IQNA

Оғози иҷрои нақшаи хизматрасонии «Ҳашду Шаъбӣ» барои зиёрати Арбаин

9:44 - July 19, 2026
рақами хабар: 4837
Созмони Ҳашду Шаъбӣ-и Ироқ имрӯз, ҷумъа, аз оғози иҷрои нақшаи махсуси хизматрасонӣ барои зиёрати Арбаини ҳазрати Имом Ҳусайн (а) хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории икно ба нақл аз хабаргузории расмии Ироқ (**ВАЪ**), ин созмон эълом кард, ки нақшаи хизматрасонии вижаи Арбаин бо дастури Абдулазиз Ал-Муҳаммадовӣ, раиси ситоди Ҳашду Шаъбӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо волии вилояти Карбало ба иҷро даромадааст.

Тибқи баёнияи ин созмон, техникаи махсус ва гурӯҳҳои мутахассис ба минтақаҳои гуногуни шаҳри муқаддаси Карбало сафарбар шудаанд, то корҳои поксозӣ, омодасозии роҳҳо, дастгирии ниҳодҳои хизматрасон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои хизматрасонӣ ба миллионҳо зоири Арбаинро анҷом диҳанд.

Дар идомаи баёния омадааст, ки ин иқдом дар доираи як барномаи фарогири хизматрасонӣ ва бо ҳамоҳангии ниҳодҳои давлатӣ, амниятӣ ва хизматрасон амалӣ мешавад. Ҳадафи он расонидани беҳтарин хизмат ба зоирон, дастгирӣ аз талошҳои мақомоти вилояти Карбало ва таъмини баргузории шоистаи маросими зиёрати Арбаини ҳазрати Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) мебошад.

 

4364544

captcha