IQNA

Рӯнамоии тамғаи ёдбуди маросими ташйеи раҳбари шаҳиди инқилоб дар Ироқ

11:21 - July 09, 2026
рақами хабар: 4806
Вазири алоқаи Ироқ ба муносибати маросими ташйеи раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Сайидалӣ Хоманаӣ, дар Ироқ, тамғаи махсуси почтавии ёдбудеро ба хотири гиромидошти шаҳодати ӯ рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши икно ба нақл аз хабаргузории расмии Ироқ (ВАЪ), Муҳаммад ас-Санад, вазири алоқаи Ироқ, дастур додааст, ки ба муносибати маросими таърихӣ ва бошукӯҳи ташйеи пайкари раҳбари шаҳид, Сайидалӣ Хоманаӣ (қуддиса сирруҳу), дар Ироқ тамғаи махсуси почтавӣ ба чоп расонида шавад.

Ин тамға бо ҳадафи зинда нигоҳ доштани ёд ва мероси ин раҳбари бузург ва сабти ҳамосаи ҳузури миллионҳо мардуми Ироқ дар маросими видоъ бо ӯ ба нашр мерасад.

4362906

captcha