تَبَارَكَ الَّذِي بِيَدِهِ الْمُلْكُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ * الَّذِي خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيَاةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا وَهُوَ الْعَزِيزُ الْغَفُورُ * الَّذِي خَلَقَ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ طِبَاقًا مَا تَرَى فِي خَلْقِ الرَّحْمَنِ مِنْ تَفَاوُتٍ فَارْجِعِ الْبَصَرَ هَلْ تَرَى مِنْ فُطُورٍ * ثُمَّ ارْجِعِ الْبَصَرَ كَرَّتَيْنِ يَنْقَلِبْ إِلَيْكَ الْبَصَرُ خَاسِئًا وَهُوَ حَسِيرٌ; “Пурбаркт ва заволнопазир аст касе, ки ҳукумати ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ӯст, ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност. Он кас, ки марг ва ҳаётро офарид то шуморо биёзмояд, ки кадом як аз шумо беҳтар амал мекунед, ва Ӯ шикастнопазир ва бахшандааст. Ҳамон касе, ки ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид; Дар офариниши Худованди Раҳмон ҳеҷ тазод ва айбе намебинам! Бори дигар нигоҳ кун, оё ҳеҷ шикоф ва халале мушоҳида мекунӣ?! Бори дигар (ба олами ҳастӣ) нигоҳ кун, саранҷом чашмонат (дар ҷустуҷӯи халал ва нуқсон ноком монда) ба сӯи ту боз мегардад дар ҳоле, ки хаста ва нотавон аст!” (Мулк 1-4).
Зиндагӣ ҷавози вуруд ба намоишгоҳи дунё ва охират аст. Подшоҳи олам бо барпо кардани намоиши марг ва зиндагӣ, инсонҳоро меозмояд ва арзёбӣ мекунад, ки ҳар як чӣ меҷӯянд ва чӣ колое бармегузинанд то тибқи сурати интихоб шуда дар бозори қиёмат ба онҳо таҳаввул диҳанд.
Рӯзи қиёмат бо ҳамаи мардумон хоҳанд гуфт инак бигиред ончиро, ки худ сифориш додаед. Аммо ҳушмандтарин муштариён онҳо ҳастанд, ки дар намоишгоҳи олам аз инҳама завқ ва зебоӣ ва ҳикмат ва доноӣ ва фановарии шигифте, ки ҳар мӯъҷизаеро беранг мекунад, ба ваҷд меоянд ва пойкӯбӣ мекунанд ва муштарии он бозаргони бузурганд, ки чунин намоишгоҳе ба по кардааст.
Ҳадисе аст аз Паёмбари Акрам, ки фармуд: الهی لا احصی ثناء علیک انت کما اثنیت علی نفسک; “Эй Парвардигори ман, ман ҳаргиз наметавонам сано ва ситоиши туро ба ҷо оварам ту ҳамон гуна ҳасти, ки худ хештанро сутудаӣ”. Ин танҳо Худованд аст, ки медонад чӣ колоҳо офарида ва гаҳгоҳ эълом мекунад:
Ӯст, ки марг ва зиндагиро офаридааст
Ӯст, ки ҳар чизеро ҷуфт ва одамиёнро низ аз зан ва мард офаридааст
Ӯст, ки амалаш бар ҳамаи ҷаҳониён иҳота дорад
Ӯст, ки аз раги гардан ба шумо наздиктар аст
Ӯст, ки меҳрубонтарини меҳрубонони олам аст
Ӯст, ки нури осмонҳо ва замин аст
Ӯст, ки дар камини золимон аст
Албатта ҷаҳон оканда аз ранҷ ва меҳнат ва зиндагӣ як риштаи тӯлонӣ аз шикастҳо ва доғҳои маҳрумият аст. Ва шикоят аз ин ранҷҳо адабиёти ҷаҳонро пур кардааст. Аммо посух ба ҳама ин аст, ки ин ҷаҳон қароргоҳи мо нест балки гузаргоҳи мост ва Худованд худ фармудааст:
لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ فِي كَبَدٍ; “Ҳамоно, ки мо одамиро дар ранҷ офаридем” (Балад, 4)
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.