок иҷро хоҳад шуд.” Ин ниҳоди сиёсӣ гуфт: “Амрико ва режими саҳюнистӣ шикаст хоҳанд хӯрд ва монанди набарди ‘Тӯфони Ал-Ақсо’ бо нокомӣ ва наумедӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.”
Шӯрои олии сиёсӣ изҳор намуд: “Аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳем, ки дар баробари амалҳои беиҳтиёти Амрико ва Исроил, ки пайомадҳои он ба ҳамаи кишварҳо хоҳад расид, масъулияти худашро пазирад.” Ин ниҳоди яманӣ афзуд: “Амалиёти дарёии Яман то замони бардоштан муҳосираи Ғаза ва фиристодани кӯмакҳои башарӣ ба он идома хоҳад ёфт.” Шӯрои олии сиёсӣ таъкид кард: “Ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ба кишвари мо, бозгашти ба низомисозии Дарёи Сурх ва таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти нафтии байналмилалӣ дар минтақа аст.”