Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз Erm News, Виктор Орта — мудири варзишии дастаи "Реал Валядолид" — дар як нишасти хабарӣ, ҳангоми муаррифии Муҳаммад Ҷуоб, бозигари марокашии дастаи худ, ҳозиринро бо қироати оятҳои Қуръон ба шигифт овард.
Вай суханронии худро бо оятҳои 39, 40 ва 41 аз сураи Наҷм оғоз кард:
«Ва барои инсон нест ҷуз он чӣ барои он кӯшиш кунад. Ва албатта кӯшишҳояш дида хоҳанд шуд. Пас баъдан бо подоши комил ҷазо дода хоҳад шуд».
Сипас илова кард:
"Инсон танҳо самараи талоши худро мегирад. Умедворам подоши ту муваффақият дар ҳамин бошгоҳ бошад — ки ин барои ҳамаи мо як муваффақият хоҳад буд."
Ин иқдом, ки дар маросимҳои расмии футболбозони испанӣ коре ғайриоддӣ ба ҳисоб меравад, як ҳаракати фарҳангӣ аст, ки бо ҳадафи арҷгузорӣ ба заҳмату кӯшиши футболбози марокашӣ ва нишон додани аҳамияти ӯҳдадории шахсӣ анҷом шуд.
Қобили зикр аст, ки маросими муаррифии расмии ин футболбоз, ки бояд санаи 5 август баргузор мешуд, ба сабаби ҳозир набудани тарҷумон ба таъхир афтод.
Дар вақти муаррифии расмӣ, Орта таъкид кард, ки Муҳаммад Ҷуоб "интихоби аввали бошгоҳ" мебошад.
Худи ин футболбози 23-сола низ бо ишора ба ояндаи худ дар даста гуфт:
"Ман ҳоло танҳо ба Реал Валядолид фикр дорам. Имсол барои ман бисёр муҳим аст. Мехоҳам беҳтар ва бештар тамрин кунам, то сазовори бозӣ шудан гардам."
4301208