Ба гузориши Алҷазира, дидабони ҳуқуқи башар эълом кард, ки давлати Олмон дар ҳимоят аз мусулмонон дар баробари нажодпарастӣ саҳлингорӣ мекунад, дар ҳоле ки мавориди нафрат ва табъизи физояндае алайҳи онҳо вуҷуд дорад .
Ин созмон хотирнишон кард: набуди таърифи амалӣ аз нажодпарастӣ алайҳи мусулмонон, фиқдони иттилооти расмӣ дар мавриди ҳаводис ва адами ҳимояти ташкилотӣ аз қурбониён аз ҷумла мавориде аст. ки монеъ аз вокуниши муассир дар ин замина мешавад.
Алмоси Тефра, пажӯҳишгари умури марбут ба нажодпарастӣ дар Аврупо дар дидабони ҳуқуқи башар, мегуяд: нокомиҳои давлати Олмон дар муҳофизат аз мусулмонон дар баробари нафрат ва табъиз бо адами дараки ин мавзӯъ оғоз мешавад, ки мусулмонон аз нажодпарастӣ ранҷ мебаранд .
Вай афзуд: бидуни дараки равшане аз нафрат ва табъиз алайҳи мусулмонон дар Олмон ва бидуни додаҳои қавӣ дар мавриди чунин ҳаводисе, посухи мақомоти олмонӣ беасар хоҳад буд.
Ба гуфтаи дидабон, то поёни сентябри 2023 , омори аввалия ҳокӣ аз сабти 686 маврид ҷурми муртабит бо нафратпароканӣ алайҳи Ислом аст, ки аз 610 мавриди сабт шуда дар соли 2022 фаротар рафтааст .
Мақомоти олмонӣ иттилоотеро барои давраи замонии байни октябр то декабри соли гузашта ироа накардаанд, аммо гуруҳҳои ҷомеъаи мадании Олмони нисбат ба афзоиши ҳаводиси зидди мусулмонон аз моҳи октябр ба дунболи амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ва шурӯъи таҷовузоти Исроил ба Ғазза ҳушдор додаанд.
Дидабони ҳуқуқи башар пештар ҳам дар бораи рушди мавориди нафратпароканӣ алайҳи мусулмонон дар кишварҳои аврупоӣ ва пас аз таҳаввулоти ахир дар Фаластини ишғолӣ ҳушдор дода буд.
https://iqna.ir/00Hg3k