IQNA

Ҳунари тиловати Қуръон / 29

Ёде аз соҳиби садои осмонӣ

23:03 - November 02, 2023
рақами хабар: 652
Теҳрон (ИКНА) шояд камтар қорие аз назари тарзи баён ва қудрати адои калимот ва ошноӣ бо савт ва лаҳн ва мақомоти қуръонӣ, монанди шайх Сайёд буда бошад, ин қории мисрӣ дар тиловат, тавонманд буд ва шеваи хоссе дар қироат дошт, ки ба мактаби ” Сайёдия” маъруф шуд ва қории соҳиби «ҳанҷараи аламос» лақаб гирифт.

Шайх “Шаъбон Абдулазиз Сайёд” қории номдори мисрӣ дар 20 сентябр 1940 мелодӣ дар хонаводаи қуръонӣ дида ба ҷаҳон гушӯд, падараш шайх “Абдулазиз Исмоил Сайёд”, дар ҳусни хулқ шӯҳра буд ва савти зебо дошт ва дар рустоҳо ва манотиқи мухталиф, чеҳраи шинохта шуда буд.

Шаъбон Сайёд, ба хотир маҳбубияте, ки дошт ва барои ҷалби ризояти тарафдоронаш ба маҷолис мерафт ва барои онон Қуръон мехонд. Ин қории мисрӣ ба ин далел, ки аз асотиди донишгоҳи Ал-Азҳари Миср буд, аз дигар қориёни даврони худ мутафовит буд.

Ӯ дар 31 июл 1966 мелодӣ ба унвони қории ҷаҳонӣ матраҳ шуд ва дар соли 1975 мелодӣ тавонист вориди радиои Миср шавад ва ба иҷрои барнома бипардозад.

Ин қории мисрӣ ба далели доштани садои зебо, нафси тӯлонӣ ва маҳорат дар адои мақомоти савтии мутанаввеъ, дар миёни қориёни бузурги мисрӣ ҷойгоҳи вижае дошт.

“Подшоҳи Субҳ” (ملک الفجر), «қории ҷаҳони ислом», «соҳиби садои осмонӣ», «шаволияи қориён» ва «ситораи маҳофил» аз ҷумла алқобе буд, ки ба шайхи Сайёд дода шуд. Ӯ ҳамаи зиндагяшро дар роҳи тиловати Қуръон сарф кард ва фаъолият дар ҳавзаи тиловати Қуръон ва ҳузур дар ҷамъи дӯстдоронашро ба тадрис дар донишгоҳи Ал-Азҳар ва фаъолият дар ин донишгоҳ ба унвони донишёр ва мударрис тарҷеҳ дод.

Марҳум “Аммор Шариъӣ” мусиқидони машҳури Миср дар бораи ин қории мисрӣ гуфта буд «ман аз садои шайх Сайёд ғофилгир шудам; Чаро, ки тамоми қувоъи мутаорифи мусиқиро дар ҳам шикаст; Шаъбон Сайёд дар тиловати худ комилан равон амал мекунад ва ба содагии ҳар чӣ тамомтар фуруд меояд монанди ҷоришудани об».

Шайх Сайёд ҷавоиз, нишонҳо ва тақдирномаҳои зиёдеро аз кишварҳои мухталиф дарёфт карда буд, ки охирини он, нишони подшоҳ бруниёӣ буд.

Ӯ ҳамчунин ба бисёре аз кишварҳои арабӣ, исломӣ ва ғайри исломӣ аз ҷумла Урдун, Сурия, Ироқ, Индонезия, Фаронса (Париж), Англис (Лондон) ва Амрико мусофират кард.

Дар соли 1994 нишонаҳое аз бемории норасоӣ кулявӣ дар ӯ зоҳир шуд, аммо бо ин вуҷуд тиловатро идома дод то инки беморӣ ӯро комилан замингир кард.

Шайх Шаъбон Абдулазиз Сайёд саранҷом дар субҳи 29 январи соли 1998 ҳамзамон бо рӯзи иди Фитр дар 58 солагӣ аз дунё рафт.

captcha