IQNA

Таваккул дар Қуръон / 4

Маънои «ваколат» (вакил) дар Қуръони Карим

5:56 - April 13, 2025
рақами хабар: 3205
ИКНА - Таваккул истилоҳест, ки дар доираи дин, ирфон ва ахлоқ маънои васеъе дорад ва бо мафоҳими гуногун — аз ҷумла имон, тақво ва робитаи ботинӣ бо Худо — иртиботи зич дорад.

Калимаи «вакӣл» дар Қуръони Карим такроран истифода шудааст ва дорои корбурдҳои гуногун аст. Дар баъзе оятҳо, вакил ба маънои шоҳид ва гувоҳ омадааст. Масалан, Қуръони Карим аз забони ҳазрати Яъқуб (а) дар ҳодисаи супурдани Бинямин ба бародаронаш чунин мефармояд:

فَلَمَّا آتَوْهُ مَوْثِقَهُمْ قَالَ اللَّهُ عَلَى مَا نَقُولُ وَكِيلٌ (Юсуф: 66) Бар асоси ин оят, инсон бояд дар ҳама қарордодҳо ва аҳдномаҳояш устуворӣ ва эътибори ҳуқуқӣ дошта бошад ва гаравҳои муносиб бигирад, сипас Худовандро ҳамчун вакил ва гувоҳ бар он қарор диҳад.

Худованди Мутаъол ба Паёмбари Ислом (с) хитоб мекунад, ки ту барои ҳидояти мардум вакил, яъне маъмур ё мутасаллит бар онҳо нестӣ, балки вазифаи ту фақат таблиғи рисолат аст. Чунон ки Қуръон дар сураи Шӯро мефармояд:

وَ الَّذِينَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ اللَّهُ حَفِيظٌ عَلَيْهِمْ وَ مَا أَنْتَ عَلَيْهِمْ بِوَكِيلٍ (Шӯро: 6) Аз ин рӯ, Паёмбари Акрам (с) набояд то ин ҳад ҷони худро барои ҳидояти онҳо ба хатар андозад.

Инчунин, Худованд вакил, яъне ҳофиз ва нигаҳбони ваҳй дар дили Паёмбар (с) аст, чунон ки фармудааст:

وَ لَئِنْ شِئْنَا لَنَذْهَبَنَّ بِالَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ بِهِ عَلَيْنَا وَكِيلًا (Исро: 86) Ё вакил ба маънои ҳофиз ва ҳомии бандагон дар баробари шайтон аст:

إِنَّ عِبَادِي لَيْسَ لَكَ عَلَيْهِمْ سُلْطَانٌ وَ كَفَى بِرَبِّكَ وَكِيلًا (Исро: 65) Дар маҷмӯъ, Худованд вакили ягона ва кофиест, ки метавон ҳамаи умури худро ба Ӯ супурд, ба Ӯ комилан эътимод кард ва Ӯро дар тадбир ва кафолати умур басанда донист. Аз ҳамин ҷиҳат, вакил яке аз асмои Ҳуснои Худо ба шумор меравад. Ва ҳамин маънои охир бо маънои истилоҳии таваккал пайванд дорад: яъне итминон, эътимод ва такяи инфиродӣ ва комил бар қудрат ва дониши Худованд, ва дар айни замон ноумедӣ ва яъс аз мардум ва ҳар иллати мустақили дигар.

https://iqna.ir/en/news/3492457

captcha