Суханронии ҳуҷҷатулислом валмуслимин сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳафтодуҳаштумин Маҷмаи умумии Созмони Милал нимашаби сешанбе 19 сентябр, оғоз шуд.
Раисҷумҳур Раисӣ, дар оғози суханронии худ бо дар даст гирифтан ва боло бурдани Қуръони Карим, ба дифоъ аз соҳати Каломуллоҳи Маҷид пардохт, ки бахшҳое аз он ба шарҳи зайл аст:
Қуръон каломи Худованд ва китобе аст, ки инсонро ба ақлоният, маънавият, адолат, ахлоқ ва ҳақбоварӣ даъват мекунад. Се рукни асосӣ дар Қуръон, тавҳид, адолат ва каромати инсонӣ аст, ки таъминкунандаи саодати башар аст. Магар Қуръон чӣ фармуда, ки кинаҳои мустакбирон ва арбоби қудрату сарватро барангехтааст?
Қуръон мефармояд: "Эй башар, ситам ва тафриқаро напазир!" Бо ин раҳнамуд метавон ҷаҳоне аз каромат ва азамат сохт. Қуръон аз ваҳдати башар мегӯяд ва ин ки ҳамаи сокинони замин, ҳамчун хоҳар ва бародаранд ва аз як падар ва модар; Қуръон инсонро намояндаи Худованд ва зану мардро бо вуҷуди тафовутҳои табиӣ, мукаммили якдигар ва баробар дар маҳзари Худованд медонад; Қуръон аз ҳарими хонавода дифоъ мекунад ва кӯдакро амонати Худо медонад.
Оё ин нахустин бор аст, ки калимоти Худовандро месӯзонанд ва гумон мекунанд, садои малакутиро барои ҳамеша қатъ мекунанд? Оё Намруд ва Фиръавн ва Қорун бар Иброҳим ва Мӯсо ва Исо (а) пирӯз шуданд?
Қуръон тавҳин ба ақоид ва боварҳоро манъ карда ва эҳтиром ба Иброҳим ва Мӯсо ва Исоро эҳтиром ба вуҷуди Расули Худо Муҳаммад (с) медонад.
وَمَا أُوتِيَ مُوسَى وَعِيسَى وَالنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمْ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِّنْهُمْ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ (Сураи Оли Имрон- ояти 84)
Ин мафоҳими ваҳдатбахш ва таолими мутаолӣ, илҳомбахш, инсонсоз, ҷомеасоз ва тамаддунсози анбиё барои ҷавомеи башарӣ, абдиянд ва ҳаргиз намесӯзанд. Оташи тавҳин ва таҳриф, ҳаргиз ҳарифи "ҳақиқат" нахоҳад шуд.
Исломситезӣ ва апартейди фарҳангӣ, дар суратҳои мухталифи худ аз ҷумла сӯзондани китоби муқаддаси Қуръон то манъи ҳиҷоб дар мадорис ва даҳҳо табъизи шармовари дигар, шоистаи пешрафтҳои инсони муосир нест.