Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари Ҳифз ва Нашри Осори Ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Хоманаӣ, Раҳбари Муаззами Инқилоб субҳи панҷшанбеи дар поёни маросими азодории солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), ки дар он "гурӯҳе аз фаолони қуръонӣ ва масъулони барномаҳои расонаи миллӣ дар моҳи мубораки Рамазон" низ ҳузур доштанд, изҳор доштанд:
Имрӯз дар ҷаласаи мо, ба ҳамди Худо, аҳли Қуръон ҷамъанд. Худоро шукр, ки имсол моҳи мубораки Рамазон як моҳи қуръонӣ буд; Худоро шукр. Ва дар саросари кишвар, ба ҳиммати шумо бародарон, дар ҳар ҷо ва бахш — чӣ дар Садо ва Симои ҷумҳурӣ ва чӣ дар берун аз он — мардум бо дили худ бо Қуръон пайванд доштанд.
Ишон афзуданд: Мо ба ин ниёз дорем. Ин чизест, ки кишвар ва ҷавонони мо ба он эҳтиёҷ доранд. Ин тиловати Қуръон, ин ҳифзи Қуръон, ки вақте мебинам ҷавонон нишастаанд ва бо тартиб тиловат мекунанд, ё ҳофизон аз ёд мехонанд — аз шиддати хурсандӣ ва хушҳолӣ воқеан мутаассир мешавам. Алҳамду лиллоҳи раббил-ъоламин.
Раҳбари Муаззами Инқилоб дар идома фармуданд: Ин равандро идома диҳед. Албатта, мо дар заминаи Қуръон ҳанӯз корҳои зиёде дорем, корҳое ҳастанд, ки бояд анҷом шаванд. Мо бояд мафҳумҳои Қуръонро, ки як баҳри бузург ва амиқ аст, дар миёни мардум ва қориёни Қуръон ривоҷ диҳем. Алҳамду лиллоҳ, ҳамааш бисёр хуб буд. Худоро шукр.