IQNA

Сураҳои Қуръон / 27

Достони гуфтугӯи Сулаймон бо ҳайвонот дар сураи Намл

16:39 - July 08, 2023
рақами хабар: 188
Ҳазрати Сулаймони набӣ, танҳо паёмбаре буд, ки ҷойгоҳи подшоҳӣ дошт ва илова бар дониш ва сарвате, ки дар ихтиёраш буд, тавоноӣ сӯҳбат бо ҳайвонотро дошт ва бисёре аз мавҷудот, таҳти ихтиёр ва раҳбарии ӯ буданд. Барои ҳамин сипоҳи бузурге шомили инсонҳо ва ҷинниён дошт, ки ҳамин масъала қудрати шигифтангезеро барои Ҳазрати Сулаймон(а) ба ҳамроҳ оварда буд.

Теҳрон (ИКНА) бисту ҳафтумин сура аз Қуръони Карим “Намл” (ба маънои мӯрча) ном дорад. Ин сура, ки макӣ аст, чиҳилу ҳаштумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст. Сураи Намл 93 оят дорад, ки дар ҷузъҳои 19 ва 20 Қуръон ҷой гирифтааст.

Пардохтан ба достони мӯрчагон ва ҳазрати Сулаймон(а) далели номгузории ин сура ба Намл аст. Худованд дар ин сура бо пардохтан ба саргузашти панҷ Паёмбар, Мӯсо(а), Довуд(а), Сулаймон(а), Солеҳ(а) ва Лут(а), ба муъминон башорат ва ба мушрикон бим медиҳад. Дар ин сура матолибе дар бораи масъалаи Худошиносӣ ва нишонаҳои тавҳид ва вақоеи маод низ омадааст.

Аз ҷумла вижагиҳои ин сура, вуҷуди ду “Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим” дар ин сура аст; Яке дар ибтидои сура ва дигарӣ дар ибтидои номаи ҳазрати Сулаймон(а) ба малакаи Сабаъ (Билқайс) дар ояти 30 аст.

Аллома Таботабоӣ, ҳадафи аслии сураи Намлро башорат ва инзор (бимдодани) мардум донистааст; Ба ҳамин манзур ба сурати мухтасар ба достони бархе паёмбарон аз ҷумла Мӯсо, Довуд, Сулаймон, Солеҳ ва Лут пардохта ва дар идомаи он ба порае аз усули маориф монанди ваҳдонияти Худо дар рубубият ва маод ишора кардааст.

Ишора ба илми бепоёни Парвардгор ва назорати Ӯ бар ҳама чиз дар олами ҳастнӣ ва ҳокимияти Ӯ дар миёни бандагон, ки таваҷҷуҳ ба он асар тарбиятии зиёде дар инсон дорад аз дигар мавзӯъоти матраҳ дар ин сура дониста шудааст. Масъалаи Худошиносӣ ва нишонаҳои тавҳид ва вақоеи ҳашр ва маод аз дигар матолибе аст, ки дар ин сура матраҳ шудааст.

Дар ин сура ба сурати муфассал ба достони ҳазрати Довуд ва Сулаймон пардохта шудааст. Ин достонҳо, ки ибратҳои тааммул барангезеро дар бар дорад ба мавзӯъоти мутанаввеъ мепардозад, аз ҷумла додани дониш ба Довуд ва Сулаймон ва мероси Сулаймон аз Довуд ва донистани забони парандагон тавассути Сулаймон, гирдоварии сипоҳе аз ҷин ва инсон, гузари Сулаймон аз водии мӯрчагон, ғайбати ҳудҳуд, бозгашти ҳудҳуд ва гузориш аз Сабаъ ва малакааш ва хуршедпарастии онон, номаи Сулаймон ба малакаи Сабаъ, машварати малакаи Сабаъ бо сарон, ҳадия фиристодан барои Сулаймон, радди ҳадия аз сӯи Сулаймон ва таҳдид ба ҳамла, дархости Сулаймон барои овардани тахти малакаи Сабаъ, омадани малакаи Сабаъ ба назди Сулаймон ва мушоҳидаи тахт, вуруд ба кохи Сулаймон ва шигифтӣ аз он ва имон ба Худо.

captcha