IQNA

Таҷаммӯъи эътирозии ҷомеаи қуръонӣ муқобили сафорати Шветсия баргузор шуд

21:53 - July 04, 2023
рақами хабар: 181
Таҷаммӯъи ҷомеаи қуръонӣ в умуми ошиқони Қуръон, асри рӯзи гузашта барои маҳкумияти беҳурматии Қуръони Карим муқобили сафорати Шветсия баргузор шуд.

Теҳрон (ИКНА), таҷаммӯъи ҷомеаи қуръонӢ в умуми ошиқони Қуръон асри рузи душанбе, ба манзури маҳкумияти беҳурматӣ ба  Қуръон муқобили сафорати Шветсия баргузор шуд.

Фаъолони қуръонӣ кишварамон, ки ағлаб шохаҳои гул ва Қуръони Маҷидро дар даст доштанд, бо сар додани шиорҳое ин иқдоми ҷунуномез дар кишвари Шветсияро маҳкум ва эълом карданд, ки «ҷомеаи Қуръонии кишвар бо дарки дурусте аз шароит, мусаммам дар майдон аст. Ва аз ҳамаи мардуми азиз ва мусулмонон дар саросари ҷаҳон мехоҳад, ки беш аз гузашта ба қироат ва тиловат ва тадаббур ва фаҳм ва тарвиҷи Қуръон эҳтимом варзанд».

Ин маросим, ки бо ҳузури бошукӯҳи фаъолони қуръонӣ ва ба хусус пешкисватони ин арса ҳамроҳ буд, бори дигар нишон дод, ки Қуръониён ҳамеша худро ҷонфидои Қуръон медонанд.

Ин маросим бо тиловати оёте аз Каломуллоҳи Маҷид аз сӯи Муҳаммадҳасан Муваҳҳидӣ, қории байналмилалии кишварамон ба сурати расмӣ оғоз шуд. Қабл аз тиловати ин қории ҷавон, ҳозирон дар ин маросим бо шиорҳои ҳатки ҳурмати соҳати Қуръони Каримро маҳкум карданд.

Дар идомаи ин маросим, ки аз шабакаҳои Қуръон ва маорифи симо ва радио Қуръон ба сурати зинда пахш шуд, Фотимаи Шерозӣ, ҳофизи кулли Қуръон баёнияи ҷомеаи қуръонӣ дар маҳкумияти ҳатки ҳурмати Қуръони Карим дар кишвари Шветсияро ба забони англисӣ қироат кард.

Иҷрои гурӯҳи ҳамхонӣ ва мадеҳасроӣ Муҳаммади Расулул(с) бахши дигаре аз барномаҳои ин маросим буд ва дар идома баёнияи ҷомеаи қуръонӣ дар маҳкумияти ҳатки ҳурмати Қуръони Карим аз сӯи Алиакбар Ҳанифӣ, пешкисвати Қуръони кишварамон қироат шуд.

Дар бахше аз матни ин баёния омадааст: «Имрӯз ҳамаи талоши шаётин ин аст, ки мабодо ин каломи илоҳӣ ба гӯши ҷаҳониён бирасад, ки

قُل لَّئِنِ اجتَمَعَتِ الإنسُ وَالجِنُّ عَلَىٰ أَن يَأتُوا بِمِثلِ هَٰذَا القُرآنِ لَا يَأتُونَ بِمِثلِهِ وَ لَو كَانَ بَعضُهُم لِبَعضٍ ظَهِيرًا

Ва ин яъне, ки агар ҳамаи сармояи маънавии башарӣ рӯи ҳам қарор бигирад, ҳатто бо сурае аз сураҳои Қуръон наметавонад баробарӣ кунад ва рози ин ҳама душмании сарсахтонаи пайравони шайтон бо Қуръон дар ҳамин аст, ки

وَنُنَزِّلُ مِنَ القُرآنِ مَا هُوَ شِفَاءٌ وَرَحمَةٌ لِّلمُؤمِنِينَ ۙ وَلَا يَزِيدُ الظَّالِمِينَ إِلَّا خَسَارًا

https://iqna.ir/fa/news/4152287

captcha