Дунёе, ки дар он зиндагӣ мекунем саросар шитоб ва суръат аст ва ин шитоб чунон саросари зиндагии моро ишғол кардааст, ки мумкин аст лаҳзае бо худ бияндишем, ки ин ҳама талош ва ин ҳама суръат барои кадом ҳадаф ва ба самти кадом мақсад аст?
Агар ба ин пурсиш посух надиҳем ва ин ғафлат ва бетаваҷҷуҳиро идома диҳем, ба тадриҷ рафтор ва амали мо бемаъне мешавад ва ин пучӣ саросари зиндагии моро фаро мегирад.
Мусобиқа дар масири саодат!
Ояте аз Қуръон хитоб ба инсонҳо мегӯяд “бишитобед!” ва кӯшиш ва талоши некӯкоронро ташбеҳ ба як мусобиқаи маънавӣ карда, ки ҳадафи ниҳоии он омурзиши илоҳӣ ва неъматҳои ҷовидони биҳишт аст:
وَسَارِعُوا إِلَى مَغْفِرَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ وَجَنَّةٍ عَرْضُهَا السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ أُعِدَّتْ لِلْمُتَّقِينَ; “Шитоб кунед барои расидан ба омурзиши Парвардигоратон; Ва биҳиште, ки вусъати он, осмонҳо ва замин аст; Ва барои парҳезгорон омода шудааст” (Оли Имрон, 133).
Аз онҷо, ки расидан ба ҳар мақоми маънавӣ бидуни омурзиш ва шустушӯи аз гуноҳ мумкин нест, ҳадафи ин мусобиқаи маънавӣ дар дараҷаи аввал мағфират (бахшоиши илоҳӣ) ва дувумин ҳадафи он биҳишт қарор дода шуда, ки паҳнои осмонҳо ва замин аст.
Нуктаҳо:
Тафсири Нур ба мо мегӯяд: гурӯҳе аз донишмандони исломӣ, ақида доранд, ки биҳишт ва дӯзах ҳамакнун вуҷуд доранд ва яке аз далоил онон ҳамин оёт “أُعِدَّتْ لِلْمُتَّقِينَ” ё “أُعِدَّتْ لِلْكافِرِينَ” ва вожагоне аст, ки дар ин оёт ба кор рафтааст.
Омурзиши гуноҳ, кори илоҳӣ аст ва мурод аз суръат ба сӯи мағфират, суръат ба сӯи коре аст, ки мағфиратро ба дунбол дошта бошад.