IQNA

Устоди ҳуқуқи фаронсавӣ:

Сафар ба Фаластин сабаби мусулмониам шуд

5:47 - May 01, 2024
рақами хабар: 1433
ИКНА - Устоди ҳуқуқи фаронсавӣ дар суханоне таъкид кард, ки сафараш ба Фаластини ишғолӣ боис шуд ба дини Ислом ворид шавад.

Ба гузориши Алҷазӣра, Франк Романо, устоди ҳуқуқи байналмилали фаронсавӣ, яке аз ширкаткунандагон дар «Новгони озодӣ», ки барои шикастани муҳосираи таҳмил шуда бар Навори Ғазза дар ҳаракат буд ва ахиран ба Ислом гиравида аст, дар суханоне гуфт, ки дар ибтидо ба Марокаш рафта зеро орзӯӣ рафтан ба Фаластинро дошта аст ва ӯ дар Марокаш 30 сол бо фаластиниҳо кор карда буд.

Вай афзуд: Ман дар Марокаш бо мусулмонон ошно шудам ва сипас ба масҷиде дар Касабланка рафтам. Ман дар он замон саргардон шудабудам ва дине надоштам.

Франк Романо идома дод: Хеле нороҳат ва бадбахт будам; баъд ба Фаронса баргаштам ва баъд аз чандин сол ба Фаластин рафтам ва аз Алхалил ва Наблус дидан кардам ва ба урдӯгоҳи Ҷанин, ки фаластиниҳо аз ман даъват карданд рафтам. Онҳо ба ман гуфтанд мо ба шумо кумак мекунем то равшаноӣ Худовандро бубинӣ.

Ин устоди донишгоҳи фаронсавӣ афзуд: хондани Қуръони Каримро ба забонҳои арабӣ, фаронсавӣ ва англисӣ оғоз кардам ва вақте ба Фаронса баргаштам, мусулмон шуда будам.

Франк Романо, дар мавриди далеле ки ӯро ба самти Ислом савқ дод, мегуяд: Ман бисёр ба дунболи дараки имон дар байни уммати исломӣ будам, ба вижаи фаластиниёне, ки ба ғизо ниёз доштанд ва дар ҳоле, ки ишғолгарон ҳар рӯз зиндагии онҳоро ҷаҳаннам мекарданд, аммо онҳо собитқадам буданд ва ҳатто баъд аз зиндонӣ шудан ҳам имон ва эътиқоди худро аз даст намедоданд.

Вай таъкид кард: онҳо имон доранд ва ин як нуқтаи қуввати бисёр бузург аст ва ин чизе буд, ки ман бояд ёд мегирифтам ва амиқтар дар бораи он таҳқиқ мекардам. Бинобар ин Исломро дини худ қарор додам.

https://iqna.ir/00Hg3n

captcha