Ба гузориши манобеи хабарӣ, Тошканд, пойтахти Узбакистон, дирӯз шанбе, мизбони нишасти уламои исломии Иттиҳодияи кишварҳои туркзабон буд.
Алӣ Арбаш, раиси Созмони дёнати Туркия низ ба намояндагӣ аз Туркия дар ин нишаст ҳузур дошт. Вай дар ин нишаст аз пешинаи ҳузури уламои машҳури ҷаҳони Ислом дар минтақаи Мовароуннаҳр ёд ва таъкид кард: тамаддуни исломӣ тамаддуни дониш, илм ва ҳикмат аст ва дар давраҳое, ки мусулмонон зиндагӣ ва ҷомеаро бар асоси Қуръон ва суннат сохтанд, ҷаҳон аз назари сулҳ ва амният барои ҳамаи мардум вазъияти беҳтаре дошт.
Ба гуфтаи Алӣ Арбаш фосилагирифтани мусулмонон аз паёмҳо ва усуле, ки Ислом дар чанд қарни гузашта ба армағон овардааст, яке аз далоили аслии вазъияти баде аст, ки мусулмонон дар ин даврон таҷриба мекунанд.
Ба гуфтаи раиси Созмони диёнати Туркия, боло гирифтани ихтилофоти мазҳабӣ, фарҳангӣ ва минтақаӣ солҳо аст, ки кишварҳои исломиро ба ҷангҳо ва ихтилофоти пуч алайҳи ҳамдигар савқ дод.
Алӣ Арбаш дар идома афзуд: ин вазъият, ҷаҳони исломро дар маърази сиёсатҳои истеъмор ва империалисми ҷаҳонӣ қарор дод ва ҷаҳони Ислом дар даврони ҷанг ва ишғол даврони сахт ва пурталотумеро пуштисар гузошт.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки мусулмонон бегона аз реша ва арзишҳои тамаддунии худ дар тӯли қарнҳо заиф шуда ва ҳадафи ҳамалоти ваҳшёна ва кушторҳои ҳавлнок қарор гирифтаанд.
Дар ин замина, раиси умури динии Туркия аз мусулмонон хост то аз худ интиқод ва вазъияти кунунии худро бо диққат таҳлил кунанд.
Раиси Созмони диёнати Туркия таъкид кард: нури Қуръон ва суннати Набавӣ барои ҳалли мушкилоти бузурги пеши рӯйи башарият ва ба вижа ҷаҳони Ислом кофӣ аст.
Вай идома дод: вазифаи уламо, фарҳехтагон ва ниҳодҳои динӣ ин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба Қуръон, суннат ва дастовардҳои тамаддуни, дониширо эҷод кунанд, ки мушкилоти ҷаҳонро ҳал карда ва ба суди инсоният бошад.
Муфтии аъзами Узбакистон, раиси идораи мусулмонони Озарбойҷон, Қафқоз, раиси идораи мусулмонони Қазоқистон, раиси идораи шӯрои уламои мусулмони Қирғизистон ва муфтии аъзами Туркманистон аз дигар уламои динии ҳозир дар ин нишаст буданд.