IQNA

Сураҳои Қуръон / 53

Сафари осмонӣ ва гуфтугӯи Паёмбар(с) бо Худо дар сураи Наҷм

20:19 - August 12, 2023
рақами хабар: 330
Теҳрон (ИКНА) яке аз боварҳои мусулмонон, сафари осмонии Паёмбари Ислом(с) аст. Дар ин сафар Паёмбари Ислом(с) ба сурати шабона ба осмонҳо сафар мекунад ва бо бархе фариштагон, Паёмбарон ва ҳатто бо Худо гуфтугӯ мекунад.

Панҷоҳу севумин сураи Қуръони Карим “Наҷм” ном дорад. Ин сура бо 62 оят дар ҷузъи 27 Қуръони Карим қарор дорад. “Наҷм”, ки сураи макӣ аст дар тартиби нузул, бисту севумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст. Ба эътиқоди бархе, сураи Наҷм аввалин сурае аст, ки Паёмбар(с) баъд аз ошкоркардани даъвати худ ба Ислом, онро ошкор ва бо садои баланд дар ҳарами Макка тиловат кард.

Ин сураро ба ин далел, ки дар ояти аввалаш Худованд ба Наҷм савганд ёд карда, “Наҷм” меноманд. Дар ин оят, ба замони фуруд омадан ва ғуруби ситора қасам хӯрда шудааст. Вожаи “Наҷм” сездаҳ бор ба сурати муфрад ва ҷамъ дар Қуръон ба кор рафтааст.

Ҳадафи куллии сура, таъкид бар се мавзӯъ “Рубубият”, “Набувват” ва “Маод” аст. Баёни ҳақиқати ваҳй ва иртиботи мустақими Паёмбар(с) бо Ҷабраил, баёни Меъроҷи Паёмбар, интиқод аз эътиқоди мушрикон ба бутҳо, боз будани роҳи тавба ба рӯи мушрикон ва инки ҳар кас масъули аъмоли худаш аст ва ишора ба сарнавишти дардноки ақвоми пешин, ки дар душманӣ бо ҳақ пофишорӣ доштанд, аз дигар мавзӯъоти ин сура аст.

Дар оғози сураи Наҷм, баъд аз савганд, аз ҳақиқати ваҳй сухан мегӯяд ва иртиботи мустақими Паёмбар(с)-ро бо Ҷаброиил ба унвони фаришта баён мекунад. Ҳамчунин бар ин масъала таъкид дорад, ки Паёмбари Ислом(с) сухане ҷуз ваҳйи илоҳӣ нагуфтааст.

Дар бахши дигаре аз ин сура аз Меъроҷи Паёмбар ё ҳамон сафари Паёмбар ба осмонҳо сухан гуфтааст ва бахшҳое аз он сафарро ба тасвир кашидааст.

Сипас ба хурофоти мушрикон дар заминаи бутҳо, ва ибодати фариштагон, ва умури дигаре, ки ҷуз аз рӯи ҳаво ва ҳавас набуд, пардохта ва онҳоро сарзаниш мекунад ва роҳи тавба ва бозгаштро барои гумроҳон боз мегузорад ва ба онҳо бахшиши хосси илоҳиро хабар медиҳад ва таъкид мекунад, ки ҳар кас масъули аъмоли хеш аст.

Дар идома ба масъалаи маод мепардозад ва бо далоили мантиқӣ ва равшан онро исбот мекунад. Ҳамчунин ба сарнавишти дардноки ақвоми пешин, ки душмани ҳақиқат ҳастанд ва бар душмании худ исрор мекарданд, ишора мекунад.

Яке мавзӯъоти муҳимме, ки дар ин сура ишора шуда, Меъроҷи Паёмбар ва сафари осмонии эшон аст. Меъроҷ, сафари Паёмбари Ислом(с) аз Масҷидулақсо (минтақае дар Фаластин) ба осмонҳо аст. Тибқи гузориши манобеи исломӣ, Паёмбар(с) дар шабе, аз Макка ба Масҷидулақсо интиқол ёфт ва аз онҷо ба тарафи осмон боло рафт. Ӯ дар шаби Меъроҷ, бо бархе аз фариштагон дидор ва гуфтугӯ кард ва аҳли биҳишт ва аҳли ҷаҳаннамро мушоҳида кард. Тибқи аҳодис, Паёмбар дар шаби Меъроҷ, бо бархе аз Паёмбарон низ дидор кард ва гуфтугӯе низ миёни ӯ ва Худо сурат гирифтааст.

 

captcha