Ба гузориши хабаргузории икно ба нақл аз «Фаластин ал-Он», интишори наворе аз Эмили Дамарӣ, асири пешини исроилӣ, ки пас аз 471 рӯзи асорат дар Ғазза озод шудааст, мавҷи вокунишҳои тунду хашмолудро дар миёни маҳфилҳои сиёсӣ ва иҷтимоии режими саҳюнистӣ барангехтааст.
Ин навор, ки аз ҷониби яке аз дӯстони Дамарӣ дар шабакаи иҷтимоии Instagram нашр шудааст, ӯро ҳангоми рондани мошин ва гӯш додан ба тиловати Қуръони Карим нишон медиҳад. Бар хилофи дархости ҳамроҳаш барои хомӯш кардани радио, Дамарӣ бар идомаи шунидани тиловат исрор намуда, мегӯяд, ки овози Қуръон ба ӯ оромиш мебахшад ва аз шунидани он лаззат мебарад.
Дар пасманзари ин навор, ояти 104-уми сураи мубораки Юнус қироат мешавад, ки чунин маъно дорад:
«Бигӯ: Эй мардум! Агар шумо дар бораи дини ман дар шак ҳастед, пас ман онҳоеро, ки шумо ғайр аз Худо мепарастед, намепарастам. Балки танҳо Худоеро мепарастам, ки ҷони ҳамаи шуморо мегирад, ва ба ман фармон дода шудааст, ки аз ҷумлаи мӯъминон бошам.»
*(Сураи Юнус, ояти 104).*
Эмили Дамарӣ, ки дар доираи созишномаи оташбаси ҷанги Ғазза моҳи январи соли 2025 озод шуд, пештар низ дар изҳороте аз муносибати инсондӯстонаи нерӯҳои Гардонҳои Қассом дар давраи асораташ ёд карда буд. Ӯ гуфта буд, ки ҳатто пас аз захмӣ шудан дар натиҷаи бомбаборони режими саҳюнистӣ, аз ҷониби нерӯҳои муқовимат муолиҷа шудааст ва вазъи ҷисмониаш баъди озодӣ назар ба он чӣ интизор дошт, хеле беҳтар будааст.
Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар ин навор танҳо ба шунидани тиловати Қуръон маҳдуд намешавад. Дамарӣ ҳамчунин мегӯяд, ки пас аз озодӣ борҳо ба наздикии марзҳои Навори Ғазза рафтааст, то садоҳои он минтақаро бишнавад. Ба гуфтаи ӯ, ин садоҳо бар хилофи тасаввури умумӣ, ба ӯ эҳсоси оромиш ва осудагӣ мебахшанд.
Ин бозтоби расонаӣ дар ҳолест, ки ҷараёнҳои тундрав дар сарзаминҳои ишғолӣ ин рафтори ӯро шадидан интиқод карда, хостори бархӯрдҳои амниятӣ нисбат ба ин асири собиқ шудаанд. Ин ҳодиса бори дигар тафовути миёни ривоятҳои расмии мақомоти режими саҳюнистӣ дар бораи давраи асорат ва таҷрибаи воқеии асирони озодшударо ошкор сохт.
4364562