Ба иттилои хабаргузории икно, бо истинод ба сомонаи Остонаи муқаддаси Ҳусайнӣ, Ғайс ал-Ҳасанӣ, масъули бахши равобити байналмилалии шуъбаи равобити умумии Остонаи муқаддаси Ҳусайнӣ, гуфт: «Ин барнома барои соли дуюм пайиҳам бо мақсади роҳнамоӣ ва дастгирии зиёраткунандагони хориҷие, ки ба Карбалои муъалло сафар мекунанд, амалӣ мешавад ва хизматрасониҳои гуногун дар бахшҳои тарҷума, роҳнамоии динӣ, фарҳангӣ ва муаррифии масирҳои зиёратиро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳад.»
Ӯ афзуд, ки таъсиси ин марказҳо бар асоси дастурҳои шайх Абдулмаҳдӣ Карбалоӣ, намояндаи марҷаъияти олии динӣ ва дар посух ба афзоиши пайвастаи шумораи зиёраткунандагони хориҷӣ сурат гирифтааст. Вазифаи ин марказҳо кумак ба зиёраткунандагон дар дастрасӣ ба ҷойҳои муқаддас, шиносоӣ бо масирҳои зиёрат ва гирифтани посух ба саволҳои шаръӣ ва фарҳангӣ мебошад, то онҳо тавонанд бо осонии бештар дар маросими Арбаин иштирок намоянд.
Ал-Ҳасанӣ бо ишора ба доираи фаъолияти ин тарҳ гуфт, ки марказҳои роҳнамоӣ дар се бахши асосӣ, аз ҷумла меҳмонсаройҳои вобаста ба Остонаи муқаддаси Ҳусайнӣ ва маркази шаҳри Карбало ҷойгир шудаанд. Дар ин марказҳо роҳбаладон ва тарҷумонҳои мутахассис ба забонҳои гуногун, аз ҷумла англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, форсӣ ва урду хизматрасонии тарҷума пешниҳод мекунанд. Ин барнома бо ҳамкории факултети адабиёти Донишгоҳи Бағдод амалӣ мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбаладони фаъол дар ин марказҳо маълумоти мукаммалро дар бораи таърихи атоботи муқаддас, одобу аъмоли зиёрат, барномаҳои ибодӣ ва инчунин хизматрасониҳо ва имконоти зарурӣ барои зиёраткунандагон пешниҳод мекунанд, то меҳмонони хориҷӣ бо огоҳӣ ва оромиши бештар дар маросими Арбаин ширкат варзанд.
Масъули бахши равобити байналмилалии Остонаи муқаддаси Ҳусайнӣ ҳамчунин таъкид кард, ки ин тарҳ бахши вижаи таблиғи динӣ низ дорад, ки бо ҳамкории мубаллиғони остона ва гурӯҳе аз уламову фузалои Ҳавзаи илмияи Наҷафи Ашраф фаъолият мекунад. Дар ин бахш мафҳумҳои динӣ ва фарҳангӣ ба забони модарии зиёраткунандагон пешниҳод гардида, ба саволҳои эътиқодӣ, фикрӣ ва фарҳангии онҳо посух дода мешавад.
Ӯ таъкид намуд, ки ин иқдом нишондиҳандаи таваҷҷуҳи ҷиддии Остонаи муқаддаси Ҳусайнӣ ба зиёраткунандагони хориҷӣ ва нақши он дар таҳкими ҷанбаи ҷаҳонии зиёрати Арбаин мебошад. Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдом ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, таҳкими муколама миёни миллатҳо ва муаррифии паёми инсонӣ ва ҷаҳонии наҳзати ҳазрати Имом Ҳусайн (а) мусоидат мекунад.
Дар доираи барномаи фарогири хизматрасонӣ ба зиёраткунандагони Арбаин, Остонаи муқаддаси Ҳусайнӣ ҳамоно тамоми имкониятҳои хизматрасонӣ, фарҳангӣ, тиббӣ, муҳандисӣ, иҷроӣ ва расонаии худро барои пешниҳоди беҳтарин хизмат ба зиёраткунандагони дохилӣ ва хориҷӣ сафарбар намуда, фаъолиятро дар масирҳои мунтаҳӣ ба Карбалои муъалло ва гузаргоҳҳои марзӣ идома медиҳад.
4367541