
Ба гузориши “ИҚНО” аз рӯзномаи Ал-Масоъ, омодагии ниҳоӣ барои рӯнамоии ин нусхаи Қуръон дар вилояти Тилмсон ҷараён дорад. Дар ҳамин робита, як қатор ҷаласаҳо бо Кумитаи фаннии тазарриб ва зебоорои Қуръон, бо ҳузури масъулони қуръонии вилоят, баргузор шудаанд.
Волии вилояти Тилмсон пас аз ошноӣ бо усули зебоорои ва санъатҳои исломие, ки дар ин Қуръон ба кор бурда шудаанд, ин кори муқаддасро масъулияте бузург донист, ки ниёз ба дақиқкорӣ, маҳорати хаттотӣ ва риояи қоидаҳои санъати навишт дорад. Ба гуфтаи ӯ, хатти насх зебоии хоси худро дорад.
Ин хат дар асри сеюми ҳиҷрӣ аз тарафи Ибни Муқлаи Шерозӣ эҷод шудааст; дар оғоз, он ҳамсатҳи хатти куфӣ ба шумор мерафт. Пас аз хатти куфӣ, насх ба тадриҷ хатти асосӣ барои китобати Қуръон гардид.
Мадрасаи қуръонӣ, вобаста ба масҷиди Абузар Ғафорӣ дар минтақаи Банӣ Масус, дар тӯли даҳ рӯзи пайдарпай корҳои бознигарӣ ва ислоҳи ин нусхаи Қуръонро анҷом додааст.
Қаблан низ, раванди ислоҳ ва бознигарии Қуръони шайх Иброҳим Абду-Самиъ Буқандура бо хатти мубсут (хатти суннатии алҷазоирӣ) дар поёни соли 2024 дар ҳамин масҷид анҷом шуда буд. Он нусхаи Қуръон ба муносибати 70-солагии Инқилоби озодихоҳии Алҷазоир чоп гардид.
Иброҳим Абду-самиъ Буқандура, имом ва хатиби масҷиди Шуҳадо дар шаҳри Арбаъа, ҳамчунин тавонистааст тамоми Қуръонро бо хатти набсур китобат кунад — яке аз қадимтарин хатҳои арабӣ дар Алҷазоир.
Ин хат аз хатти андулусӣ сарчашма мегирад, ки дар дастнависҳо, марказҳои илмии суннатӣ (завияҳои илмӣ) ва масҷидҳои қадимаи Алҷазоир истифода мешуд.
Вай гуфт:
«Ин кор танҳо як лоиҳаи хаттотӣ набуд, балки чолиши шахсӣ ва талоше барои эҳёи мероси фарҳангӣ буд, ки имрӯз дар хатари нобудӣ қарор дорад».
Бояд гуфт, ки ҳамзамон бо баъсати Пайғамбари Акрам (с), вақте хатти арабӣ аз Ҳира ва Анбор ба Ҳиҷоз расида буд, навиштан ба ду шеваи гуногун — хатти мубсут (ё хушк) ва хатти муқаввар (ё нарм ва гирд) — ривоҷ дошт.
Хатти мубсут ё “ёбис” хатти сахт, кунҷадор ва ҳамвор буд, ки бештар барои навиштаҷот, сангқабрҳо, сиккаҳо ва мусҳафҳо истифода мешуд. Хатти куфӣ, ки андаке баъдтар падид омад, ба ҳамин хусусиятҳо монанд буд.
4313101