IQNA

Ёддошт 

Эҳтироми имом Ҳусайн (а) ба дӯстии хонавода

0:11 - July 22, 2024
рақами хабар: 1853
ИКНА - Аз ривоят ба хубӣ истифода мешавад, ки имом Ҳусайн (а) ва соири аиммаи Атҳор (а) ба ҳисси зебоидӯстии ҳамсар ва фарзандони худ эҳтиром мегузоштанд ва имконоти лозимро дар ҳадди мутаорафи он замон, барои онҳо фароҳам мекарданд.

Ҳуҷҷатулисломи Исо Исозода, узви ҳайати илмии пажӯҳишкдаи фарҳанг ва маорифи Қуръон тайи ёддоште, ки дар ихтиёри ИКНА қарор додааст, навишт: Меҳр ва муҳаббат, лозимаи зиндагии хонаводагӣ аст: «جَعَلَ بَیْنَکُمْ مَوَدَّةً وَ رَحْمَةً»; Бар ин асос, зиндагӣ бо нишот ва бо оромиш ва осоиш, дар партави муҳаббат, раъфат ва меҳрубонии аъзои хонавода ва ба вижа ҳамсарон нисбат ба ҳамдигар ба вуҷуд меояд; Чунонки дар бораи Расули Худо (с) чунин нақл шудааст: «کانَ رَسُولُ اللَّهِ اَرْحَمَ النَّاسِ بِالنِّساءِ وَ الصِّبْیانِ; Расули Худо (с) меҳрубонтарин мардум нисбат ба занон ва кӯдакон буд.» Камбуди муҳаббат дар хона, чӣ миёни ҳамсарон ё миёни волидайн ва фарзандон, сабаби фурӯпошии низоми хонавода мешавад.

Имом Ҳусайн (а) ҳазрати Рубобро бисёр дӯст медошт ва дар изҳори ин дӯстӣ ҳеҷ тақияе надошт. Ин вижагии хосси ишон ва аз рӯҳиёти шахсияшон буд. Ончи дар манобеъ аз шеъри имом Ҳусайн (а) дар ин бора нақл шуда, бисёр машҳур аст: «Ба ҷони ту савганд, ман хонаеро дӯст дорам, ки Рубоб дар он бошад. Ӯро дӯст дорам ва тамоми амволамро дар ин роҳ мебахшам ва барои маломатгарам ҳозир ба пазириши итоб нестам.»

Намоиш муҳаббат байни афроди хонавода дар воқеаи Ошуро ба вузӯҳ қобили дарк аст, ба қадре ин муҳаббат амиқ аст, ки баъд аз он ҳама ҳаводиси талх ва пора шудани гулӯи шаш моҳааш хонуми Рубоб барои имом Ҳусайн (а) аз иртибототи амиқи худашон шеър мегӯяд, ки дар ин шеър имом Ҳусайн (а)-ро монанди кӯҳе, ки манбаи оромиш ва амнияти ӯ будааст муаррифӣ мекунад. Имом Ҳусайн (а) имом аст ва рисолаташ ҳидояти мардум аст, имом чунон ҳавосаш ба ниёзҳои ҳамсараш ва пуркрдани ӯ аз муҳаббат ва амният аст, ки баъд аз шаҳодати ишон ҳам ҳамсараш барояш шеър мегӯяд, инҳо нишонаҳои амалии мо ҳастанд.

Муҳаббат ба фарзандон амри дарунӣ аст, ки Худованд онро дар дили волидайн ба вадиъат ниҳодааст, аммо ончи дар ин миён осори тарбиятӣ дар пай дорад, ибрози муҳаббат аст. Имом Ҳусайн (а) ба унвони як улгуи тарбиятии мутмаин ва комил, муҳаббат ба фарзандонро аз ниёзҳои зарурии онон медонистанд ва дар қолабҳои гуногун ба ибрози он мепардохтанд. 

