Қиёми имоми Ҳусайн (Алайҳиссалом) бар алайҳи зулм, беадолатӣ ва адами машрӯъияти Язид ибни Муовия, ҳамвора ва дар тӯли таърих барои бисёре аз ҷунбишҳо ва инқилобҳо ба унвони улгу матраҳ будааст. Имом Ҳусайн Алайҳиссалом ба ҳамроҳи ёрони андаки худ, ончунон дар роҳи дифоъ аз каромат ва иззати инсон мубориза кард ва ба шаҳодат расид, ки дар тӯли таърих, ҳар кас бар ин воқеа огоҳӣ пайдо кардааст, бар мазлумияти ишон ва ёронаш, шаҳодат додааст.
Бархе аз озодихоҳони ҷаҳон, ки барои касби истиқлоли кишварашон ва раҳоии мардумашон аз банди зулм ва асорат дар набард будаанд, ҳамвора ҳаракати имом Ҳусайн (Алайҳиссалом)-ро сутуда ва онро сармашқи худ қарор додаанд. Машҳуртарин намунаи он, суханони Маҳатма Гандӣ, раҳбари сиёсӣ ва маънавии ҳиндиҳо аст, ки миллати худро дар роҳи озодӣ аз истеъмори Биритониё раҳбарӣ мекард. Ӯ дар инбора мегӯяд: «Ман зиндагии Ҳусайн (Алайҳиссалом), он шаҳиди бузурги Исломро ба диққат хондаам ва таваҷҷуҳи кофӣ ба сафаҳоти Карбало намудаам. Акнун бар ман равшан шудааст, ки агар Ҳиндустон бихоҳад як кишвари пирӯз гардад, бояд аз сармашқи имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) пайравӣ кунад».
Илова бар ин, мутолиаи достони зиндагонии имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) ва ҳаракати таърихии ӯ, барои ҳар андешаманде, ки бо ин шахсият ошно шудааст, илҳомбахш буда ва мӯҷиби бедории қалбӣ барои вай гаштааст.
Иқболи Лоҳурӣ, файласуф ва андешаманди бузурги покистонӣ низ дар ҷое менависад: «Беҳтарин дарсе, ки аз қиёми Ҳусайн ибни Алӣ (Алайҳиссалом) метавон омӯхт, озодихоҳии маънавӣ аст. Танҳо касоне метавонанд пайрави воқеии Ҳусайн (Алайҳиссалом) бошанд, ки дар дараҷаи аввал, худ озодӣ талаб бошанд; Ва дувум, онки пас аз касби он, дигаронро ҳам аз он баҳраманд кунанд».
Дар бораи ин шахсияти бузурги таърихи Ислом, суханҳо ва ситоишҳои бисёре гуфта шудааст. Аммо фаротар аз инҳо, ишон шахсияте аст, ки агар достони зиндагии ӯро, чӣ қабл аз қиём ва чӣ дар тӯли қиёмашон бихонем, метавонем аз ӯ дарси пойдорӣ дар роҳи ҳаққро биёмӯзем.