iqna

IQNA

Кумитаҳои муқовиматӣ дар Фаластин бо судури баёнияе Рӯзи ҷаҳонии Қудсро гиромӣ доштанд.
рақами хабар: 1321    Санаи нашр : 2024/04/05

ИКНА - Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, дабири кулли ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт: “Таҷовуз ба Яман, мавозеи моро дар ҳимоят аз миллати Фаластин тағйир нахоҳад дод ва ҳадаф қарор додани киштиҳои исроилӣ дар баҳри Сурх ҳамчунон идома хоҳад дошт.” Вай таъкид кард: “Мутаҷовизони амрикоӣ ва ангилисӣ аз таҳаввулоти таҷовузи 9 сола ба Яман ибрат нагирифтанд. Омрикоиҳо бояд яқин дошта бошанд, таҷовуз ба Яман тавони низомии моро афзоиш хоҳад дод. Мо Худовандро ба сабаби фароҳам кардани заминаи тақобули мустақим бо Амрико, Исроил ва Ангилис шокирем, чаро ки онҳо манбаи шарр ва фасод дар замин ҳастанд.”
рақами хабар: 967    Санаи нашр : 2024/01/19

ИКНА - Фарзандони бисёре аз хонаводаҳои овораи фаластинӣ дар шаҳри Рафаҳ алорағми шароити вахими ҷангӣ ва камбуди имконоти аввалия барои гузарони зиндагӣ бо ҳузур дар хаймаҳои қуръонии барпо шуда дар ин минтақа ба омӯхтани Қуръон ва дарсҳое аз ахлоқ ва ақоиди исломӣ ҳиммат гумордаанд.
рақами хабар: 922    Санаи нашр : 2024/01/08

ИКНА - Ҳамзамон бо оғози соли нави мелодӣ ва дар миёнаи ҷанги шадиди артиши саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, шаҳрҳои ишғолӣ ва ба вижа Телавив ҳадафи бомбаборони мушакии неруҳои муқовимати исломии Фаластин қарор гирифтанд.
рақами хабар: 887    Санаи нашр : 2024/01/01

Фаластин (ИКНА) Ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти режим кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Ғазза, бо қатъи барқи бемористонҳо ва итмоми сӯхт, авзоъи бемористонҳои ин минтақа фоҷиабор тавсиф шудааст. Аз сӯи дигар Амрико имрӯз эълом кард, ки Исроил наметавонад Ғаззаро ишғол кунад.
рақами хабар: 659    Санаи нашр : 2023/11/04

Фаластин (ИКНА) ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) аз умматҳои арабӣ ва исломӣ ва озодагони ҷаҳон хост имрӯз ҷумъа ба манзури бозгушоӣ гузаргоҳи марзии Рафаҳ ва мутаваққиф кардани ҷанги наслкушӣ дар борикаи Ғазза даст ба таҳаррукоти густурда бизананд.
рақами хабар: 628    Санаи нашр : 2023/10/27

Фаластин (ИКНА) Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли ҷунбиш муқовимати исломии Лубнон (Ҳизбуллоҳ) бо Зиёд Нахола, дабири кулли ҷунбиш ҷиҳоди исломӣ дар Фаластин ва Солеҳ Ал-Омирӣ, ноиби раиси дафтари сиёсии Ҳамос дидор ва гуфтугӯ ва паёмеро хитоб ба воҳидҳои расонаӣ Ҳизбуллоҳ мунташир кард.
рақами хабар: 625    Санаи нашр : 2023/10/25

Алӣ Ал-Файсал, ноиби раиси шӯрои миллии Фаластин гуфт: урдугоҳи "Айнул-Ҳулваи" Лубнон вижагиҳои бисёр хоссе дорад аз ҷумла инки бузургтарин урдугоҳи оворагони фаластинӣ дар Лубнон ва конуни ҳимояти оворагони фаластинӣ аз муқовимати Лубнон аст.
рақами хабар: 301    Санаи нашр : 2023/08/04