ИКНА - Муқаддамоти маърифатии таваккул, яъне огоҳӣ ва боваре аст, ки банда бояд нисбат ба Худо ва иртиботи худ бо Ӯ дошта бошад. Мисдоқҳои ин боварҳо дар оятҳои Қуръон ба таври равшан баён шудаанд.

Гуфта шуд, ки таваккул вобаста ба маърифат ва шинохт аст ва баъд аз ин марҳила, навбати амал ва иқдом мерасад. Аз ин рӯ, таваккул дар маҷмӯъ ду навъ муқаддамоти маърифатӣ ва муқаддамоти амалӣ дорад. Чунончи ҳазрати Алӣ (Алайҳиссалом) дар ривояте ба ҷанбаи маърифатии таваккул ишора карда, фармудаанд:
«التَّوكُّلُ مِن قُوَّةِ اليَقينِ» “Таваккул аз нерӯмандии яқин сарчашма мегирад”.
Дар идома ба шакли мухтасар ба бархе аз мисдоқҳои яқин ва муқаддамоти маърифатии таваккул дар оятҳои Қуръон ишора мешавад:
- Аввал: имон ба меҳрубонӣ ва раҳмати фарогири Худо аст. Дар сураи «Мулк» мехонем: قُلْ هُوَ الرَّحْمَنُ آمَنَّا بِهِ وَ عَلَيْهِ تَوَكَّلْنَا (Мулк: 29) — Бигӯ: Ӯ Раҳмон аст, ба Ӯ имон овардем ва бар Ӯ таваккул кардем. Бовари дигар: олим будани Худо ба хайру салоҳи бандагон аст. Қуръони Карим мефармояд: وَسِعَ رَبُّنَا كُلَّ شَيْءٍ عِلْمًا عَلَى اللَّهِ تَوَكَّلْنَا (Аъроф: 89) — Парвардигори мо ба ҳар чиз донише фарогир дорад; мо бар Худо таваккул мекунем. Яъне дониши илоҳӣ беинтиҳо аст ва мо бо дониши мутлақе рӯ ба рӯем, ки аз ҳама чиз, аз ҷумла хайру салоҳи мо огоҳ аст. Аммо шояд муҳимтарин бовар дар таваккул: имон ба хайрхоҳии Худо бошад. Қуръони Карим дар сураи Тавба мефармояд: قُلْ لَنْ يُصِيبَنَا إِلَّا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَنَا هُوَ مَوْلَانَا وَ عَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ (Тавба: 51) — Бигӯ: чизе бар мо намерасад ҷуз он чи Худо барои мо навиштааст. Ӯ мавлои мост ва муъминон бояд бар Худо таваккул кунанд. Муъмин худро зери вилоят ва ҳимояти Худо медонад ва аз он ҷо ки мавло барои бандааш бадиро намехоҳад, он чи Худо барои муъмин тақдир кардааст, хайр аст. Бовари дигар ин аст, ки Худо тавоно ва ҳидоятгар аст ва моро ба хушбахтӣ ва саодат раҳнамун шудааст. Дар сураи Иброҳим мехонем: وَ مَا لَنَا أَلَّا نَتَوَكَّلَ عَلَى اللَّهِ وَ قَدْ هَدَانَا سُبُلَنَا وَ لَنَصْبِرَنَّ عَلَى مَا آذَيْتُمُونَا وَ عَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُتَوَكِّلُونَ (Иброҳим: 12) — Чаро бар Худо таваккул накунем, дар ҳоле ки Ӯ моро роҳнамоӣ кардааст? Мо бар озорҳое, ки шумо мерасонед, сабр хоҳем кард ва таваккулкунандагон бояд танҳо бар Худо таваккул кунанд.
https://iqna.ir/en/news/3492565