Умар Макӣ, кӯдаки нобғаи мисрӣ дар ҳамбстагӣ бо мардуми Навори Ғазза ва Фаластин китоби дастнавис бо унвони «Аз ман дар бораи Фаластин бипурсед»-ро таълиф кард. Ин китоб мутаассир аз ҷиноятҳои пайвастаи режими палиди саҳюнистӣ дар ҳаққи мардуми Ғазза ва ба вижа кӯдакон навишта шудааст.
Умар Макӣ, нависандаи кӯчаки мисрӣ дар гуфтугӯе дар бораи иллати нигориши китобе дар бораи Фаластин гуфт: ончи маро ба навиштани китоби «Аз ман дар бораи Фаластин бипурсед» водошт, вақоеаи дардноке аст, ки Фаластин дар ҳоли ҳозир шоҳиди он аст.
Вай дар идомаи суханон худ гуфт: мехостам бо тарҳи маҷмӯае аз пурсишҳои муҳим дар бораи Фаластин барои кӯдакони ҳам син ва соли худ, ҳамбстагии худ бо Фаластинро ба сурати амалӣ собит кунам то ҳар чизи марбут ба масъалаи Фаластинро барои кӯдакон равшан созам.
Умар Макӣ, бо ишора ба инки сафаҳоти китоб шомили 200 сафҳа аст, ки бо даст навишта шуда то таъсири қавитаре бар мардум дошта бошад, ишора мекунад, ки бо ин китоб дар мусобиқаи адабӣ дар бораи Фаластин ширкат хоҳад кард.
Иттиҳодияи нависандагони Миср аз ин нависандаи хурдсол таҷлил карда ва ӯро ба унвони кӯчактарин узви худ пазируфтааст.
Ӯ ҳамчунин кӯчактарин узви Иттиҳодияи қориён ва ҳофизони Қуръони кишвари Миср аст, ки пеш аз ӯ собиқа надошта ва дар маҳофили қуръонӣ, тафсири оётеро, ки тиловат мекунад ба равиши устод Шаъровӣ барои мухотабон ироа медиҳад. То ҷое, ки аз сӯи маркази исломии Ал-Азҳар, идораи Авқоф ва низ идораи омӯзиш ва парвариши Миср низ таҷлил шуда ва дар панҷсолагӣ унвони кӯчактарин мубаллиғ ва хатиби мисриро ҳам аз они худ кардааст.
Умар Макӣ пеш аз ин тарҳеро бо унвони «Сафар бо китоб» ба манзури эҷоди ангеза дар кӯдакон барои мутолиаи китоб роҳандохта буд.
Ӯ ҳамчунин китобхонаи сайёреро ба роҳ андохта, ки ҳовии китобҳои мухталиф аст, ки ба устонҳои мухталифи Миср сафар мекунад, ба кӯдакон китоб амонат медиҳад ва бо онҳо дар мавриди аҳамияти мутолиа дар синини поин ва нақши он дар рушди зеҳн ва фикр сӯҳбат мекунад.