IQNA

Рӯнамоии паёми қуръонии бузургтарин мавкиби Арбаин дар Ироқ + акс ва видео

12:12 - August 05, 2026
рақами хабар: 4920
Мавкиби Бани Омир, ки бузургтарин мавкиби Арбаин дар Ироқ аз вилояти Басра ба шумор меравад ва ҳамасола вобаста ба шароити рӯз паёмеро дар қолаби ҳунар ва намоишҳои таҷассумӣ ҳамроҳ бо маросими азодории худ ба мардум мерасонад, вориди Карбалои Муалло шуд ва аз паёми қуръонии ин гирдиҳамоии бузург рӯнамоӣ кард

Ба гузориши икно ба нақл аз «Карбало ал-Он», мавкиби Бани Омир ҳар сол ҳангоми ворид шудан ба шаҳри Карбало ва инчунин дар минтақаи Байналҳарамайн, тасвирҳои бузургеро, ки паёмҳое аз Қуръони Карим ва аҳодиси Паёмбари Акрам (с)-ро дар бар доранд, ба намоиш мегузорад.

تعداد بازدید : 0
код

Дастаи сафедпӯши Бани Омир ҳар сол дар остонаи Арбаини Ҳусайнӣ ҳаракати худро аз Басра оғоз мекунад ва рӯзи 19-уми Сафар (баробар бо душанбе, 12-уми мурдод) ба Карбалои Муалло мерасад ва сипас бо нидои «Лаббайк» ба зиёрати ҳарами ҳазрати Имом Ҳусайн (а) мушарраф мешавад.

Мавкиби Бани Омир ҳар сол аз оғози моҳи Сафар сафари худро дар масири 250-километрӣ оғоз намуда, бо гузаштан аз даштҳо ва шаҳрҳои гуногуни Ироқ ва бо сабру таҳаммул ва пушти сар кардани душвориҳои роҳ, худро ба Карбало мерасонад.

4367810

captcha