IQNA

Поёни мусобиқоти Қуръон ва ҳадиси набавии Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс

10:37 - November 04, 2023
рақами хабар: 656
Мусобиқоти Қуръони Карим ва ҳадиси набавии Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар Мадинаи Мунаввара шомгоҳи рӯзи чаҳоршанбе ба кори худ поён дод.

Мусобиқоти Қуръон ва ҳадиси набавии Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, ки ба ҳиммати муовинати варзиш ва ҷавонони вазорати варзиши Арабистон дар Масҷидуннабӣ баргузор шуд, се рӯз ба тӯл анҷомид.

Аз байни 30 ширкаткунанда аз кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар марҳилаи ниҳоӣ ин рақобатҳо Амҷад ибни Ҳилол аз Уммон мақоми аввалро дар риштаи «ҳифзи кулли Қуръони Карим» касб кард. Ҷамолуддин Бурҳон Амин аз Арабистони Саудӣ мақоми дувум ва Иброҳим ибни Муҳаммад Ар-Рашид аз Арабистон низ мақоми севуми ин риштаро касб кард.

Дар бахши дувуум, «ҳифзи 20 ҷузъи Қуръони карим», Ал-Мунзар ибни Алӣ Ал-Мазруъ аз Арабистони Саудӣ мақоми аввал ва Султон ибни Иброҳим Ал-Ҳусайн аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мақоми дувум ва Маъоз ибни Саид Аз-Зувайнӣ аз Уммон мақоми севумро ба худ ихтисос доданд.

Дар бахши севуми «ҳифзи 10 ҷузъи Қуръони Карими» ин мусобиқот низ Умар ибни Абдуллоҳ Аш-Шуҳрӣ аз Арабистони Саудӣ мақоми аввал, Асид бин Башир Фетанӣ аз Арабистон мақоми дувум ва Умар ибни Абдулазиз Ал-Буридӣ аз Арабистони Саудӣ мақоми севумро касб кард. 

Баргузидагони мусобиқоти ҳифз ва таҷвиди Қуръони вижаи ҷавонон ба таври маъмул баъдҳо дар мақоми намояндагони кишварҳои худ дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Арабистон ҳузур пайдо мекунанд.

Кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар солҳои ахир шоҳиди равнақи фаъолиятҳои қуръонӣ будааст, баргузории мусобиқоти Қуръонии мухталиф дар канори тавсеаи музаҳо ва марокизи қуръонӣ бахши муҳимме аз ин фаъолиятҳо талаққӣ мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4179561

captcha