Ба гузориши Ино, дар пайи суханони хашмгин ва таҳдидомези Раисиҷумҳури Амрико нисбат ба мақоми Раҳбари Муъаззами Инқилоб, Ҷомеъаи Қуръонӣ бо садо додани баённомае ба ин масъала вокуниш нишон дод.
Маъзарат дар бораи ин баённома ба шарҳи зер аст:
«Бисми-Лоҳир-Раҳмон-Раҳим
Умматии Исломӣ дар яке аз ҳассостарин ва сарнавиштсозтарин давраҳои таърихии худ қарор дорад; даврае, ки муқаррарияти муқаддаси марҷаияти динӣ, рукни устувори муқовимат ва амуди хаймаи якдилии уммат, Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-Узмо Имом Хоманаӣ дар ҳадафи таҳқири бесобиқа ва таҳдиди ошкори Раисиҷумҳури номутавозун ва қумарбози Амрико қарор гирифтааст. Ин таҳқири бепарда дар вуҷуди рафтори ҷоҳилона, ғурури кӯр ва иштибоҳи стратегӣ дар ҷабҳаи истикбор ва саҳюнизми байналмилалӣ аст, ки талоше нохалаф барои заиф кардани марзҳои якдилии уммат ва шикастани мустаҳкамияти маънавӣ ва сиёсӣ ба уммати Исломӣ мебошад. Ин амал на фақат нақзи усулҳои асосии инсонӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, балки як ҳамлаи ошкор ба сулбаи Ислом, шараф ва мероси маънавии уммат ва тамаддуни асрҳо мебошад.
Қуръони Карим, китоби осмонӣ ва роҳнамои абадии башарият, дар муносибат ба чунин зулм ва ситам, ҳушдори ошкор ва рӯшан медиҳад;
إِنَّ الَّذِینَ یَکْفُرُونَ بِآیَاتِ اللَّهِ وَیَقْتُلُونَ النَّبِیِّینَ بِغَیْرِ حَقٍّ وَیَقْتُلُونَ الَّذِینَ یَأْمُرُونَ بِالْقِسْطِ مِنَ النَّاسِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِیمٍ
(Ол-Имрон; 21).
«Касоне, ки ба оятҳои Худо куфр мекунанд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекушанд ва онҳоеро, ки ҳукм мекунанд бар адолат, ба қатл мерасонанд, пас ба онҳо хабар диҳед аз ҷазои ранҷовар.»
Қуръон бо баёни ошкор,оқибати касонеро, ки дар баробари оятҳои Худо истодаги мекунанд ва дар муқобили парчамдорони адолат ва ҳақиқат қарор мегиранд, тарсим мекунад.
Имрӯз таҳдид алайҳи марҷаъияти динӣ ва раҳбари уммати Ислом, мисоли ҳамон куфр ва зулм аст, ки дар шакли баруз ва бо ҳамон хислати шайтонӣ ва фиръавнӣ, худро ба намоиш мегузорад. Ин таҳдид, алайҳи ҳувияти умумии уммат, аҳдофи ваҳдатӣ ва мероси арзишманди аҳли Байт (а) мебошад. Китоби осмонии мо мусалмонон бисёр аз тадбирҳои душманон нисбат ба паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ сухан гуфтааст ва дар сураи Аъроф, ба яке аз ин саҳнаҳои таърихӣ ишора мекунад:
وَلَمَّا رَجَعَ مُوسَى إِلَى قَوْمِهِ غَضْبَانَ أَسِفًا قَالَ بِئْسَمَا خَلَفْتُمُونِی مِن بَعْدِی أَعَجِلْتُمْ أَمْرَ رَبِّکُمْ وَأَلْقَى الْأَلْوَاحَ وَأَخَذَ بِرَأْسِ أَخِیهِ یَجُرُّهُ إِلَیْهِ قَالَ ابْنَ أُمَّ إِنَّ الْقَوْمَ اسْتَضْعَفُونِی وَکَادُوا یَقْتُلُونَنِی فَلَا تُشْمِتْ بِیَ الْأَعْدَاءَ وَلَا تَجْعَلْنِی مَعَ الْقَوْمِ الظَّالِمِینَ»
(Аъроф; 150).
