
Яке аз авсофе, ки Худованд ба василаи он Қуръонро васф карда, васфи маҷид аст. Дар ояти 1 сураи муборакаи Қоф чунин омадааст: « ق وَ الْقُرْءَانِ الْمَجِيد؛ ق، سوگند به قرآن مجيد; “Қоф, савганд ба Қуръони Маҷид” (Қоф, 1) ва ҳамчунин дар ояти 21 ва 22 сураи муборакаи Буруҷ мефармояд: « بَلْ هُوَ قُرْءَانٌ مجَّيدٌ فىِ لَوْحٍ محَّفُوظ; (Ин оёт, сиҳр ва дурӯғ нест) балки Қуръони бо азамат аст, ки дар Лавҳи маҳфуз ҷой дорад!” (Буруҷ, 21-22)
«Маҷид» аз решаи «маҷд» ба маънои «шарофати густурда» аст, ва аз онҷо, ки Қуръон азамат ва шарофати бепоёне дорад калимаи «Маҷид» аз ҳар назар сазовори он аст, зоҳираш зебо, мӯҳтавояш азим, дастуроташ олӣ, ва барномаҳояш омӯзнда ва ҳаётбахш аст.
Дар шарҳи оятм 1 сураи Қоф ба нукоти ҷолибе ишора шуда:
- Савганд ба Қуръон бисёр муҳим аст, чун дорои маҷд ва азамат аст: дар оёти бисёре аз Қуръони Карим, Худои Мутаол ба чизҳое савганд ёд карда, аз ҷумла зоти поки Хеш, рӯзи қиёмат, фариштагон, моҳ, хуршед ва... Дар ҳоле, ки Худованд бениёз аз савганд буда вале савгандҳои Қуръон ҳамвора дорои ду фоидаи муҳим аст: нахуст таъкид рӯи матлаб ва дигарӣ баёни азамати чизе, ки ба он савганд ёд мешавад; Зеро ҳеҷ кас ба мавҷудоти кам арзиш савганд ёд намекунад. Аз ҷумла умуре, ки гувоҳӣ медиҳад зикри ин ҳарф аз ҳуруфи муқаттиаъа барои баёни азамати Қуръон аст инки билофосила баъд аз он савганд ба Қуръони Маҷид ёд карда, мефармояд: Қасам ба Қуръони Маҷид.
- Агар маҷд ва азамат мехоҳед, ба Қуръони соҳиби маҷд ва шарофат рӯй биёваред: табиӣ аст, ки агар ҳаркас бихоҳад зиндагии шарофатмандона дошта бошад лозимаи он зиндагӣ кардан ва муошират бо инсонҳои шариф аст. Ба унвони мисол: яке аз далоиле, ки инсонҳо ба издивоҷ бо ашроф ва хонадонҳое, ки дорои исм ва расм ҳастанд рӯй меоварданд барои бархурдорӣ аз ҳамин имтиёзи шарафи хонаводагияшон аст. Ба ҳамин далел Худованд мегуяд агар мехоҳед дорои маҷд ва азамат шавед ба ин Қуръон рӯй биёваред.
- Агар Қуръон, Маҷид ва Карим аст, мо низ бояд онро тамҷид ва такрим кунем: замоне, ки арзиши як чизе бо тавсифҳои Худованд боло меравад барои инсонҳо низ таклифи болотаре нисбат ба қабл эҷод мекунад, агар Қуръон, Карим аст пас вазифаи инсонҳо такрими Қуръон аст. Агар Қуръон, Маҷид аст пас вазифаи инсонҳо тамҷиди Қуръон аст.
Дар оёте, ки дар сураи Буруҷ ба Маҷид будани Қуръон ишора шуда манзур ин аст, ки: исрори кофирон дар такзиби Қуръон ва нисбати он ба сеҳр ва шеър беҳуда аст балки он Қуръони Маҷид ва бо азамат ва баланд мақом аст « بَلْ هُوَ قُرْآنٌ مَجِيدٌ» (Буруҷ, 22)
Қуръон каломе аст, ки дар Лавҳи маҳфуз сабт аст ва дасти ноаҳлон ва шаётин ҳаргиз ба он намерасад, ва аз ҳаргуна тағйир ва табдил бар канор мебошад.