iqna

IQNA

ИКНА - Режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза бо ҳимояти бечунучарои Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, тамоми қавоиди инсонӣ ва ахлоқиро зери по гузошта ва дар сояи беамалии Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ғафлати бархе аз ҳуккоми арабӣ ва исломӣ ба фаҷеътарин шакли мумкин, миллати мазлуми Фаластинро ҳатки ҳурмат мекунад.
рақами хабар: 1504    Санаи нашр : 2024/05/15

ИКНА - Подшоҳи Дания бо дар даст гирифтани парчами Фаластин, бо тазоҳуроткунандагони ҳомии мардуми Ғазза эъломи ҳамбстагӣ кард.
рақами хабар: 1492    Санаи нашр : 2024/05/12

ИКНА - Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид имрӯз (ҷумъа) ҳушдор дод, ки ҳамлаи заминии густарда дар Рафаҳ боиси “фоҷиаи инсонӣ” шуда ва талошҳои ин ниҳод барои ҳифозат аз мардум дар шароите, ки Ғазза дар остонаи қаҳтӣ қарор дорадро таҳти таъсир қарор медиҳад.
рақами хабар: 1476    Санаи нашр : 2024/05/11

ИКНА - Нахустин конфронси байналмилалии муқобила бо табъизи нажодӣ ва таассуботи мазҳабӣ дар минтақаи Ховари Миёна ва шимоли Африқо, рӯзи гузашта шанбе аз сӯи созмони «Иттиҳод алайҳи нажодпарастӣ ва таассуби мазҳабӣ» дар Истамбул баргузор шуд.
рақами хабар: 1464    Санаи нашр : 2024/05/06

Дар остонаи амалиёти танбеҳи "Ваъдаи Содиқ" алайҳи режими саҳюнистӣ, раҳбари муаззами Инқилоб дар яке аз ҷаласоти муртабит, як байт шеър аз ғазале, ки чандсол пеш бо талмеҳи аз оёти Қуръони Маҷид дар бораи рӯёрӯии ҳазрати Мӯсо Алайҳиссалом бо Фиръавн ва соҳирони фиръавнӣ суруда буданд. Бар ҳамин асос ва бо иқтибос аз тасвири убури мушакҳо ва паҳподҳои эронӣ аз фарози парлумони режими саҳюнисӣ дар амалиёти Ваъдаи Содиқ, лавҳи "Асо бияфкан...»-ро мунташир кард.
рақами хабар: 1453    Санаи нашр : 2024/05/05

ИКНА - Ба гузориши манобеи хабарӣ, донишгоҳҳои ҷаҳон яке пас аз дигарӣ шоҳиди хезши донишҷӯёни бедор алайҳи ҷиноятҳо ва ваҳшигариҳои режими саҳюнистӣ дар ҳаққи фаластиниён ба вижа дар Навори Ғазза аст.
рақами хабар: 1444    Санаи нашр : 2024/05/04

Ҷунбиши донишҷӯии ҳомтёни Ғазза алорағми дастгириҳои полис, дар ҳоли густариш дар саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст .
рақами хабар: 1435    Санаи нашр : 2024/05/02

ИКНА - Дидабони ҳуқуқи башар, зимни интиқод аз вазъияти нажодпарастӣ алайҳи мусулмонон дар Олмон таъкид кард, ки амалкарди давлати ин кишвар дар ин замина номуваффақ буда аст.
рақами хабар: 1434    Санаи нашр : 2024/05/01

Устоди ҳуқуқи фаронсавӣ:
ИКНА - Устоди ҳуқуқи фаронсавӣ дар суханоне таъкид кард, ки сафараш ба Фаластини ишғолӣ боис шуд ба дини Ислом ворид шавад.
рақами хабар: 1433    Санаи нашр : 2024/05/01

ИКНА - Кумитаи муштараки арабӣ ва исломӣ баёнияеро дар бораи таҳаввулоти ҷорӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза содир кард.
рақами хабар: 1428    Санаи нашр : 2024/04/29

