IQNA

Бозсозии гунбадҳои масҷиди Аёсуфияи Истанбул

14:13 - April 15, 2025
рақами хабар: 3221
ИКНА - Дар марҳилаи ҷадиди тармими масҷиди таърихии Аёсуфия дар Истанбул, гунбадҳои ин бино бо ҳадафи муқовимат ба хатароти зилзила таҳким ва бозсозӣ мешаванд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории "Анатолӣ", марҳилаи ҷадиде аз тармимҳои густурдаи бинои 1500-солаи Аёсуфия дар шаҳри Истанбули Туркия оғоз гардидааст. Дар ин марҳила таваҷҷуҳи аслӣ ба ҳифзи гунбадҳои таърихии ин бино дар баробари хатароти зилзила равона шудааст.

Мақомот эълом кардаанд, ки ин лоиҳа таҳкими гунбади аслӣ ва нимгунбад, иваз кардани пӯшишҳои сурбии фарсуда ва таҳкими чаҳорчӯби филизии онро дар бар мегирад.

Интизор меравад, ки насби як кран (ҷарсақил)-и бурҷӣ дар ҷануби шарқии бино бо интиқоли маводи лозим, равандро осонтар кунад.

Муҳаммад Салим Уктен, муҳандиси сохтмон ва устоди Донишгоҳи Мимор Синон ва узви Шӯрои илмии нозири бозсозӣ гуфт:
«Мо ба муддати се сол кӯшишҳои фаровонеро барои бозсозии Аёсуфия ва сохтмонҳои мутааллиқ ба он анҷом додаем. Дар поёни ин се сол, диққати худро рӯи амн кардани манораҳо, гунбади аслӣ ва тоқҳои калидӣ, ба вижа бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли зилзила дар Истанбул, мутамарказ кардаем».

Дар соли 2023 зилзилаи сахте бо шиддати 7.8 дараҷаи рихтер ҷануби Туркияро ларзонд, ки дар натиҷа садҳо ҳазор бино тахриб ва беш аз 53 ҳазор нафар кушта шуданд. Гарчи Истанбул зери таъсири мустақим қарор нагирифт, аммо харобкориҳои ҷануби кишвар нигарониҳо дар мавриди эҳтимоли такрори чунин ҳодисаро бештар кард. Кишваршиносон ба наздикии Истанбул бо хатти фурӯбарии замин ишора кардаанд.

Уктен афзуд: «Як марҳилаи ҷадид дар ҳоли оғоз аст — муҳимтарин дахолат дар беш аз 150 соли гузашта ва шояд дар тамоми таърихи тӯлонии ин бино. Мо дар қисмати шарқии бино як кран насб мекунем ва пас аз он болои ин сохтмони беназирро бо системаи муҳофизатӣ мепӯшонем, то амнияти кор таъмин гардад ва битавонем таври илмӣ қишрҳои сохтмонро мавриди баррасӣ қарор диҳем, аз ҷумла осебҳое, ки дар натиҷаи сӯхтор ва зилзила дар қарнҳои 10 ва 14 ба вуҷуд омадаанд».

Аёсуфия, ки аз сӯи императори Византия Юстинианус дар соли 537 милодӣ сохта шуд, пас аз фатҳи Истанбул дар соли 1453 аз сӯи Усмониҳо ба масҷид табдил дода шуд. Дар соли 1934 Мустафо Камол Отатурк, поягузори Ҷумҳурии Туркия, онро ба осорхона табдил дод.

Уктен гуфт: «Мо корро рӯи чаҳор манора ва бинои аслӣ ба анҷом расонидем. Аммо дар пайи бозсозии ин мероси фарҳангии нодир ҳастем ва тасмим дорем дар он аз маводи сабук ва муосир истифода кунем ва бино ҳамзамон барои боздид боз бимонад».

Руперт Вуҝреф, устоди Донишгоҳи Кембриҷ низ гуфт: «Аёсуфия биноест аҷиб ва яке аз муҳимтарин ёдгориҳои таърихии ҷаҳон. Бароям муҳим ба назар мерасад, ки онро дар баробари зилзила таҳким ва ҳифз кунанд».

Гарчи бахши "Саройи Султон" — бахше аз бинои Аёсуфия — аз даҳаи 1990 пазирои намозгузорон буд, гурӯҳҳои мазҳабӣ ва миллигаро дар Туркия муддатҳост орзуи табдил додани ин иморати 1500-соларо ба масҷид доштанд ва онро мероси Султон Муҳаммади Фотеҳ медонистанд. Дар соли 2020, додгоҳи олии маъмурии Туркия фармони соли 1934-ро лағв кард ва иҷозаи бозкушоии ин бино ба унвони масҷидро содир намуд.

https://iqna.ir/fa/news/4276499

captcha