Гоҳ бо дар оғӯш гирифтан ва ба сина часбондани хурдсолон, замоне бо бӯсидани онон ва гоҳ бо ба забон овардани калимоти ширин ва муҳаббатомез. Убайдуллоҳ ибни Атба низ мегӯяд: «Назди имом Ҳусайн (а) будам, ки фарзандаш ворид шуд. Имом Ҳусайн (а), имоми Саҷҷод (а)-ро садо зад ва ӯро дар оғӯш гирифт ва ба сина часбонид ва миёни ду чашмашро бӯсид. Сипас фармуд: Падарам ба фидоият бод! чиқадр хушбу ва зебоӣ» ба имом арза доштанд гӯё муддати зиёде аст аз фарзанди худ дӯр будед. Имом фармуд иттифоқан тоза аз манзил берун омадам мунтаҳо мо Аҳли байт (а) нисбат ба хонаводаи худ меҳрубонем.

Имом Ҳусайн (а) ба хост, алоқа ва ҳисси зебоидӯстии ҳамсаршон таваҷҷуҳи хоссе мекарданд ва бархе авқот ба ҳамин далел бо интиқодоти асҳоб ва дӯстони худ рӯбарӯ мешуданд вале ба хости табиӣ ва машрӯи ҳамсари хеш эҳтиром мегузоштанд. Ҷобир аз имоми Боқир (а) нақл мекунад: «Иддае бар имом Ҳусайн (а) ворид шуданд, ногоҳ фаршҳои гарон қимат ва пуштиҳои фохир ва зеборо дар манзили он ҳазрат (а) мушоҳида карданд. Арз карданд: Эй фарзанди Расули Худо, мо дар манзили шумо васоил ва чизҳои мушоҳида мекунем, ки нохушоянди мост. Вуҷуди ин васоил дар манзили шуморо муносиб намедонем. Ҳазрат фармуд: «إنّا نَتَزَوّجُ النِّساءَ فَنُعطیهِنَّ مُهُورَهُنَّ فَیَشتَرینَ بِها ما شِئنَ، لَیسَ لَنا فیهِ شی ءٌ; Аз издивоҷ, меҳрияи занонро пардохт мекунем ва онҳо ҳар чӣ дӯст доштанд, барои худ харидорӣ мекунанд. Ҳеҷ як аз васоиле, ки мушоҳида кардед, аз они мо нест.» 

Сираи имом ин таъкидро дорад, ки аз назари иқтисодӣ зани хонавода метавонад ба ончи, ки хостааш аст даст пайдо кунад ва ҳатто яке аз ишон барои фарзандонашон зиваролот таҳия мекунанд, ки яке аз ривоёти дардноки воқеаи Ошуро ҳам ҳамин аст, ки гӯшвора аз гӯши ҳазрати Руқия (с) кашиданд, ин яъне имом ба ниёзҳои зебоии занон ва духтаронаш аҳамият дода ва ҳатто агар худаш ба унвони имом соддазист буданд, аммо барои ниёзҳои афроди хонаводааш аҳамият қоил мешаванд.

Дар ривояти дигар нақл шуда, ки аз имоми Содиқ (а) савол шуд: Оё хариди ҷавоҳирот барои зинати бачаҳо дуруст аст? Ҳазрат фармуд: Алӣ ибни Ҳусайн (а) барои бачаҳо ва ҳамсаронаш зеваролот аз навъи тило ва нуқра таҳия мекард ва онҳоро бо он зиварҳо меорост. Аз ин ривоёт ва назоири он, ба хубӣ истифода мешавад, ки имом Ҳусайн (а) ва соири аиммаи Атҳор (а) ба ҳисси зебоидӯстии ҳамсар ва фарзандони худ эҳтиром мегузоштанд ва имконоти лозимро дар ҳадди мутаорифи он замон, барои онҳо фароҳам мекарданд.

https://qom.iqna.ir/fa/news/4227202

captcha