Бовари шахси бетаваққул ин аст, ки масалан бо таҳсил илм меомӯзад, ё бо таҷриба ва кӯшишу дониш рӯзии худро ба даст меорад, ё рафтори хоссе ба ӯ иззат медиҳад. Қуръони Карим аз забони Қорун нақл мекунад: قَالَ إِنَّمَا أُوتِيتُهُ عَلَى عِلْمٍ عِنْدِي (Қасас: 78); вале шахси мутаваккил дар муқобили ҳар неъмат ва қудрате онро фазле аз ҷониби Худованд медонад: قَالَ هَذَا مِنْ فَضْلِ رَبِّي (Намл: 40).
Албатта, ӯ тамоми сабабҳои оламро абзор медонад ва аз ҳамин ҷиҳат бо таваккул бар Худо, қобилиятҳои худро дар чорчӯби абзорҳои дар низоми офариниш қарордодаро мешиносад; аммо ҳамон гуна ки қалам абзоре дар дасти нависанда аст ва бо иродаи ӯ ҳаракат мекунад, тамоми асбоб ва василаҳое, ки дар олам таъсир доранд, дар воқеъ абзорҳое дар дасти қудрати Худо ҳастанд ва танҳо бо ирода ва хоҳиши Ӯ таъсир мекунанд.
Бинобар ин, фарқи шахси таваккулдошта бо шахси бетаваққул дар он аст, ки таваккулдошта аз назари қалбӣ Худованди Мутаъолро фоили аслӣ медонад ва ба Ӯ таваккул мекунад, на ба асбоб, василаҳо, пул ё шинос. Аз ин рӯ, фарқи онҳо дар зоҳири рафтор нест. Чӣ басо шахси таваккулдошта назар ба дигарон бо ҷиддияти бештар кор кунад, аммо амалро сабаби асливу ҳақиқӣ намедонад.
Албатта, даъвои чунин эътиқод осон аст, вале амал кардан ба он бисёр душвор. Агар касе, ки чунин даъво дорад, ҳангоми иҷрои масъулият боэҳтиёт шавад ва аз тарси нороҳатӣ, хашм ё қудрати шахси дигар вазифаи худро тарк кунад, ин рафтор бо ҳақиқати таваккул мутобиқат надорад.
Агар як банда хоҳад, ки бар Худои худ таваккул кунад, бояд Худоро соҳиби ҳамаи шойистагиҳо бидонад, то битавонад дар ҳама умур бар Ӯ такя кунад, роҳи хайр ва некбахтиро аз Ӯ талаб кунад ва ба тақдиру қазое, ки Ӯ таъйин кардааст, итминон дошта бошад. Ин масъала вобаста ба маърифат ва шинохти Худо аст, ва баъд аз ин марҳила навбат ба амал ва иқдом мерасад. Аз ин рӯ, таваккул дар маҷмуъ ду навъ пешшарти маърифатӣ ва амалӣ дорад.