Ба гузориши Икна, ба нақл аз ал-Фурот, аз-Зайдӣ дар баёнияе эълом намуд: "Ширкат кардани Лашкари Аббос ба таври расмӣ ва тибқи вазифаи вогузоршударо аз ҷониби фармондеҳии амалиёти Карбалои Муъалло ва пас аз баргузор кардани чандин нишаст бо ҳузури вазири корҳои дохилӣ ва раиси Шӯрои генералии артиши Ироқ амалӣ мешавад."
Лашкари размии Аббас аз замони таъсисаш дар 11 сол пеш тавассути нерӯҳои худ ва шахсони ихтиёрӣ ҳамеша дар баргузории маросими Ошӯра ва Арбаъини Эмом Ҳусейн (а) бо муваффақият ширкат кардааст. Лашкари Аббас ҳамчунин дар хизматрасонӣ ба зоирон ва кӯмак ба гузаргоҳҳои марзӣ ва Атаботи муқаддас кӯмак мекунад.
https://iqna.ir/fa/news/4292441