IQNA

Сафари Оятуллоҳ Аърофӣ ба Русия

21:36 - July 22, 2024
рақами хабар: 1860
ИКНА - Мудири ҳавзаҳои илмияи кишвари Эрон ба даъвати расмии муфтӣ ва раиси идораи мусулмонони Русия, мудири ҳавзаҳои илмия озими ин кишвар шуд.

Ба гузориши ИКНА, Оятуллоҳ Алиризо Аърофӣ, мудири ҳавзаҳои илмия ба даъвати расмии муфтӣ ва раиси идораи мусулмонони Русия, бо ҳадафи табодули назар бо уламо ва андешамандони мусулмон ва иртиқои дипломосии уламоӣ ва ширкат дар панҷумин иҷлосияи уламои Евразия бомдоди якшанбе озими ин кишвар шуд. 

Оятуллоҳ Аърофӣ, раиси ҳайати уманои Ҷомеатул-Мустафо дар ин сафар зимни дидор бо мусулмонон ва шиъаёни кишвари Русия, мулоқот бо бархе мақомоти расмӣ, дидор бо шахсиятҳо, нухбагони ҳавзуӣ ва донишгоҳӣ ва донишомӯхтагони Ҷомеатул-Мустафо Ал-Оламия, аз бархе марокизи илмӣ ва динии шаҳри Маскав ва Қазон низ боздид хоҳад кард.

Панҷумин иҷлоси уламои Евразия ва кишварҳои узви Брикс дар шаҳри Қазони Русия дар рӯзҳои 25 ва 26 июл баргузор мегардад.

Оятуллоҳ Аърофӣ дар ин иҷлос, ки бо унвони маънавият дар дунёи муосир баргузор мегардад, суханронии худро бо мавзӯъи «Низомвораи маънавият дар Ислом» ироа хоҳад кард.

Узви Шӯрои олии ҳавза дар ин иҷлос бо раҳбарон ва намояндагони динии соири кишварҳои ширкаткунанда, табодули назар хоҳад дошт ва заминаҳои таомул бо ононро думбол мекунад.

Раиси ҳайат уманои Ҷомеатул-Мустафо Ал-Оламия, дар идома ба Туркия сафар мекунад ва бо фориғуттаҳсилони Ҷомеатул-Мустафо Ал-Оламия, дар Туркия дидор хоҳад намуд.

https://iqna.ir/fa/news/4227762

captcha