IQNA

Аъмоли моҳи Зилҳиҷҷа ва фазилати 10 рӯзи махсуси Худованд

9:23 - May 29, 2025
рақами хабар: 3394
ИКНА - Моҳи мубораки Зилҳиҷҷа, ки дар он «айёми маълумаот» қарор дорад, аз зумраи моҳҳои пурфазилати қамарӣ ба шумор меравад, ки бо дуо, анҷоми корҳои нек, рӯза доштан, қироати сураи Фаҷр ва ғайра метавон аз баракоти он баҳра гирифт.

Ба гузориши ИКНА, имрӯз мусодиф аст бо рӯзи аввали моҳи вижа ва мубораки Зилҳиҷҷа; моҳе, ки на танҳо дар Қуръон зикр шудааст, балки Паёмбари гиромии Ислом ва Имомони маъсум (а) низ дар бораи фазилати он сухан гуфтаанд.

Худованди Мутаъол дар ояти 28 сураи Ҳаҷ мефармояд: لِيَشْهَدُوا مَنَافِعَ لَهُمْ وَيَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ فِي أَيَّامٍ مَعْلُومَاتٍ عَلَى مَا رَزَقَهُمْ مِنْ بَهِيمَةِ الْأَنْعَامِ فَكُلُوا مِنْهَا وَأَطْعِمُوا الْبَائِسَ الْفَقِيرَ
«То манфиатҳое барои худ бибинанд ва номи Худоро дар рӯзҳои маълуми бар чаҳорпоёне, ки ба онон рӯзӣ додааст, ёд кунанд; пас, аз он бихӯред ва ба фақирону ниёзмандон бихӯронед».

Дар ин оят, сухан аз «айёми маълумаот» рафтааст, ки мӯъминон бояд дар он рӯзҳо Худоро ёд кунанд. Яке аз тафсирҳои машҳури ин ибора, ки дар ривоятҳо зикр шудааст, 10 рӯзи аввали моҳи Зилҳиҷҷа аст, ки ҳам шабҳои он ва ҳам рӯзҳои он азиз ва махсусанд.

Ҳамчунин, дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, шабҳои даҳгонае, ки дар сураи وَالفجرِ وَ لَیالٍ عَشر ба онҳо қасам ёд шудааст, шабҳои даҳаи аввали ҳамин моҳ аст.

Албатта, мусалмонон набояд чунин гумон кунанд, ки моҳи Зилҳиҷҷа, бахусус даҳаи аввал он танҳо ба зоирони Ҳаҷ ихтисос дорад, балки фазилате, ки дар ин моҳ ва рӯзҳои аввали он қарор дода шудааст, чӣ дар сарзамини ваҳй бошем ва чӣ набошем, метавон бо анҷоми аъмоли тавсияшуда аз ҷониби Паёмбар ва Имомон, аз он баҳра бурд.

Дар ҳадисе аз Расули Худо (с) мехонем: ибодат ва кори нек дар ҳеч рӯзҳое ба андозаи 10 рӯзи аввали моҳи Зилҳиҷҷа фазилат надорад. Пас, ҳар амали хайр ва ибодате дар ин моҳ ва рӯзҳои вижа метавонад муждаи касби фазилат бошад, аммо аъмоли мустаҳабби хоссе низ барои ин рӯзҳо зикр шудааст, ки бархе аз муҳимтарини онҳо дар ин матлаб оварда мешавад. Барои мутолиаи ҷузъиёти бештар дар бораи аъмоли айёми маълумаот ва моҳи Зилҳиҷҷа метавонед ба китоби Мафотиҳул-ҷинон муроҷиат кунед.

Аъмоли 10 рӯзи аввали Зилҳиҷҷа

Барои моҳи Зилҳиҷҷа, бахусус 10 рӯзи аввал, дуоҳо ва аъмоли мустаҳабби бисёре зикр шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба инҳо ишора кард:

1. Намоз

Имоми Содиқ (а) мефармоянд: Падарам Имоми Боқир (а) ба ман фармуд: Писарам! Дар даҳаи аввал аз моҳи Зилҳиҷҷа (аз шаби аввал то шаби Иди Қурбон) ин ду ракаат намозро байни намози мағриб ва ишо тарк накун; дар ҳар ракаат сураи Ҳамд ва Тавҳидро бихон, сипас ин оятро бихон:

وَ وَاعَدْنَا مُوسَی ثَلاَثِینَ لَیْلَةً وَ أَتْمَمْنَاهَا بِعَشْرٍ فَتَمَّ مِیقَاتُ رَبِّهِ أَرْبَعِینَ لَیْلَةً وَ قَالَ مُوسَی لأَخِیهِ هَارُونَ اخْلُفْنِی فِی قَوْمِی وَ أَصْلِحْ وَلاَ تَتَّبِعْ سَبِیلَ الْمُفْسِدِینَ (Аъроф: 142).

Агар чунин кунӣ, дар савоби ҳоҷиён ва аъмоли онҳо шарик хоҳӣ шуд.

2. Рӯза доштан

Дар ривояте Имом Мусо Козим (а) мефармоянд: Ҳар кас 9 рӯзи аввал аз Зилҳиҷҷаро рӯза дорад, Худованд савоби рӯзаи тамоми умрро барои ӯ менависад.

3. Зикри панҷ дуо

Имоми Боқир (а) фармуданд: Худованд тавассути Ҷабраил ин панҷ дуоро ба Ҳазрати Исо (а) ҳадя фиристод, то дар рӯзҳои ин даҳа онҳоро бихонад. Агар касе ҳар рӯз ҳар кадом аз ин дуоҳоро 10 бор бихонад, ба ривоят амал кардааст:

اَشْهَدُ اَنْ لااِلهَ اِلاَّ اللهُ، وَحْدَهُ لا شَریکَ لَهُ، لَهُ الْمُلْکُ وَلَهُ الْحَمْدُ، بِیَدِهِ الْخَیْرُ، وَهُوَ عَلی کُلِّ شَیْء قَدیرٌ.

 اَشْهَدُ اَنْ لا اِلـهَ اِلاَّ اللهُ، وَحْدَهُ لاشَریکَ لَهُ، اَحَداً صَمَداً، لَمْ یَتَّخِذْ صاحِبَةً وَلا وَلَداً.

 اَشْهَدُ اَنْ لا اِلـهَ اِلاَّ اللهُ، وَحْدَهُ لا شَریکَ لَهُ، اَحَداً صَمَداً، لَمْ یَلِدْ وَلَمْ یُولَدْ، وَلَمْ یَکُنْ لَهُ کُفُواً اَحَدٌ. اَشْهَدُ اَنْ لا اِلهَ اِلاَّ اللهُ، وَحْدَهُ لا شَریکَ لَهُ، لَهُ الْمُلْکُ وَلَهُ الْحَمْدُ، یُحْیی وَیُمیتُ، وَهُوَ حَیٌّ لا یَمُوتُ، بِیَدِهِ الْخَیْرُ، وَهُوَ عَلی کُلِّ شَیْء قَدیرٌ. حَسْبِیَ اللهُ وَکَفی، سَمِعَ اللهُ لِمَنْ دَعا، لَیْسَ وَرآءَ اللهِ مُنْتَهی،اَشْهَدُللهِ بِما دَعا،وَاَنَّهُ بَریءٌ مِمَّنْ تَبَرَّءَ، وَاَنَّ لِلّهِ الاْخِرَةَ وَالاْولی.

4. Қироати сураи Фаҷр

Дар ҳадисе аз Расули Худо (с) омадааст: Ҳар кас сураи Фаҷрро дар даҳаи аввал бихонад, гуноҳонаш бахшида мешавад, ва агар берун аз ин даҳа бихонад, сабаби нуронияти ӯ дар рӯзи Қиёмат мегардад.

5. Хондани намози Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)

Ва дуо пас аз намоз (дуое, ки аз Имоми Содиқ (а) ривоят шудааст) низ аз ҷумлаи аъмоли тавсияшуда дар ин 10 рӯз аст.

https://iqna.ir/fa/news/4284889

captcha