IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 5

Достони гови бани Исроил

10:49 - November 14, 2023
рақами хабар: 699
Теҳро (ИКНА) достони гови бани Исроил аз ҳикоятҳои маъруфи Қуръон ва Таврот аст, ки албатта дар Қуръон ба сурати мухтасар ва бештар ба рамз ва ишора баён шудааст.

وَإِذْ قَالَ مُوسَى لِقَوْمِهِ إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تَذْبَحُوا بَقَرَةً قَالُوا أَتَتَّخِذُنَا هُزُوًا قَالَ أَعُوذُ بِاللَّهِ أَنْ أَكُونَ مِنَ الْجَاهِلِينَ; “Ва ба ёдор ҳангомеро (, ки дар забони Мӯсо қатле воқеъ шуд) ва Мӯсо бо қавмаш гуфт Худованд мефармояд говеро қурбонӣ кунед (то масъала равшан шавад) қавм гуфтанд эй Мӯсо оё моро ба сухра гирифтаӣ (охир куштани гов бо ёфтани қотил чӣ муносибате дорад)? Мӯсо гуфт ман паноҳ мебарам ба Худо аз инки дар шумори ҷоҳилон бошам” (Бақара 67)

Достони гови бани Исроил аз ҳикоятҳои маъруфи Қуръон ва Таврот аст, ки албатта дар Қуръон ба сурати мухтасар ва бо рамз ва ишора баён шуда ва дар Таврот бо тавзеҳоти бештар зикр шудааст.

Хулосаи достон чунин аст, ки душманони Мӯсо, касеро куштанд ва ҷасади ӯро бар дари хонаи Мӯсо андохтанд ва Мӯсоро муттаҳам ба қатли ӯ карданд ва гуфтанд: агар қотил касе дигаре аст, бояд аз Худои худ бипурсӣ ва ӯро ба мо муаррифӣ кунӣ.

Мӯсо гуфт: Худованд мефармояд говеро қурбонӣ кунед ва гӯшти ӯро ба бадани мурда бизанед то зинда шавад ва худ қотилро муаррифӣ кунад. Онҳо гуфтанд: оё моро ба бозича ва шӯхӣ гирифтаӣ? Гуфт: ин фармони Худост ва ман паноҳ мебарам ба Худо аз инки дар шумори ҷоҳилон бошам.

Бани Исроил барои баҳонагирӣ гуфтанд: он гов чигуна мушаххасоте бояд дошта бошад? Мӯсо ҳар бор бо рафтан ба кӯҳи Тур ва пурсиш аз Худованд, ҷавоби бани Исроилро медод, ки ин гов аввалан бояд якпорча зарди заррин бошад, ки зрдии он мояи шодӣ ва нишот гардад, дуюман он гов на ҷавон бошад ва на пир бошад ва на ҳеҷ лаккаӣ сафед ё сиёҳе бар баднаш дида шавад ва низ аз чоҳе об накшида бошад ва замин шухм накарда бошад.

Баъд аз баёни ҳамаи мушаххасот, говеро бо ин вижагиҳо ёфтанд ва он фурӯшанда баҳои бисёре талаб кард, ки наздик буд бани Исроилро аз харидан ва куштани он мунсариф кунад, аммо билохира говро куштанд ва порае аз гӯшташро ба бадани мурда заданд. Мурда бархост ва қотилашро, ки яке аз ҳамон қавми бани Исроил буд, муаррифӣ кард.

Орифон гуфтаанд, ки гови бани Исроил ҳамон нафси худпарасти одамӣ аст ва куштани ӯ куштани ҳавоҳои нафсонӣ ва қурбонӣ кардани орзӯҳои ботили ӯст ва инки бани Исроил гуфтанд оё моро масхара мекунӣ? Ишора ба ин аст ки Мӯсо ту мехоҳӣ бо хор кардани мо бар мо ҳукумат кунӣ, зеро тамасхур аз ҳар навъ таҳқир сахттар аст.

Дар мавриди фиръавн дар Қуръон омадааст, ки فَاسْتَخَفَّ قَوْمَهُ فَأَطَاعُوهُ (Зухруф, 54) яъне қавмашро хор ва хафиф кард то аз ӯ итоат кунанд. Имрӯз низ дар саҳнаҳои сиёсати ҷаҳонӣ яке аз равишҳои водор кардан ба итоат, ҳамон ба сухра гирифтан ва таҳқир кардан аст.

Таъкид бар ранги зард ба ин далел аст, ки ранги зард зоҳири фиребанда ва масарратбахш дорад, аммо аз сарсабзӣ ва хуррамӣ ҳаёт дар он нишоне ҷуз зардӣ нест ва агар ин нафси заминӣ кушта шавад, нафси илоҳӣ, ки гӯё дар хафақони ғафлат, мурдааст, дубора зинда мешавад ва асрорро фош хоҳад кард ва нахуст хоҳад гуфт, ки маро ҳамин нафасе кушта буд, ки ӯро куштед.

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

captcha