Ба гузориши хабаргузории икно ба нақл аз шабакаи Ал-Олам, рӯзномаи Politico навиштааст, ки Федератсияи футболи Норвегия бо истифода аз ҷойгоҳ ва нуфузи худ дар сохторҳои байналмилалии футбол, ин иқдомро барои ба ҷараёни расмии баррасӣ ворид кардани масъалаи боздоштани фаъолияти футболи режими саҳюнистӣ пайгирӣ мекунад.
Роҳбарии ин корзорро Лизе Клавенесс, раиси Федератсияи футболи Норвегия, ҳуқуқдон ва бозигари собиқи тими миллии футболи занонаи Норвегия бар уҳда дорад. Ӯ ҳамзамон узви Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди футболи Аврупо (**УЕФА**) мебошад. Ба ҷойи таҳрими якҷонибаи бозиҳо, вай талош кардааст масъалаи ҷазо додани режими саҳюнистиро тавассути роҳҳои расмии ФИФА ва УЕФА ба сохтори тасмимгирии футболи Аврупо ворид намояд.
Клавенесс қаблан бо таъкид бар зарурати татбиқи баробари қонунҳо гуфта буд: «Мо бар ин боварем, ки режими Исроил бояд аз фаъолият боздошта шавад ва ин масъала ба риояи қоидаҳо ва муқаррароти амалкунанда вобаста аст.» Ӯ ҳамчунин изҳор дошта буд, ки баҳс дар бораи нақзи оинномаҳои ФИФА ва УЕФА набояд қатъ гардад ва ниҳодҳои варзишӣ наметавонанд нисбат ба ранҷу азоби густурдаи башарӣ дар Ғазза бетараф бошанд.
Федератсияи футболи Норвегия аз таҳрими якҷонибаи бозии интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ бар зидди режими саҳюнистӣ худдорӣ кард, зеро чунин иқдом метавонист боиси бохти интизомӣ гардида, се имтиёзи бозӣ ба рақиб дода шавад ва имкони роҳёбии он ба даври ниҳоиро бештар кунад. Дар ниҳоят, тими миллии Норвегия ин бозиро бо ҳисоби 5 бар 0 ба фоидаи худ анҷом дод.
ФИФА ва УЕФА пас аз оғози ҷанги Украина, тимҳои миллӣ ва бошгоҳҳои Русияро дар муддати кӯтоҳ аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боздоштанд. Аммо бо вуҷуди ҷанги Ғазза ва иттиҳомҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи мардуми Фаластин, тимҳои варзишии режими саҳюнистӣ ҳамоно дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат доранд.
Парвандаи пешниҳодкардаи Федератсияи футболи Фаластин, илова бар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза, ба табъиз нисбат ба варзишгарони фаластинӣ ва араб, инчунин иштироки бошгоҳҳои воқеъ дар шаҳракҳои ғайриқонунии Каронаи Бохтарӣ дар мусобиқаҳои футболи ин режим такя мекунад. Ҳуқуқшиносони пуштибони ин парванда мегӯянд, ки чунин амалҳо бо муқаррароти ФИФА дар бораи манъи табъиз, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва фаъолияти бошгоҳҳо дар сарзаминҳои ишғолшуда мухолифат доранд.
Рӯзномаи Politico бар ин назар аст, ки ворид шудани Норвегия ба ин корзор, талаби боздоштани узвияти режими саҳюнистиро аз доираи федератсияҳои арабӣ ва осиёӣ фаротар бурда, онро ба яке аз мавзӯъҳои ҷиддии баҳс дар сохтори футболи Аврупо табдил додааст.
4364413