IQNA

Навори тиловати “Муҳсин Қосимӣ” дар 65-умин озмуни Қуръонии Малайзия

12:51 - August 05, 2025
рақами хабар: 3690
Муҳсин Қосимӣ, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар 65-умин даври озмуни байналмилалии Қуръони Карим дар кишвари Малайзия иштирок карда, тиловати худро иҷро кард.

Ба гузориши ИҚНО, 65-умин даври озмуни байналмилалии Қуръони Карим дар Малайзия рӯзи 11-уми август дар Маркази Тиҷорати Ҷаҳонии Куала-Лумпур  пойтахти ин кишвар  ба таври расмӣ оғоз ёфт.

Муҳсин Қосимӣ, ки дар соли 1403 (мувофиқ ба тақвими ҳиҷрии шамсӣ) дар озмуни умумимиллии Қуръон, ки аз тарафи Созмони авқоф ва корҳои хайрияи Эрон баргузор шуд, ҷоиза гирифтааст, намояндаи Эрон дар ҳамин даври озмун аст. Рӯзи якшанбе, 12-уми мурдод, вай дар саҳнаи асосии озмун тиловати худро анҷом дод.

Дар ҳамин даври озмуни байналмилалии Қуръон, Ғуломризо Шоҳмиваи Исфаҳонӣ, яке аз коршиносони варзидаи соҳаи Қуръон низ, ҳамчун довар дар ҳайати доварон дар Малайзия ҳузур дорад.

Муҳсин Қосимӣ дар баромади шаби гузаштааш дар саҳнаи асосии озмун, оятҳои 11 то 21-уми сураи мубораки “Анъом”-ро тиловат кард.

Дар ин мусобиқа ҳар қории Қуръон танҳо як бор иҷозаи иҷрои тиловат дар саҳнаи асосиро дорад.

код

4298122

captcha