ИКНА - Муфтии Уммон интифозаи донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо дар ҳимоят аз мардуми Ғаззаро ситоиш кард.
рақами хабар: 1422    Санаи нашр : 2024/04/28

ИКНА - Ончи, ки ҷунбиши саҳюнизм ба роҳбарии Нетаняҳу ва монанди ӯро нигарон мекунад густариши ин “инқилоби донишҷӯӣ” дар Амрико ва кашидан шудани он ба соири донишгоҳҳост ва мумкин аст ба Аврупо ҳам кашида шавад.
рақами хабар: 1421    Санаи нашр : 2024/04/28

ИКНА - Ҷунбиши донишҷӯӣ дар ҳимоят аз Фаластин дар саросари Амрико шиддат гирифта ва ба чанд кишвари дигар сироят карда ва токунун садҳо донишҷӯ тавассути полис дастгир шудаанд.
рақами хабар: 1416    Санаи нашр : 2024/04/27

ИКНА - Шаҳри Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза тайи шаби гузашта шоҳиди чандин ҳамла аз сӯи артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва шаҳодат ва захмишудани шуморе аз Фаластиниён буд.
рақами хабар: 1412    Санаи нашр : 2024/04/25

Ҳуқуқдони баҳрайнӣ дар вебинари ИКНА
ИКНА - Боқир Дарвеш тасреҳ кард: ҳамлае, ки дар посух ба иқдоми режими саҳюнистӣ дар нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва урфи байналмилалӣ дар ҳамла ба ашхос, манофеъ ва консулгарии Эрон сурат гирифт, аз назари тасмимгирӣ, тарроҳӣ, иҷро ва дар назар гирифтани вокунишҳо, тасмими огоҳона, ҳакимона ва ҳушмандона буд.
рақами хабар: 1405    Санаи нашр : 2024/04/23

ИАНА - Яке аз мақомоти Созмони Милали Муттаҳид бар зарурати поён ёфтани ишғолгарии режими саҳюнистӣ ва ҳаллу фасли сиёсии даргириҳо таъкид кард.
рақами хабар: 1396    Санаи нашр : 2024/04/22

ИКНА - Бомбаборони хонаҳои маскунӣ дар Навори Ғазза, эъломи эътисоби умумӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва вуқӯъи даргирӣ дар ин минтақа аз ҷадидтарин ахбори марбут ба Фаластин аст.
рақами хабар: 1390    Санаи нашр : 2024/04/21

ИКНА - Муовини сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо таъкид бар зарурати коҳиши танишҳо дар Ховари Миёна тасреҳ кард: Созмони Милал хоҳони таваққуфи ҳамаи иқдомоти талофиҷӯёна аст ва аз ҳамаи тарафҳо мехоҳад, ки хештандорӣ кунанд.
рақами хабар: 1389    Санаи нашр : 2024/04/20

ИКНА - Ҷанг дар Ғазза дар ҳоле вориди саду наваду ҳафтумин рӯз шуд, ки расонаҳои ироқӣ аз инфиҷор дар қароргоҳи Ҳашадушшаъбӣ дар устони Бобили Ироқ хабар доданд, ки дар пайи он як нафар шаҳид ва беш аз 10 нафар захмӣ шуданд.
рақами хабар: 1387    Санаи нашр : 2024/04/20

 Марями Абдулбоқӣ табйин кард:
ИКНА - Устоди ҳавза ва донишгоҳ бо ишора ба инки дар амалиёти "Ваъдаи Содиқ" ба тавсияи Қуръон амал шуд, гуфт: ба таври куллӣ Қуръон дар рӯёрӯӣ бо душман, муқобила ба мислро тавсия ва дар ояти «فَمَنِ اعْتَدَى عَلَيْكُمْ فَاعْتَدُوا عَلَيْهِ بِمِثْلِ مَا اعْتَدَى عَلَيْكُمْ ба ин нукта ишора кардааст.
рақами хабар: 1380    Санаи нашр : 2024/04/18