«Вақте ки Мӯсо (а) хашмгин ва ғамгин ба қавмаш баргашт, гуфт: Пас аз ман чи бад ҷонишине барои ман будед! Оё коре ки Парвардигоратон фармоиш кард пеш гирифтед? Ва тавротро гузошт ва сари бародарашро гирифт ва ӯро ба сӯи худ мекашид. [Ҳорун] гуфт: Эй писари модарам! Ин гуруҳ маро заиф медиданд ва наздик буд маро бикушанд пас душманонро бар ман шод макун ва маро бо гурӯҳи ситамкорон қарор мадеҳ...». "Ин оят тасвири зиндаи инҳирофи қавми Мӯсоро ва кӯшиш барои заиф кардани ҷойгоҳи раҳбарии илоҳиро нишон медиҳад. Банӣ Исроил дар ғиёбати ӯ ба парстиши гусолаи Самарӣ рӯй оварданд ва ҳатто Ҳарун, ҷонишини Мӯсо, таҳдид ва таҳқирро таҳаммул кард. Имрӯз ҳам уммати Исломӣ бо таҳдиде мисли ҳамин рӯ ба рӯ аст, таҳдиде ки на танҳо марҷаъияти динӣ, балки ягонагӣ ва ҳувияти умумии умматро нишона гирифтааст. Қуръони Карим дар сураи Қасас ба дасисаи дигар алайҳи Ҳазрати Мӯсо ишора мекунад."
وَجَاءَ رَجُلٌ مِّنْ أَقْصَى الْمَدِینَةِ یَسْعَى قَالَ یَا مُوسَى إِنَّ الْمَلَأَ یَأْتَمِرُونَ بِکَ لِیَقْتُلُوکَ…»
(Қасас; 20)
Ва марде аз дуртарин нуқтаи шаҳр бо шитоб омад ва гуфт: Эй Мӯсо! Ашроф ва сарон дар бораи ту машварат мекунанд, ки ту ро бикушанд..." Ин оят, дасисаи сарони фираъвнӣ барои ҳифзи Мӯсо (а) Паёмбари илоҳиро ба тасвир мекашад. Имрӯз ҳам сарони истикбори ҷаҳонӣ бо ҳамон рӯҳияи фираъвнӣ, дар пайи ҳифзи садои адолат ва бедорӣ ҳастанд. Аммо ваъдаи Илоҳӣ, ки дар сураи Анфал ба зебоии баён шудааст, ҳамчунон пояи худро нигоҳ медорад:
«وَإِذْ یَمْکُرُ بِکَ الَّذِینَ کَفَرُوا لِیُثْبِتُوکَ أَوْ یَقْتُلُوکَ أَوْ یُخْرِجُوکَ وَیَمْکُرُونَ وَیَمْکُرُ اللَّهُ وَاللَّهُ خَیْرُ الْمَاکِرِینَ»
(Инфол; 20)
Ва вақте ки кофирон барои ту нақша мекашиданд, то туро ба банд кашанд ё бикушанд ё табъид кунанд, онҳо макр мекарданд ва Худо ҳам макр мекард ва Худо беҳтарин тадбиркунандагон аст." Ин оят ба итминон мерасонад, ки дасисаҳои душманон, ҳарчанд ки мураккаб ба назар оянд, дар баробари тадбири илоҳӣ ноком хоҳанд монд.
Таҳдиди марҷияти динӣ дар бистари таърихӣ ва тамаддунӣ, ҷузъе аз занҷираи тадбирҳое аст, ки аз садри Ислом то имрӯз, алайҳи парчамдорони ҳақ ва адолат анҷом дода шудааст. Таърихи Ислом пур аз намунаҳоест, ки душманон тавассути дасиса, таҳқир ва таҳдид кӯшиш кардаанд, садои ҳақталабиҳоро хомӯш кунанд; аз дасисаҳои Қурайш алайҳи Паёмбари Акрам (с) дар Макка то шаҳодати Имоми Али (а) ва Имоми Ҳусейн (а).
Имрӯз ин таҳдид дар шакли муосир ва бо воситаҳои расонаҳои баруз зоҳир шудааст. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо ин амал на фақат арзишҳои инсонӣ ва қонунҳои байналмилалиро поймол кардааст, балки ба таври мустақим ба бовариҳо ва муқаддасоти яку ним миллиард мусулмонҳо таҳқир кардааст. Ин таҳқир, мисдоқи аслии ҷанг бо Худо ва Паёмбари Худо аст, чунон ки мароҷиъи аъзамҳои тақлид низ бо фатвоҳои қатъии худ, ба он ишора намуда ва ин амалро маҳкум кардаанд.
Ба ин васила, Ҷомеъаи Қуръонии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо қатъият эълом мекунад, ки ба мақсади ҳифзи Имоми Қуръони худ аз ҳеҷ амал нагузашта ва дар сурати эҳсоси пайдо шудани ҳар гуна хатое аз тарафи душмани палид, тамоми асбобу восилаҳои худ, на фақат дар Эрони азиз, балки дар саросари ҷаҳонро барои нобуд кардани ин фитнагарони хабис ба кор хоҳад андохт ва то ором кардани онҳо, аз ҷояш нахоҳад нишаст.
4291858