Салома Абдулқавӣ, мушовири вазири собиқи авқофи Миср ва аз уламои барҷастаи Ал-Азҳари Миср, бо ирсоли паёми видеои ба муносибати фаро расидани иди саиди Қурбон барои хабаргузории ИКНА таъкид кард:
Ҳангоме ки ба ҳолати мардуми Ғазза менигарам, мебинам, ки онон гаронбаҳотарин, арзишмандтарин ва зеботарин навъи қурбонӣ дар роҳи Худованди Азза ва Ҷаллро ба мо нишон медиҳанд. Онҳо бо камоли таваккул ва эътимод ба Худованди Мутаол, ҷон, мол ва фарзандони худро дар роҳи озодии Қудс нисор кардаанд, зеро ба фармудаи Қуръони Карим:
«Дар ҳақиқат Худо аз мӯъминон ҷон ва молашонро ба ивази он ки биҳишт аз они ишон бошад, харидорӣ кардааст» (Сураи Тавба, ояти 111).
Матни муфассали паёми видеоии Салома Абдулқавӣ ба хонандагони ИКНА чунин аст:
Иди Қурбон яке аз шиорҳои Ислом аст, ки Худованди Азза ва Ҷалл амали забҳро дар он барои касе, ки тавоноӣ дорад, муқаддас шумурда ва ин суннат аз тарафи Паёмбари Акрам (с) гиромӣ дошта шудааст. Аммо имсол иди Қурбон зери сояи қаҳтӣ, гуруснагӣ ва дардҳои поённопазир дар қалби тапандаи уммати Ислом — Қудс, аввалин қиблаи мусалмонон ва маҳалли меъроҷи Расули Худо (с), яъне Байтулмуқаддас ва масҷиди Ал-Ақсо, фаро мерасад.
Яке аз муҳимтарин дарсҳое, ки аз ин иди муборак метавон гирифт, ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳамдардӣ байни уммат аст. Ҳамаи шиорҳои Ислом моро ба сӯи иттиҳод ва якпорчагӣ мехонанд. Ин як масоили илоҳӣ аст. Уммати Ислом як уммати воҳида аст ва иди Қурбон пас аз фаризаи Ҳаҷ фаро мерасад — рӯйдоде, ки ҳамаи мусалмононро дар як ҷо гирд меорад. Мусалмонон аз тамоми дунё, бо вуҷуди ихтилоф дар рангу забон, миллату нажод, дар ҳолати гуфтори воҳид “Лаббайк Аллоҳумма лаббайк…” ҷамъ меоянд.
Онҳо як Худои воҳид доранд, атрофи як хона тавоф мекунанд, дар як макон — Арафот — истиқомат мекунанд. Ҳамаи ин маросимҳо далели равшани илоҳӣ ва тарбияткунандаест, ки нишон медиҳад уммати Ислом бояд як уммати воҳида бошад. Чунонки Худованд фармуда:
«Ҳамагӣ ба ресмони Худо часпед ва пароканда машавед» (Оли Имрон, 103).
Иди Қурбони имсола таъкиде бар ҳамин маънӣ ва бар калимаи “қурбонӣ” аст. Сарвари мо — ҳазрати Иброҳим (а) дар итоати фармони Худо ният кард, ки фарзанди худро қурбон кунад. Ӯ гуфт:
«Эй фарзанди ман, ман дар хоб мебинам, ки туро забҳ мекунам; назарат чист?» Фарзанд низ фармони падарро пазируфт ва гуфт: «Эй падар, он чиро ки амр шудаӣ, анҷом деҳ; агар Худо бихоҳад, маро аз сабркунандагон хоҳӣ ёфт» (Саффат, 102).
Ин итоат ва таваккул ва имони комил ба Худост.
Ин маъно бештар равшан мешавад вақте ки мо ба аҳволи мардуми Ғазза менигарем — ки ҷон ва молу фарзанди худро фидо кардаанд ва аз худ гузаштаанд. Зеро Худо харидааст ҷон ва моли мӯъминонро ба ивази биҳишт.
Яке аз дарсҳои дигари иди Қурбон, ки имрӯз хонаводаҳои мусалмон аз он ғофил шудаанд, мафҳуми неки ба падару модар ва тарбияи фарзандон бар асоси имони дуруст ва муҳаббат ба Худо аст.
Вақте ҷавоби ҳазрати Исмоил (а) ба падари худ ҳазрати Иброҳимро мешунавем:
«Эй падар, он чиро ки амр шудаӣ, анҷом деҳ» — мебинем, ки падар намегӯяд, ки Худо ба ман амр кард, балки мегӯяд, ман дар хоб чунин мебинам...
Ин модар аст, ки фарзандро тарбият мекунад. Ин аст хонаводаи мусалмони Иброҳимӣ. Ба ҳамин хотир, Худованд манзалати Иброҳим ва хонадонашро дар ҳар ду дунё боло бурд. Мо дар ҳар намоз бар Муҳаммад (с) ва хонадонаш салавот мефиристем ва низ бар Иброҳим (а) ва хонадонаш.
Ҳамаи маросими Ҳаҷ: Каъба, саъй байни Сафо ва Марва, Арафот, Муздалифа, Мино — ҳамаи ин бо ҳазрати Иброҳим ва хонадонаш робитаи мустақим доранд.
Эй Парвардигор, бар ҳазрати Муҳаммад ва хонадонаш салом ва дуруду салавот фирист, ҳамон тавре ки бар ҳазрати Иброҳим ва хонадонаш дар ҳар ду дунё баракат ва салавот фиристодӣ. Ба мо биомӯз, ки хонаводаи мусалмон чӣ гуна бояд тарбият ёбад — бар асоси итоат, муҳаббат ба Худо ва имони ростин.
Ин аст усва ва намуна — хонаводаи Иброҳим, ки ба мо маънои Ислом ва таслим буданро меомӯзад.
Таҷассум ёфтани мафҳуми қурбонӣ ва таслим шудан ба амри Худо имрӯз дар Ғазза низ дида мешавад — ҳар касе ки аз ҷон ва мол мегузарад. Пас иди Қурбони имсола танҳо рӯзҳои тафреҳ ва хушгузаронӣ нест. Не! Ин рӯзҳо фурсати барпоии шиорҳои илоҳӣ аст — шиорҳое, ки бо имон ва эътиқоди мо иртибот доранд ва бо дарду ранҷи уммати Ислом ҳамбастагӣ доранд.
Пас ҳаргиз набояд дар ин рӯзҳои ид, аз вазъи Ғазза ва дарди он, аз Қудс ва Байтулмуқаддас — нахустин қиблаи мусалмонон — ғофил бошем.
Эй Парвардигори ду олам, эй меҳрубонтарини меҳрубонон! Аз ту хоҳонем, ки дар ин рӯзҳои муборак, барпо кардани намоз дар саҳни масҷиди Ал-Ақсо-ро насиби мо гардонӣ, дар ҳоле ки Қудсро озод кардаем ва нидои такбир сар медиҳем...
Зеро бузургтарин иди мо, рӯзи озодии Қудс ва Байтулмуқаддас ва озодии ҳамаи сарзаминҳои ишғолшуда аз дасти золимону мустабиддон хоҳад буд.
Парвардигоро, бар ҳазрати Муҳаммад ва хонадонаш, ёрону саҳобаҳояш дуруду салом фирист, чунончи бар ҳазрати Иброҳим ва хонадонаш дар ҳар ду ҷаҳон баракат фиристодӣ. Ҳамд ва сипос фақат сазовори Худо ва Ӯст, ки бузургтар аз ҳар тавсиф аст. Ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест.